[1] Эй бародарон, агар касе гирифтори хатое шавад, шумо, рӯҳониён, ӯро дар рӯҳи фурӯтанӣ ислоҳ кунед, ва ҳар кас аз худаш бохабар бошад, ки мабодо ба озмоиш дучор шавад.
[2] Борҳои якдигарро бардоред, ва ба ҳамин тариқ шариати Масеҳро иҷро хоҳед кард.
[3] Зеро касе ки худро чизе ҳисоб мекунад, дар сурате ки ҳеҷ аст, вай худро фиреб медиҳад.
[4] Бигзор ҳар кас амали худро имтиҳон намояд, ва он гоҳ фақат дар худ фахр хоҳад дошт, на дар дигаре;
[5] Зеро ҳар кас бори худро хоҳад бардошт.
[6] Он ки бо каломи Худо насиҳат дода мешавад, бигзор насиҳатдиҳандаро дар ҳар нозу неъмат шарик созад.
[7] Фирефта нашавед: Худо намегузорад, ки Ӯро тамасхур кунанд. Зеро ки он чи одамизод мекорад, ҳамонро хоҳад даравид:
[8] Касе ки барои ҷисми худ мекорад, аз ҷисм фаноро хоҳад даравид, ва касе ки барои Рӯҳ мекорад, аз Рӯҳ ҳаёти ҷовидониро хоҳад даравид.
[9] Ва мо некӣ карда, ноумед нашавем; зеро ки дар вақташ хоҳем даравид, агар сустӣ накунем.
[10] Аз ин рӯ, то даме ки фурсат дорем, ба ҳама некӣ кунем, алалхусус ба аҳли имони худ.
[11] Бубинед, чӣ гуна калон аст мактубе ки ба шумо бо дасти худ навиштаам.
[12] Онҳое ки ба ҳасби ҷисм фахр намудан мехоҳанд, шуморо ба махтун шудан водор менамоянд, фақат барои он ки аз боиси салиби Масеҳ ба таъқибот гирифтор нашаванд;
[13] Зеро ки худи махтуншавандагон ҳам шариатро риоя намекунанд, лекин мехоҳанд, ки шумо махтун шавед, то ки бо ҷисми шумо фахр намоянд.
[14] Ва ман, ҳошо ва калло, ки фахр намоям, магар ин ки фақат бо салиби Худованди мо Исои Масеҳ, ки ба воситаи он ҷаҳон барои ман маслуб шудааст, ва ман — барои ҷаҳон.
[15] Зеро ки дар Исои Масеҳ на хатна аҳамияте дорад ва на номахтунӣ, балки махлуқи нав.
[16] Ва онҳое ки мувофиқи ҳамин қоида рафтор мекунанд, осоиштагӣ ва марҳамат бар онҳо бод, ва бар Исроили Худо!
[17] Минбаъд бигзор ҳеҷ кас маро уқубат надиҳад, зеро ки ман ҷароҳатҳои Исои Худовандро дар бадани худ дорам.
[18] Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо рӯҳи шумо бод, эй бародарон, омин.