Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 6:36

[1] Сипас, чанд нафар фарисиёну устодони шариат аз Уршалим ба назди Исо омада пурсиданд:

[2] «Чаро шогирдони Ту урфу одатҳои аҷдодони моро вайрон мекунанд? Онҳо дастонашонро нашуста хӯрок мехӯранд!»

[3] Ӯ ҷавоб дод: «Чаро худатон барои иҷро кардани урфу одатҳоятон фармудаҳои Худоро вайрон мекунед?

[4] Худо ба мо фармудааст: „Падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо“ ва „агар касе волидонашро лаънат кунад, ҳатман кушта шавад“.

[5] Шумо бошед, таълим медиҳед, ки агар касе ба падару модараш ёрӣ надода, он чизро ба Худо бахшад,

[6] он гоҳ ҳоҷат нест, ки падарашро эҳтиром кунад. Ҳамин тавр шумо ба хотири урфу одатҳоятон фармудаҳои Худоро барҳам медиҳед.

[7] Эй одамони дурӯя! Ишаъё пайғамбар дар бораи шумо дуруст пешгӯйӣ кардааст:

[8] „Худо мегӯяд, ки ин одамон фақат бо забон Маро ҳурмат мекунанд, вале дилашон аз Ман дур аст.

[9] Онҳо Маро беҳуда парастиш мекунанд, чунки қоидаҳои инсониро ҳамчун қонуни Худо таълим медиҳанд!“»

[10] Баъд Исо мардумро ба наздаш даъват карда гуфт: «Ҳамин чизро донед, ки

[11] он чи ба даҳон медарояд, одамро ҳаром намекунад, балки он чи аз даҳон мебарояд, ӯро ҳаром мекунад».

[12] Он гоҳ шогирдонаш ба Ӯ наздик шуда гуфтанд: «Фарисиён аз суханони Ту ранҷиданд».

[13] Исо дар ҷавоб гуфт: «Ҳар растание, ки Падари осмонии Ман нашинондааст, бо решааш канда партофта мешавад.

[14] Ба фарисиён аҳамият надиҳед. Онҳо худашон кӯр ҳастанду боз кӯрони дигарро роҳнамоӣ мекунанд. Агар кӯр ба кӯри дигар роҳ нишон диҳад, ҳар дуяшон ба чоҳ меафтанд».

[15] Дар ин вақт Петрус аз Исо пурсид: «Он чи ба даҳан медарояд, одамро ҳаром намекунад гуфтӣ, ин масал чӣ маъно дорад?»

[16] Исо ба онҳо гуфт: «Наход то ҳол нафаҳмида бошед?

[17] Магар намедонед, ки он чи шумо мехӯред, аз даҳон медарояду баъд аз шикам гузашта берун мебарояд?

[18] Лекин он чи аз даҳан мебарояд, одамро ҳаром мекунад, чунки он аз дили одам бармеояд.

[19] Зеро аз дил хаёлоти бад, қатл, зино, гуноҳи ҷинсӣ, дуздӣ, шаҳодати бардурӯғ ва туҳмат пайдо мешавад.

[20] Ин гуна чизҳо одамро ҳаром мекунанд. Аммо дастро нашуста хӯрок хӯрдан одамро ҳаром намекунад».

[21] Исо аз он ҷо баромада, ба наздикиҳои шаҳрҳои Суру Сидун рафт.

[22] Як зани канъонӣ, ки дар он маҳал зиндагӣ мекард, додзанон омада гуфт: «Эй Хоҷа, насли шоҳ Довуд! Ба ман раҳм бикун! Духтарам ҷинзада асту бисёр азоб мекашад».

[23] Аммо Исо ҳеҷ ҷавобе надод. Шогирдонаш ба Ӯ наздик шуда, хоҳиш карда гуфтанд: «Ин зан додзанону нолакунон аз дунболи мо омада истодааст. Ӯро ҷавоб бидеҳ!»

[24] Исо гуфт: «Ман фақат ба назди гӯсфандони гумроҳшудаи халқи Исроил фиристода шудаам!»

[25] Лекин он зан назди Исо омада, зону зада гуфт: «Эй Хоҷа, ба ман ёрӣ деҳ!»

[26] Вай ҷавоб гардонд: «Нони фарзандонро гирифта, ба назди сагон партофтан нодуруст аст».

[27] «Рост мегӯйӣ, Хоҷаам, – гуфт дар ҷавоб зан, – лекин сагон ҳам нонрезаҳои аз дастархони соҳибонашон афтодаро мехӯранд».

[28] Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Имонат боқувват аст, эй зан! Он чи мехостӣ, бароят иҷро мешавад». Худи ҳамон лаҳза духтари зан шифо ёфт.

[29] Исо он ҷойро тарк карда қад-қади баҳри Ҷалил рафта ба кӯҳе баромада, дар он ҷо нишаст.

[30] Ба назди Ӯ тӯда-тӯда одамон омада, бо худ одамони лангу маъюб, кӯру гунг ва боз ҳар гуна беморони гуногунро оварда, пеши пойҳояш мегузоштанд ва Исо онҳоро шифо медод.

[31] Дар пеши назари мардум гунгҳо гап мезаданду лангҳо роҳ мерафтанд, кӯрон бино ва маъюбон сиҳат мегаштанд. Инро дида ҳама ҳайрон монданд ва Худои Исроилро ситоиш карданд.

[32] Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт: «Ба ин одамон раҳмам меояд, онҳо се рӯз боз бо Ман ҳастанд ва дигар хӯрдание надоранд. Ман намехоҳам, ки онҳоро аз пеши Худ гурусна ҷавоб диҳам, мабодо дар роҳ беҳол нашаванд».

[33] Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Аз куҷо дар биёбон он қадар нон ёбем, ки чунин мардуми зиёдро сер кунем?»

[34] Исо аз онҳо пурсид: «Шумо чанд нон доред?» «Ҳафтто, – ҷавоб доданд онҳо – ва якчанд моҳии майда ҳам дорем».

[35] Ӯ ба мардум фармуд, ки рӯйи замин бишинанд.

[36] Баъд Ӯ ҳафт нону моҳиро гирифта, Худоро шукр гуфта, онҳоро пора кард ва ба шогирдонаш дод. Шогирдонаш нонпораҳоро ба мардум тақсим карданд.

[37] Мардум то сер шудан хӯрданд ва сипас шогирдон ҳафт сабадро аз нонпораҳои боқимонда пур карданд.

[38] Шумораи онҳое, ки нону моҳӣ хӯрда буданд, ғайр аз занону кӯдакон чор ҳазор нафар буд.

[39] Сипас, Исо мардумро ҷавоб дода, ба қаиқ савор шуда, ба сарзамини Маҷдал рафт.

Матто — Chapters