[1] Барои ҳар чиз замоне ҳаст, ва барои ҳар кор дар таҳти осмон вақте ҳаст:
[2] Вақте барои таваллуд шудан, ва вақте барои мурдан; вақте барои дарахт шинондан, ва вақте барои решакан кардани он чи шинонда шудааст.
[3] Вақте барои куштан, ва вақте барои шифо додан; вақте барои хароб кардан, ва вақте барои бино кардан.
[4] Вақте барои гиристан, ва вақте барои хандидан; вақте барои мотам гирифтан, ва вақте барои рақсидан.
[5] Вақте барои партофтани сангҳо, ва вақте барои ҷамъ кардани сангҳо; вақте барои оғӯшкашӣ, ва вақте барои дурӣ аз оғӯш.
[6] Вақте барои пайдо кардан, ва вақте барои гум кардан; вақте барои нигоҳ доштан, ва вақте барои партофтан.
[7] Вақте барои даррондан, ва вақте барои дӯхтан; вақте барои хомӯш мондан, ва вақте барои сухан рондан.
[8] Вақте барои дӯст доштан, ва вақте барои нафрат кардан; вақте барои ҷанг, ва вақте барои сулҳ.
[9] Пас, чӣ суд аст барои коркун аз меҳнате ки мекунад?
[10] Бореро, ки Худо насиби банӣ‐одам кардааст, то ки онро бардоранд, дидам.
[11] Ҳама чизро Ӯ дар вақташ ба хубӣ ба вуҷуд овардааст; ҳамчунин фикри абадиятро дар дили одамизод ҷо додааст, ба тавре ки онҳо кореро, ки Худо кардааст, аз ибтидо ва то интиҳо наметавонанд дарьёбанд.
[12] Донистам, ки барои онҳо чизе хубтар аз ин нест, ки айшу тараб намоянд ва дар ҳаёти худ некӣ кунанд.
[13] Ва агар ҳар одам бихӯрад ва бинӯшад ва аз ҳар меҳнати худ некӣ бинад, — ин низ атои Худост.
[14] Донистам, ки ҳар он чи Худо кардааст, то абад хоҳад монд; чизе бар он илова намудан ва аз он кам кардан мумкин нест; ва Худо чунин кардааст, то ки аз Ӯ битарсанд.
[15] Он чи ҳаст, аз қадим аст, ва он чи хоҳад шуд, пештар низ буд; ва Худо гузаштаро толиб аст.
[16] Ва боз дар таҳти офтоб макони довариро дидам, ки он ҷо шарорат аст, ва макони адолатро, ки он ҷо ноинсофист.
[17] Ман дар дили худ гуфтам: «Одил ва шарирро Худо доварӣ хоҳад кард, зеро ки барои ҳар чиз ва барои ҳар кор дар он ҷо вақте ҳаст».
[18] Ман дар дили худ дар ҳаққи банӣ‐одам гуфтам, ки Худо ба онҳо имтиҳоне дод, то бубинанд, ки онҳо ба худии худ мисли чорпоёнанд,
[19] Зеро ки воқеаи банӣ‐одам мисли воқеаи чорпоён аст — барои онҳо айни як воқеа аст: чунон ки инҳо мемиранд, онҳо низ мемиранд, ва барои ҳама айни як рӯҳ аст, ва одамизод аз чорпоён бартарӣ надорад; дар асл ҳама ҳеҷу пуч аст!
[20] Ҳама ба як ҷо меравад: ҳама аз хок аст, ва ҳама ба хок бармегардад.
[21] Кист, ки бидонад, ки оё рӯҳи банӣ‐одам ба боло сууд мекунад, ва рӯҳи чорпоён ба поён, ба сӯи замин нозил мешавад?
[22] Ва дидам, ки чизе хубтар аз ин нест, ки одамизод бо аъмоли худ айшу тараб намояд, чунки ин насибаи ӯст; зеро кист, ки ӯро гардонда оварад барои дидани он чи баъд аз сари ӯ воқеъ хоҳад шуд?