[1] Нони худро ба об парто, чунки пас аз рӯзҳои бисьёр онро хоҳӣ ёфт.
[2] Насибае ба ҳафт нафар ва низ ба ҳашт нафар бидеҳ, зеро намедонӣ, ки бар замин чӣ мусибате рӯй хоҳад дод.
[3] Агар абрҳо аз борон пур шавад, онро бар замин меборонад; ва агар дарахте ба тарафи ҷануб ва ё ба тарафи шимол афтад, дар ҳамон ҷо, ки дарахт афтода бошад, хоҳад монд.
[4] Касе ки ба бод нигоҳ мекунад, кишт нахоҳад кард, ва касе ки ба абрҳо назар медӯзад, дарав нахоҳад кард.
[5] Чунон ки ту намедонӣ, ки роҳи бод чӣ гуна аст, ё ҷанин дар батни зани ҳомила чӣ гуна ба вуҷуд меояд, ончунон амали Худоро, ки Офаринандаи ҳама аст, наметавонӣ бидонӣ.
[6] Субҳидам тухми худро бикор, ва то шом ба дасти худ осоиш надеҳ, зеро намедонӣ, ки кадоме аз онҳо, ин ё он, муваффақият хоҳад ёфт, ё ки ҳар дуи онҳо баробар некӯ хоҳанд буд?
[7] Ва рӯшноӣ ширин аст, ва дидани офтоб барои чашмон хуш аст.
[8] Пас, ҳар чанд одамизод солҳои бисьёр зиндагӣ кунад, бояд дар ҳамаи онҳо айшу тараб намояд, вале айёми торикиро, ки бисьёр хоҳад буд, дар хотир дошта бошад: ҳар он чи хоҳад омад, ҳеҷу пуч аст!
[9] Эй ҷавон, дар наврасии худ айшу тараб намо, то ки дилат туро дар айёми ҷавонии ту шод гардонад; ва бо роҳҳои дили худ ва бо нигоҳи чашмони худ равона шав; вале бидон, ки барои ҳамаи ин туро Худо ба доварӣ хоҳад овард.
[10] Ва ғуссаро аз дили худ берун намо, ва бадиро аз ҷисми худ дур андоз, зеро ки наврасӣ ва ҷавонӣ ҳеҷу пуч аст.