Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 2:16

[1] Ва дар осмон аломати дигаре дидам, ки бузург ва аҷоиб буд: ҳафт фаришта, ки ҳафт балои оҳирин доранд, чунки хашми Худо бо онҳо анҷом ёфт.

[2] Ва гӯё баҳре аз шиша дидам, ки бо оташ омеҳта буд; ва касоне ки бар ҳайвони ваҳшӣ ва пайкари он ва тамғаи он ва шумораи номи он ғолиб омада буданд, бар ин баҳри шиша истодаанд, ва барбатҳои Худо дода дар дасти онҳост,

[3] Ва суруди Мусои бандаи Худо ва суруди Барраро хонда, мегӯянд: «Бузург ва аҷоиб аст аъмоли Ту, эй Худованд Худои Қодири Мутлақ! Ҳақ асту рост роҳҳои Ту, эй Подшоҳи муқаддасон!

[4] Кист, ки аз Ту, эй Худованд, натарсад ва исми Туро ҷалол надиҳад? Зеро ки танҳо Ту Қуддус ҳастӣ. Ҳамаи халқҳо омада, дар пеши Ту саҷда хоҳанд кард, зеро ки довариҳон одилонаи Ту зоҳир шудааст».

[5] Ва баъд аз ин ман назар андохтам, ва инак, маъбади хаймаи шаҳодат дар осмон воз шуд,

[6] Ва аз маъбад ҳафт фаришта баромаданд, ки ҳафт бало доштанд, ва катони тоза ва дураҳшон дар бар карда ва то синаашон камарбанди тилло баста буданд.

[7] Ва яке аз он чор ҳайвон ба ҳафт фаришта ҳафт косаи тиллои пур аз ғазаби Худоро дод, ки Ӯ то абад Зинда аст.

[8] Ва маъбад аз ҷалоли Худо ва аз қуввати Ӯ пур аз дуд шуд, ва то ҳафт балои ҳафт фаришта анҷом наёфт, ҳеҷ кас натавонист ба маъбад дарояд.

Ваҳйи Юҳанно — Chapters