[1] Ҳангоме ки Исо аз маъбади Худо баромад, шогирдонаш наздаш омаданд, то ки биноҳои маъбади Худоро ба Ӯ нишон диҳанд.
[2] Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ин биноҳоро мебинед? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки санг бар болои санг намонда, ҳамааш ба замин яксон мешавад».
[3] Ҳангоме ки Исо ба кӯҳи Зайтун баромада нишаст, шогирдонаш дар танҳоӣ ба пеши Ӯ омада пурсиданд: «Ба мо гӯй, ки ин ҳодиса кай рӯй медиҳад ва омадани Туву наздикшавии охирзамонро аз кадом аломат мефаҳмем?»
[4] Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо касе шуморо гумроҳ кунад.
[5] Зеро бисёр касон бо номи Ман омада, мегӯянд, ки „ман Масеҳ ҳастам“ ва мардуми бисёрро гумроҳ мекунанд.
[6] Шумо садоҳо ва овозаҳои ҷангҳоро мешунавед, лекин ба воҳима наафтед. Чунин ҳодисаҳо бояд рӯй диҳанд, вале ин маънои фаро расидани охирзамонро надорад.
[7] Як халқ бо халқи дигар ва як давлат бо давлати дигар меҷангад. Дар ҳар ҷо гуруснагӣ меояд ва заминҷунбиҳо мешавад.
[8] Ҳамаи ин ҳодисаҳо монанди дардҳои аввалини зоидан мебошанд.
[9] Баъд шуморо дастгир карда, азоб медиҳанд ва ҳатто ба марг месупоранд. Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳамаи халқҳо ба шумо бо чашми нафрат нигоҳ мекунанд.
[10] Он гоҳ бисёр касон имонашонро аз даст медиҳанду ба якдигар хиёнат мекунанд ва якдигарро бад мебинанд.
[11] Дар он айём пайғамбарони бардурӯғи зиёд пайдо мешаванд ва бисёр касонро гумроҳ мекунанд.
[12] Бадӣ то андозае меафзояд, ки дар дили бисёр одамон муҳаббат намемонад.
[13] Вале касе, ки то ба охир истодагарӣ намояд, наҷот хоҳад ёфт.
[14] Хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо дар саросари дунё эълон карда мешавад, то ки ҳар халқ имконияти шунидани онро пайдо кунад. Танҳо баъд аз ин охирзамон фаро мерасад.
[15] Шумо дар ҷойи муқаддас ҳамон харобазори нафратангезеро мебинед, ки Дониёл пайғамбар дар борааш пешгӯйӣ карда буд (ба ин диққат диҳед).
[16] Он вақт, агар касе дар Яҳудия бошад, ба кӯҳистон гурезад.
[17] Агар касе дар болои бом бошад, барои гирифтани чизе аз хона пойин нафарояд.
[18] Агар касе дар саҳро бошад, ҳатто барои гирифтани ҷома ҳам барнагардад.
[19] Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва модароне, ки кӯдаки ширхӯр хоҳанд дошт!
[20] Дуо кунед, ки гурехтани шумо дар вақти зимистон ё рӯзи шанбе рӯй надиҳад.
[21] Зеро азобу даҳшати он айём ба дараҷае мерасад, ки аз рӯзи офариниши дунё то ба имрӯз монанди он ҳеҷ рӯй надодааст ва дигар рӯй нахоҳад дод.
[22] Аммо Худо он рӯзҳои азобро кӯтоҳ кардааст, чунки агар кӯтоҳ намекард, дар рӯйи замин касе зинда намемонд. Ба хотири интихобкардагонаш Худо он рӯзҳоро ҳатман кӯтоҳ хоҳад кард.
[23] Ҳамон вақт агар касе ба шумо гӯяд, ки „Бинед, Масеҳ дар ин ҷост!“ ё „Ӯ дар он ҷост!“ бовар накунед.
[24] Зеро одамоне пайдо мешаванд, ки худро бардурӯғ Масеҳ ва пайғамбар меноманд. Онҳо муъҷизаю аломат нишон медиҳанд, то агар имкон бошад, ҳатто интихобшудагони Худоро гумроҳ кунанд.
[25] Ман пешакӣ шуморо огоҳ карда мондам.
