[1] Исо давом дода гуфт: «Дигаронро айбдор накунед, то ки худ айбдор ҳисоб нашавед.
[2] Зеро чи хеле ки дигаронро айбдор кунед, ҳамон тавр шумо низ айбдор ҳисоб мешавед ва бо кадом санги тарозу, ки баркашед, бо ҳамон санг барои шумо бармекашанд.
[3] Чаро шумо хасро дар чашми бародари худ мебинеду кундаро, ки дар чашми худатон ҳаст, намебинед?
[4] Чӣ хел ҷуръат карда ба бародаратон мегӯед, ки „Иҷозат деҳ хасро аз чашмат барорам“, ҳол он ки дар чашми худатон кунда доред?
[5] Эй дурӯяҳо! Аввал кундаро аз чашми худатон бароред, он гоҳ дурусттар дида метавонед, ки чӣ хел хасро аз чашми бародаратон бароред.
[6] Он чи муқаддас аст, ба сагон надиҳед ва марвориди худро пеши хукон напартоед, то ки марворидро поймол карда, шуморо надаранд.
[7] Талаб кунед ва ба шумо дода мешавад, биҷӯед ва пайдо мекунед, дарро бикӯбед ва он ба рӯятон кушода мешавад.
[8] Чун ҳар кӣ талаб мекунад, ба даст меорад, ҳар кӣ меҷӯяд, пайдо мекунад ва ҳар кас ки дарро мекӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.
[9] Оё дар байни шумо падаре ҳаст, ки агар писараш нон талаб кунад, ба вай санг диҳад?
[10] Ё агар моҳӣ талаб кунад, ба вай мор медиҳад?
[11] Агар шумо бо вуҷуди дилсиёҳиатон ба фарзандони худ додани чизҳои хубро донед, чӣ қадар Падари осмонии шумо тайёр аст чизҳои хубро ба онҳое диҳад, ки аз Ӯ металабанд.
[12] Ҳар рафтореро, ки аз дигарон нисбати худ дидан хоҳед, ҳамон тавр аввал худи шумо нисбати дигарон рафтор кунед. Зеро асоси шариати Мусо ва гуфтаҳои пайғамбарон дар ҳамин аст.
[13] Аз дарвозаи танг дароед, чунки дарвозаи васеъ ва роҳи осонгузар шуморо ба ҳалокат меоварад ва касоне, ки аз он мегузаранд, бисёр ҳастанд.
[14] Лекин ба ҳаёти абадӣ шуморо дарвозаи басо тангу роҳи мушкилгузар меоварад ва кам касон онро меёбанд.
[15] Аз пайғамбарони бардурӯғ эҳтиёт шавед, онҳо ба назди шумо дар намуди гӯсфандон меоянд, аммо дар ботин онҳо гургони даранда ҳастанд.
[16] Шумо онҳоро аз рӯйи амалашон мешиносед. Оё аз буттаи хор ангур ё анҷир мечинанд?
[17] Ҳар дарахти солим меваи хуб медиҳад ва меваи бад дода наметавонад, вале дарахти бад меваи бад медиҳад ва меваи хуб дода наметавонад.
[19] Ҳамаи дарахтоне, ки меваи хуб намеоваранд, бурида ба оташ партофта мешаванд.
[20] Хуллас, пайғамбарони бардурӯғро низ шумо аз амалашон мешиносед.
[21] На ҳама касоне, ки Маро доимо Хоҷаи худ меноманд, ба Подшоҳии Худо медароянд. Фақат онҳое, ки хости Падари Маро, ки дар осмон аст, иҷро мекунанд, ба Подшоҳии Худо медароянд.
[22] Ҳангоме ки рӯзи қиёмат фаро мерасад, мардуми зиёд ба Ман мегӯянд: „Эй Хоҷа! Магар мо ба номи Ту пайғоми Худоро ба одамон эълон намекардем? Магар ба номи Ту ҷинҳоро ронда, муъҷизаҳои зиёд нишон намедодем?“
[23] Он гоҳ Ман ба рӯяшон мегӯям: „Эй бадкорон! Ман шуморо ҳеҷ гоҳ намешинохтам. Дур шавед аз наздам!“
[24] Пас ҳар касе, ки ин гуфтаҳои Маро мешунаваду онҳоро иҷро мекунад, монанди марди дурандешест, ки хонаашро дар болои санг сохта буд.
[25] Баъд борон бориду обхезӣ шуд ва шамоли сахт хеста, бошиддат бар он хона вазид, лекин хона фурӯ нарафт, чунки дар болои санг сохта шуда буд.
[26] Вале ҳар касе, ки ин гуфтаҳои Маро мешунаваду онро иҷро намекунад, монанди марди беақлест, ки хонаашро дар болои рег сохта буд.
[27] Баъд борон бориду обхезӣ шуд ва шамоли сахт хеста, бошиддат бар он хона вазид ва хона фурӯ рафта, ба замин яксон шуд».
[28] Вақте ки Исо суханони Худро ба охир расонд, мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат монданд,
[29] зеро Ӯ на ба монанди устодони шариат, балки чун шахси соҳибқудрат онҳоро таълим медод.