Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 6:01

[1] Дар он айём овоза дар бораи Исо то ба гӯши Ҳиродусе, ки ҳокими вилояти Ҷалил буд, расид.

[2] Ҳиродус ба мансабдоронаш гуфт, ки ин мард ҳамон Яҳёи Таъмиддиҳанда аст, ки зинда шудааст ва барои ҳамин Ӯ чунин қудрати муъҷизакорӣ дорад.

[3] Пеш аз марги Яҳёи Таъмиддиҳанда, Ҳиродус зани бародараш Филиппус, Ҳиродияро ба занӣ гирифта буд. Лекин Яҳё ба ӯ гуфта буд: «Аз рӯйи шариат ба шумо гирифтани зани бародаратон раво нест». Барои ҳамин Ҳиродус фармон дод, ки Яҳёро дастгир намуда, дасту пояшро баста, ҳабс кунанд.

[5] Ҳиродус мехост Яҳёро ба қатл расонад, аммо аз халқ метарсид, зеро халқ Яҳёро пайғамбар меҳисобид.

[6] Аммо вақте ки Ҳиродус рӯзи таваллуди худро ҷашн мегирифт, духтари Ҳиродия дар пеши меҳмонон рақс карда, Ҳиродусро мафтун кард.

[7] Ҳиродус қасам хӯрда ба духтар ваъда дод: «Ҳар чи аз ман талаб кунӣ, бароят медиҳам!»

[8] Духтар аз рӯйи маслиҳати модараш гуфт: «Бароям сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар рӯйи табақ оварда диҳед».

[9] Ҳоким ғамгин гашт, вале ба хотири қасами дар пеши меҳмонон хӯрдааш, амр дод, ки хоҳиши духтар иҷро карда шавад.

[10] Ҷаллоди фиристодааш дар зиндон сари Яҳёро аз танаш ҷудо кард

[11] ва дар рӯйи табақе ба духтар оварда дод. Духтар бошад, онро ба модараш бурд.

[12] Баъд аз ин шогирдони Яҳё омада, ҷасади ӯро бурда гӯрониданд ва ҳодисаи рӯйдодаро рафта ба Исо нақл карданд.

[13] Ин ҳодисаро шунида, Исо ба қаиқ савор шуда, Худаш танҳо ба ҷойи беодаме рафт. Мардум аз ин огоҳ шуданду аз шаҳрҳои худ баромада пиёда аз пайи Ӯ рафтанд.

[14] Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, мардуми зиёдеро дида, ба ҳоли онҳо раҳмаш омад ва беморонеро, ки дар байнашон буд, шифо дод.

[15] Рӯз ба охир мерасид ва шогирдони Исо ба наздаш омада гуфтанд: «Устод! Ин як ҷойи беодам аст, рӯз торик шуд. Мардумро ҷавоб бидеҳ, то ки ба деҳаҳои гирду атроф рафта, барои худ хӯрокворӣ харанд».

[16] «Ба ҳеҷ ҷо рафтанашон лозим нест, – ҷавоб дод Исо. – Шумо ба онҳо хӯрок диҳед!»

[17] Онҳо гуфтанд: «Охир мо дар ин ҷо фақат панҷ нону ду моҳӣ дорем».

[18] «Онҳоро ба Ман оварда диҳед» – гуфт Исо ва

[19] ба мардум фармон дод, ки рӯйи сабзазор нишинанд. Баъд Ӯ он панҷ нону ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу шукр гуфт ва нонҳоро пора карда, ба шогирдонаш дод. Шогирдонаш нонпораҳоро ба мардум тақсим карданд.

[20] Ҳама то сер шудан хӯрданд ва сипас шогирдон дувоздаҳ сабадро аз нонпораҳои боқимонда пур карданд.

[21] Шумораи онҳое, ки нону моҳӣ хӯрда буданд, ғайр аз занону кӯдакон, тақрибан панҷ ҳазор нафар буд.

[22] Сипас, Исо ба шогирдонаш фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пешопеши Ӯ ба дигар тарафи баҳр раванд. Ӯ Худаш дар он ҷо монд, то ки мардумро ҷавоб диҳад.

[23] Пас аз он барои дар танҳоӣ дуо кардан ба кӯҳе баромад. Баъд аз нишасти офтоб ҳам Ӯ яккаву танҳо дар он ҷо буд.

[24] Қаиқ бошад, аз соҳил хеле дур рафта буд ва аз сабаби боди сахте, ки мухолифи он мевазид, мавҷҳои баҳр қаиқро алвонҷ медоданд.

[25] Ҳанӯз чашми рӯз накафида, Исо рӯ-рӯйи об қадамзанон ба тарафи шогирдонаш равона шуд.

[26] Шогирдон Исоро диданд, ки дар рӯйи об қадам мезад. Онҳо «Ин арвоҳ! Арвоҳ!» гӯён аз тарсу ваҳм дод заданд.

[27] Аммо Ӯ зуд ба онҳо гуфт: «Далер бошед! Натарсед! Ин Манам».

[28] Он гоҳ Петрус гуфт: «Хоҷа, агар дар ҳақиқат ин Ту бошӣ, ба ман амр намо, ки рӯ-рӯйи об қадамзанон назди Ту биёям».

[29] «Биё», – амр дод Ӯ. Инак, Петрус аз қаиқ баромада, дар рӯйи об қадамзанон ба Исо наздик шуд.

[30] Лекин сахт вазидани шамолро дида тарсид ва қариб ғарқ шуда фарёд зад: «Хоҷа, маро наҷот деҳ!»

[31] Исо зуд дасташро дароз карда, Петрусро дошта гирифт ва гуфт: «Ин қадар имонат суст аст? Чаро шубҳа кардӣ?»

[32] Вақте ки онҳо ба қаиқ савор шуданд, шамол аз вазидан бозмонд.

[33] Он гоҳ онҳое, ки дар қаиқ нишаста буданд, ба Исо саҷда карда гуфтанд: «Ту дар ҳақиқат Писари Худо ҳастӣ!»

[34] Онҳо аз баҳр гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омада расиданд.

[35] Мардуми он ҷо Исоро шинохтанд ва ба гирду атрофи он сарзамин одамонро фиристоданд, то ки беморонро назди Ӯ гирифта биёранд.

[36] Онҳо аз Исо илтимос мекарданд, ки ақаллан ба лаби доманаш даст расонанд ва ҳар касе ки даст мерасонд, шифо меёфт.

Матто — Chapters