[26] Агар одамон ба шумо гӯянд, ки „Бинед, Масеҳ дар биёбон аст!“, ба он ҷо наравед. Ё агар гӯянд, ки „Бинед, Вай дар даруни хона аст!“, бовар накунед.
[27] Чунки омадани Писари Одамизод мисли дурахши раъду барқе мешавад, ки тамоми осмонро аз шарқ то ба ғарб фаро мегирад.
[28] Ҳар ҷое ки ҷасад аст, парандаҳои лошахӯр дар он ҷо ҷамъ мешаванд.
[29] Баъд аз азобу даҳшати он рӯзҳо офтоб зуд тира мегардад ва моҳ дигар равшанӣ намедиҳад, ситораҳо аз осмон фурӯ мерезанд ва ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд.
[30] Он вақт аломати омадани Писари Одамизод дар осмон намоён мегардад ва дар болои абр бо қудрат ва шуҳрату ҷалол омадани Ӯро ҳамаи одамони рӯйи замин дида гиряву нола мекунанд.
[31] Писари Одамизод фариштаҳояшро мефиристад, то ки интихобшудагони Худро аз чор тарафи дунё ва аз тамоми гӯшаву канори замину осмон бо садои баланди карнай гирд оваранд.
[32] Аз дарахти анҷир ибрат гиред. Ҳамин ки шохаҳояш муғҷа карда барг бароварданро сар кунанд, шумо аниқ медонед, ки ба қарибӣ тобистон меояд.
[33] Айнан ҳамин тавр, ҳангоме ки ба амал омадани ин ҳодисаҳоро мебинед, донед, ки вақт наздик аст, дар паси дар аст.
[34] Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ҳодисаҳо ба амал меоянд.
[35] Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд.
[36] Лекин кай фаро расидани он рӯзу соатро ғайр аз Падар касе намедонад: на фариштаҳои осмон на Писар.
[37] Омадани Писари Одамизод мисли рӯзҳое мешавад, ки дар замони Нӯҳ пайғамбар буд.
[38] Дар он рӯзҳо ҳам пеш аз саршавии обхезӣ одамон мехӯрданду менӯшиданд, зан мегирифтанду ба шавҳар мебаромаданд. То он рӯзе, ки Нӯҳ ба киштӣ даромад, ҳамин тавр давом медод.
[39] Одамон то омадани тӯфону ҳамаи онҳоро несту нобуд карданаш чизеро намефаҳмиданд. Ҳангоми омадани Писари Одамизод низ чунин хоҳад буд.
[40] Он вақт ду кас дар саҳро кор мекунанд ва якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад.
[41] Ду зан дар осиёб гандум орд мекунанд ва якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад.
[42] Пас, ҳушёр бошед, чунки рӯзи омадани Хоҷаатонро намедонед.
[43] Бидонед, ки агар соҳибхона вақти омадани дуздро донад, тамоми шаб бедор меистад ва намегузорад, ки дузд ба хонааш дарояд.
[44] Аз ин рӯ, шумо низ бояд барои омадани Писари Одамизод ҳамеша тайёр бошед, чунки Вай соате меояд, ки мунтазираш нестед.
[45] Хизматгори бовафо ва дурандеш кист? Касест, ки хӯҷаинаш ӯро дар хоҷагии худ назоратчӣ таъйин мекунад ва ба хизматгорон саривақт хӯрок доданро ба ӯҳдааш мегузорад.
[46] Хушо хизматгоре, ки хӯҷаинаш омада, вайро машғули ҳамин кор меёбад.
[47] Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки хӯҷаинаш вайро бар тамоми молу мулкаш назоратчӣ таъйин менамояд.
[48] Аммо агар вай хизматгори бад бошад, фикр мекунад, ки хӯҷаинаш дер меояд ва
[49] хизматгорони дигарро латукӯб карда, ҳамроҳи майпарастон машғули хӯрдану нӯшидан мешавад.
[50] Хӯҷаини он хизматгор дар рӯзе ки вай мунтазир нест ва дар соате, ки гумон надорад, омада
[51] ин хизматгорро ду пора мекунад ва ӯро ба ҷое, ки дурӯяҳо аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд, мепартояд».