Skip to content
Opens in a new window

[1] Бадие ҳаст, ки дар таҳти офтоб дидам, ва он бар одамизод гарон меояд:

[2] Касе ки Худо ба ӯ сарват ва молу мулк ва ҷалол мебахшад, ва барои ҷони ӯ аз ҳар чизе ки ҳавас кунад, ҳеҷ норасогӣ нест, валекин Худо ба ӯ ихтиёр надодааст, ки аз он бихӯрад, — балки каси бегона онро мехӯрад; ин ҳеҷу пуч ва дарди бад аст!

[3] Агар касе сад писар ба дуньё оварад, ва солҳои бисьёр зиндагӣ кунад, ва айёми солҳояш боз ҳам зиёд шавад, валекин ҷонаш аз некӣ сер нашавад, ва ӯ дафну кафан низ надошта бошад, — мегӯям, ки афгона аз ӯ беҳтар аст,

[4] Чунки вай ҳамчун чизи ҳеҷу пуч омад, ва ба торикӣ рафт, ва номаш бо торикӣ пӯшида шуд;

[5] Офтобро низ надид ва надонист; вай аз он кас бештар ором дорад.

[6] Ва агар ӯ ҳатто ду ҳазор сол зиндагӣ кунад ва некӣ набинад, — оё ҳама ба як ҷо намераванд?

[7] Тамоми меҳнати одамизод барои даҳони ӯст, ва бо вуҷуди ин, иштиҳояш қонеъ намешавад.

[8] Пас, бартарии хирадманд аз аблаҳ дар чист? Ва бартарии бенавое ки медонад пеши зиндаҳо чӣ гуна рафтор кунад?

[9] Дидани чашмон беҳ аз иштиёқи нафс; ин низ ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст!

[10] Ҳар он чи ба вуқӯъ меояд, аз азал муқаррар шудааст, ва чигунагии моҳияти одамизод маълум аст, ва ӯ наметавонад ба он чи аз ӯ пурзӯртар аст, муқобилат намояд.

[11] Зеро чизҳои бисьёре ҳаст, ки ҳеҷу пучро афзун мекунад, — пас чӣ суд аст барои одамизод?

[12] Зеро кист, ки бидонад, ки барои одамизод дар зиндагӣ, дар айёми ками умри ботиле ки ӯ мисли соя ба сар мебарад, чӣ чиз хуб аст? Ва кист, ки одамизодро аз он чи баъд аз ӯ дар таҳти офтоб рӯй хоҳад дод, хабардор кунад?

Китоби Воиз — Chapters