[1] Саҳарии барвақт ҳамаи коҳинони калон ва пирони қавм маслиҳат карданд, ки Исоро ба қатл мерасонанд.
[2] Бо фармони онҳо Исоро даст баста, аз ҳавлии Қаёфо бароварданд ва ба дасти Пилотус, ки ҳокими румӣ буд, супориданд.
[3] Вақте Яҳудои хиёнаткор дид, ки Исо ба марг маҳкум шуд, аз кори кардааш пушаймон шуд. Ӯ он сӣ тангаи нуқраро ба коҳинони калон ва пирон баргардонда
[4] ба онҳо гуфт: «Ман ба одами бегуноҳ хиёнат карда, гуноҳ кардам». Лекин онҳо ҷавоб доданд: «Ин ба мо чӣ дахл дорад? Ин кори худат».
[5] Яҳудо он сӣ тангаи нуқраро ба рӯйи фарши маъбади Худо партофту аз он ҷо рафта худро овехт.
[6] Коҳинони калон он тангаҳоро гирифта гуфтанд, ки аз рӯйи қонун ин пулро ба хазинаи маъбади Худо андохтан мумкин нест, чунки бар ивази ин пул хуни одам рехта шудааст.
[7] Баъд бо розигии ҳама онҳо замини кӯзагарро хариданд, то ки он қабристони мусофирон бошад.
[8] Барои ҳамин он замин то имрӯз «Замини Хунин» номида мешавад.
[9] Ҳамчунин пешгӯйии Ирмиё пайғамбар ба амал омад, ки гуфта буд: «Аз рӯйи фармоне, ки Худованд ба ман гуфт, онҳо сӣ тангаи нуқраро, яъне ҳамон маблағеро, ки халқи Исроил Ӯро баҳо доданд, барои харидани замини кӯзагар сарф карданд».
[11] Акнун ки Исо дар назди ҳокими румӣ меистод, ҳоким аз Ӯ пурсид: «Магар Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ту ҳамин тавр мегӯйӣ».
[12] Лекин ҳангоме ки коҳинони калон ва пирон Ӯро айбдор мекарданд, Ӯ ҳеҷ ҷавобе намедод.
[13] Пас Пилотус ба Ӯ гуфт: «Магар намешунавӣ, ки Туро то чӣ андоза айбдор мекунанд?»
[14] Аммо Вай ба ҳеҷ яки ин айбдоркуниҳо ҳам ҷавобе надод. Ин боиси тааҷҷуби зиёди Пилотус гардид.
[15] Ҳокими румӣ одате дошт, ки ҳар иди Наҷот маҳбусеро, ки халқ талаб мекард, озод намояд.
[16] Он вақт як маҳбуси номдоре буд, ки Бараббо ном дошт.
[17] Инак, ҳангоме ки мардум ҷамъ омаданд, Пилотус аз онҳо пурсид: «Киро мехоҳед, ки бароятон озод кунам: Барабборо ё Исоеро, ки Масеҳ меноманд?»
[18] Зеро Пилотус хуб медонист, ки Исоро аз рӯйи ҳасад ба дасти ӯ супорида буданд.
[19] Ҳангоме ки ҳоким дар курсии ҳукмбарорӣ менишаст, ҳамсараш ба ӯ чунин хабар фиристод: «Бар зидди ин Одами бегуноҳ ҳеҷ кор накунед, чунки имшаб дар хобам ба хотири Вай бисёр азоб кашидам».
[20] Дар ин вақт коҳинони калон ва пирони қавм мардумро розӣ кунонданд, ки аз Пилотус озод кардани Бараббо ва ба қатл расондани Исоро талаб намоянд.
[21] Ҳоким бори дигар аз мардум пурсид: «Аз ҳар дуяшон киро мехоҳед, ки бароятон озод кунам?» Онҳо ҷавоб доданд: «Барабборо!»
