Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 3:25

[1] Ва ҳангоме ки Ӯ мӯҳри ҳафтумро бардошт, дар осмон тақрибан ним соат хомӯшӣ барқарор шуд.

[2] Ва ҳафт фариштаро дидам, ки дар пеши Худо истодаанд, ва ба онҳо ҳафт карнай дода шудааст.

[3] Ва фариштаи дигаре омада, назди қурбонгоҳ истод, дар ҳолате ки маҷмари тилло дар дасташ буд; ва ба вай бухури бисьёре дода шудааст, то ки онро бо дуоҳои ҳамаи муқаддасон бар қурбонгоҳи пеши тахт тақдим кунад.

[4] Ва дуди бухур бо дуоҳои муқаддасон аз дасти фаришта ба ҳузури Худо сууд намуд.

[5] Ва фаришта маҷмарро гирифта, аз оташи қурбонгоҳ пур кард, ва бар замин партофт; ва садоҳо, ва раъдҳо ва барқҳо, ва заминҷубӣ ба вуқӯъ омад.

[6] Ва он ҳафт фариштае ки ҳафт карнай доштанд, ба навохтан тайёр шуданд.

[7] Фариштаи якум карнай навоҳт, ва жола ва оташ омехта бо хун ба вуҷуд омад, ва ба замин борид; ва сеяки дарахтон сӯхт, ва тамоми алафи сабз сӯхт.

[8] Фариштаи дуюм карнай навохт, ва чизе монанди кӯҳи азими оташ дар баҳр сарнагун шуд; ва сеяки баҳр ба хун мубаддал гашт,

[9] Ва сеяки махлуқоти ҷондори баҳр мурданд, ва сеяки киштиҳо нобуд шуданд.

[10] Фариштаи сеюм карнай навохт, ва аз осмон ситораи бузурге афтод, ки монанди машъал фурӯзон буд, ва он бар сеяки дарьёҳо ва бар чашмаҳои обҳо афтод.

[11] Ва номи ин ситора Явшон буд; ва сеяки обҳо ба явшон мубаддал гашт, ва бисьёре аз одамон аз обҳо мурданд, чунки обҳо талх шуда буд.

[12] Фариштаи чорум карнай навохт, ва сеяки офтоб ва сеяки моҳтоб ва сеяки ситораҳо зарар дид, ба тавре ки сеяки онҳо торик шуд, ва сеяки рӯз, — ва ҳамчунин шаб, — равшан набуд.

[13] Ва як фариштаро дидам ва шунидам, ки дар миёнаи осмон парвоз карда, бо овози баланд мегӯяд: «Вой, вой, вой бар ҳоли сокинони замин аз садоҳои дигари карнайҳои се фаришта, ки хоҳанд навоҳт!»

Ваҳйи Юҳанно — Chapters