Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 4:55

[1] Ва овози баланде аз маъбад шунидам, ки ба ҳафт фаришта мегӯяд: «Биравед ва ҳафт косаи ғазаби Худоро бар замин бирезед».

[2] Фариштаи якум рафта, косаи худро бар замин рехт, ва бар одамоне ки тамғаи ҳайвони ваҳширо доранд ва ба пайкари он саҷда мекунанд, яраҳои бад ва зишти фасоднок пайдо шуд.

[3] Фариштаи дуюм косаи худро дар баҳр рехт; ва он ба хуне мисли хуни мурда мубаддал шуд, ва тамоми маҳлуқоти ҷондори баҳр мурд.

[4] Фариштаи сеюм косаи худро дар дарьёҳо ва чашмаҳои об рехт, ва онҳо ба хун мубаддал шуданд.

[5] Ва фариштаи обҳоро шунидам, ки мегуфт: «Ту одилӣ, эй Худованд, ки ҳастӣ ва будӣ, ва қуддус мебошӣ, зеро ки чунин ҳукм кардаӣ;

[6] Азбаски онҳо хуни муқаддасон ва анбиёро рехтаанд, Ту ба онҳо хун додӣ, ки бинӯшанд: ин сазои онҳост».

[7] Ва қурбонгоҳро шунидам, ки мегӯяд: «Оре, эй Худованд Худои Қодири Мутлақ, довариҳои Ту ҳақ асту рост».

[8] Фариштаи чорум косаи худро бар офтоб рехт, ва ба вай қудрате ато шуд, ки одамонро ба оташ бисӯзонад.

[9] Ва одамонро гармои зӯре сӯзонд, ва онҳо ба исми Худо, ки бар ин балоҳо ихтиёр дорад, куфр мегуфтанд ва тавба накарданд, то ки Ӯро ҷалол диҳанд.

[10] Фариштаи панҷум косаи худро бар тахти ҳайвони ваҳшӣ рехт, ва малакути он торик шуд, ва онҳо забонҳои худро аз дард мегазиданд,

[11] Ва ба Худои Осмон аз боиси азобҳои худ ва яраҳои худ куфр мегуфтанд, ва аз аъмоли худ тавба накарданд.

[12] Фариштаи шашум косаи худро дар дарьёи бузурги Фурот рехт, ва оби он хушк шуд, то барои подшоҳоне ки аз ҷониби тулӯи офтоб ҳастанд, роҳ муҳайё шавад.

[13] Ва дидам, ки аз даҳони аждаҳо, ва аз даҳони ҳайвони ваҳшӣ, ва аз даҳони набии козиб се рӯҳи палиде монанди қурбоққаҳо мебароянд.

[14] Онҳо рӯҳҳои деванд, ки аломот ба амал меоваранд; онҳо ба пеши подшоҳони тамоми ҷаҳон мебароянд, то ки онҳоро барои ҷанги рӯзи бузурги Худои Қодири Мутлақ ҷамъ оваранд.

[15] Инак, мисли дузд меоям: хушо касе ки ҳушьёр аст ва либоси худро нигоҳ медорад, то ки бараҳна роҳ наравад, ва расвоии ӯро набинанд.

[16] Ва онҳоро ба мавзее ҷамъ оварданд, ки ба забони ибронӣ Ҳармиҷидӯн ном дорад.

[17] Фариштаи ҳафтум косаи худро бар ҳаво рехт, ва аз маъбади осмон аз ҷониби тахт овози баланде баромад, ки мегуфт: «Ба амал омад!»

[18] Ва барқҳо, раъдҳо ва садоҳо ба вуқӯъ омад, ва заминҷунбии азиме рӯй дод, ки мислаш, аз замоне ки одамон бар замин ҳастанд, рӯй надода буд, — он қадар заминҷунбии пурзӯр ва азим буд!

[19] Ва шаҳри бузург ба се қисм аз ҳам ҷудо шуд, ва шаҳрҳои халқҳо фурӯ ғалтиданд, ва Бобили бузург дар пеши Худо зикр ёфт, то ки косаи шароби пурхашми ғазаби Худро ба он диҳад.

[20] Ва ҳар ҷазира гурехт, ва кӯҳҳо нопайдо гашт;

[21] Ва жолаи бузурге ки гӯё ба вазни як талант буд, аз осмон бар одамон борид; ва одамон барои балои жола ба Худо куфр гуфтанд, чунки он бало бағоят сахт буд.

Ваҳйи Юҳанно — Chapters