[22] Пилотус боз аз онҳо пурсид: «Пас, бо Исое, ки Ӯро Масеҳ меноманд, чӣ кор кунам?» Ҳамаи онҳо ҷавоб доданд: «Ӯро мехкӯб кунед!»
[23] Лекин Пилотус савол дода гуфт: «Чаро? Охир Ӯ чӣ бадие кардааст?» Мардум бошанд, боз баландтар фарёд заданд: «Бигзор Ӯ ба салиб мехкӯб карда шавад!»
[24] Пилотус дид, ки дигар ҳеҷ чорае надорад, дар акси ҳол шӯриш сар шуданаш мумкин буд. Ӯ дар пеши назари тамоми мардум об гирифта дастонашро шуста гуфт: «Ман хуни Ӯро ба гардан намегирам! Ин кори худатон!»
[25] Тамоми мардум ҷавоб доданд: «Хуни Ӯ ба гардани мову фарзандонамон аст!»
[26] Бино бар ин, Пилотус барояшон Барабборо озод кард ва Исоро ба дасти сарбозон супорид, то ки Ӯро қамчинкорӣ намуда, ба салиб мехкӯб кунанд.
[27] Сарбозони ҳоким Исоро ба саҳни дарбор бурданд ва аскарони зиёд он ҷо гирд омаданд.
[28] Онҳо Ӯро бараҳна карда ба танаш ҷомаи суп-сурхро пӯшонданд.
[29] Баъд аз навдаҳои хор тоҷе бофта, ба сараш гузоштанду ба дасти росташ чӯб доданд. Онҳо масхаракунон «Зинда бод Шоҳи яҳудиён!» гуфта дар пеши Ӯ ба сари зону меистоданд.
[30] Сарбозон ба Исо туф карда, бо чӯб ба сараш задан гирифтанд.
[31] Вақте ки онҳо масхара кардани Ӯро бас карданд, ҷомаро аз танаш кашида, либоси Худашро пӯшонданд. Сипас, Ӯро барои ба салиб мехкӯб кардан бурданд.
[32] Дар роҳ онҳо бо Шимъун ном марде аз шаҳри Қайравон дучор омаданд ва ӯро маҷбур карданд, ки чӯби салиби Исоро бардошта барад.
[33] Вақте ки онҳо ба ҷое бо номи Ҷолҷото, ки маънояш «Ҷойи косахонаи сар» аст, расиданд,
[34] сарбозон ба Исо майи бо моддаи талх омехташударо доданд. Ӯ аз он чашида, дигар нӯшидан нахост.
[35] Онҳо Ӯро ба салиб мехкӯб карда, барои тақсим кардани либоси Исо қуръа партофтанд.
[36] Сипас, нишаста Вайро назорат карда истоданд.
[37] Дар болои сари Исо айбномае навишта шуда буд: «Ин Исо Шоҳи яҳудиён аст».
[38] Ҳамроҳи Ӯ ду роҳзанро низ ба салибҳои дигар аз тарафҳои чапу росташ мехкӯб карданд.
[39] Роҳгузарон Ӯро дашном дода, сар ҷунбонда
[40] мегуфтанд: «Ту ки маъбади Худоро вайрон карда, дар се рӯз аз нав месохтӣ, Худатро наҷот деҳ! Агар Ту Писари Худо бошӣ, аз салиб фуруд ой!»
[41] Коҳинони калон, устодони шариат ва пирон низ Исоро масхаракунон мегуфтанд:
[42] «Дигаронро наҷот медоду Худро наҷот дода наметавонад. Агар Ӯ Шоҳи Исроил бошад, аз салиб пойин фарояд, баъд мо ба Вай имон меорем.
[43] Ӯ ба Худо умед мебаст, агар дар ҳақиқат писанди Худо бошад, бигзор Худо Ӯро наҷот диҳад, зеро мегуфт, ки „Ман Писари Худо ҳастам“».
[44] Ҳатто роҳзаноне, ки ҳамроҳаш ба салибҳо мехкӯб шуда буданд, монанди дигарон Ӯро дашном медоданд.
[45] Нисфирӯзӣ буд, ки тамоми рӯйи заминро торикӣ фаро гирифт ва се соат давом ёфт.
[46] Қариби соати сеюм Исо бо овози баланд дод зада гуфт: «Элӣ! Элӣ! Лама сабақтанӣ?!», яъне «Эй Худои Ман! Эй Худои Ман! Чаро Маро тарк кардӣ?!»
[47] Баъзе аз ҳозирон инро шунида гуфтанд, ки Ӯ Илёс пайғамбарро садо мекунад.
[48] Он гоҳ яке аз онҳо давида рафту латтаеро гирифта ба сирко тар намуд ва бо нӯги чӯб дароз карда онро ба Исо нӯшонданӣ шуд.
[49] Лекин дигарон гуфтанд: «Истед, бинем, ки оё Илёс омада Ӯро наҷот медиҳад?»
[50] Исо бори дигар бо овози баланд дод зада ҷон дод.
[51] Дар он лаҳза пардае, ки ҷойи муқаддастарини маъбади Худоро ҷудо мекард, аз боло то пойинаш дарида, ду пора шуд. Замин ба ҷунбиш омаду сангҳо пора шуданд.
[52] Қабрҳо кушода шуданду ҷасадҳои бисёр муқаддасон зинда гаштанд.
[53] Баъд аз он ки Исо зинда шуд, онҳо аз қабрҳои худ берун баромада ба Уршалим, шаҳри муқаддас даромаданд ва бисёр касон онҳоро диданд.
[54] Вақте ки як сардори лашкар ва ҳамроҳонаш, ки Исоро назорат мекарданд, заминҷунбию дигар ҳодисаҳоро диданд, сахт тарсида гуфтанд, ки Исо дар ҳақиқат Писари Худо будааст.
[55] Бисёр заноне, ки дар Ҷалил ба Исо ҳамроҳ шуда ба Ӯ хизмат мекарданд, низ дар ҳамон ҷо буданд. Онҳо дар масофае истода, ба ҳамаи ин нигоҳ мекарданд.
[56] Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Марями модари Яъқубу Юсуф ва боз ҳамсари Забдой буданд.
[57] Бо фаро расидани шом аз шаҳри Ромо як марди сарватманде бо номи Юсуф омад. Ӯ ҳам шогирди Исо буд.
[58] Юсуф пеши Пилотус рафта, ҷасади Исоро талаб кард. Пилотус фармон дод, ки ҷасадро ба ӯ диҳанд.
[59] Юсуф Вайро гирифта ба суфи сафед печонд
[60] ва ба қабри нав, ки барои худ дар ғоре сохта буд, гузошт. Баъд санги калонеро ба даромади қабр ғелонда, аз он ҷо рафт.
[61] Дар рӯ ба рӯйи он қабр Марями Маҷдалия ва Марями дигар нишаста буданд.
[62] Рӯзи дигар, ки рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат буд, коҳинони калон ва фарисиён ҷамъ шуданд ва пеши Пилотус рафта
[63] ба ӯ гуфтанд: «Тақсир, ба хотири мо омад, ки он фиребгар ҳанӯз ҳангоми зинда буданаш гуфта буд, ки дар рӯзи сеюм баъди маргаш зинда мешавад.
[64] Бино бар ин, фармон диҳед, ки қабри Ӯро то рӯзи сеюм посбонӣ кунанд, мабодо шогирдонаш омада ҷасадашро дуздида, сипас ба халқ овоза паҳн кунанд, ки Ӯ зинда шудааст. Он гоҳ ин дурӯғ аз дурӯғи аввалин дида бадтар мешавад».
[65] Пилотус ба онҳо гуфт: «Посбононро гиреду ба қадри имкон қабрро нигаҳбонӣ кунед».
[66] Онҳо рафта, санги дари қабрро муҳр заданд ва барои нигаҳбонии он посбононро гузоштанд.