Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 6:51

[1] Ва осмони нав ва замини навро дидам; зеро ки осмони пештара ва замини пештара гузашт, ва баҳр дигар набуд.

[2] Ва ман, Юҳанно, шаҳри муқаддас — Ерусалими навро дидам, ки аз ҷониби Худо аз осмон нузул мекард, ва муҳайё шуда буд мисли арӯсе ки барои шавҳараш зинат ёфтааст.

[3] Ва овози баланде аз осмон шунидам, ки мегӯяд: «Инак, хаймаи Худо бо одамон, ва Ӯ бо онҳо сокин хоҳад шуд; онҳо қавми Ӯ хоҳанд буд, ва Худи Худо бо онҳо Худои онҳо хоҳад буд;

[4] Ва Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гирья ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт».

[5] Ва Нишинандаи тахт гуфт: «Инак, ҳама чизро нав месозам». Ва ба ман гуфт: «Бинавис, зеро ки ин суханон ҳақ асту рост».

[6] Ва ба ман гуфт: «Ба амал омад! Ман Алфа ва Омега, ибтидо ва интиҳо ҳастам; ба ташна аз чашмаи оби ҳаёт муфт хоҳам дод;

[7] Касе ки ғолиб ояд, вориси ҳама чиз хоҳад шуд, ва Ман барои ӯ Худо хоҳам буд, ва ӯ барои Ман писар хоҳад буд;

[8] Валекин тарсончакон, ва беимонон, ва палидон, ва қотилон, ва зинокорон, ва ҷодугарон, ва бутпарастон, ва ҳамаи дурӯғгӯёнро — насибашон дар кӯлест, ки бо оташ ва кибрит месӯзад; ин мамоти дуюм аст».

[9] Ва яке аз он ҳафт фаришта, ки ҳафт косаи пур аз ҳафт балои охирин доштанд, назди ман омада, гуфт: «Биё, то ба ту арӯсро, завҷаи Барраро нишон диҳам».

[10] Ва маро дар Рӯҳ ба кӯҳи бузург ва баланде бурд ва шаҳри бузург — Ерусалими муқаддасро ба ман нишон дод, ки аз осмон аз ҷониби Худо нузул мекард,

[11] Ки вай ҷалоли Худоро дорад; найири вай ба санги бағоят гаронбаҳо монанд аст, мисли санги яшме ки чун булӯр шаффоф бошад;

[12] Вай девори бузург ва баланде дорад, ва дувоздаҳ дарвоза дорад, ва бар онҳо — дувоздаҳ фаришта; бар дарвозаҳо номҳои дувоздаҳ сибти банӣ‐Исроил навишта шудааст:

[13] Аз шарқ се дарвоза, аз шимол се дарвоза, аз ҷануб се дарвоза, аз ғарб се дарвоза.

[14] Девори шаҳр дувоздаҳ таҳкурсӣ дорад, ва бар онҳо — номҳои дувоздаҳ ҳаввориёни Барра.

[15] Ва он ки бо ман сухан меронд, ба сифати андоза наи тиллое дошт, то ки шаҳр ва дарвозаҳояш ва деворашро андоза кунад.

[16] Шаҳр ба шакли мураббаъ воқеъ аст, ва дарозии он баробари фароҳии он аст. Ва ӯ шаҳрро бо най андоза карда, дувоздаҳ ҳазор стадия ёфт; дарозӣ ва фароҳӣ ва баландии он баробар аст.

[17] Ва девори онро андоза карда, саду чилу чор зироъ ба андозаи одамизод ёфт, ки андозаи фаришта низ чунин аст.

[18] Девори он аз яшм соҳта шудааст, ва шаҳр зари холис буда, ба шишаи покиза монандӣ дорад.

[19] Таҳкурсиҳои девори шаҳр бо ҳар гуна ҷавоҳирот мурассаъ аст: таҳкурсии якум — яшм, дуюм — ёқути кабуд, сеюм — ақиқи сӯхта, чорум — зумуррад,

[20] Панҷум — ақиқи гулобӣ, шашум — ақиқ, ҳафтум — забарҷад, ҳаштум — берил, нӯҳум — ёқути зард, даҳум — ақиқи сабз, ёздаҳум — гиацинт, дувоздаҳум — нилум.

[21] Ва дувоздаҳ дарвоза — дувоздаҳ марворид: ҳар дарвоза аз як марворид буд. Ва кӯчаи шаҳр — зари ҳолис, монанди шишаи шаффоф.

[22] Ва дар шаҳр маъбаде надидам; зеро ки Худованд Худои Қодири Мутлақ маъбади вай аст, ҳамчунин Барра.

[23] Ва шаҳр эҳтиёҷ надорад, ки офтоб ва моҳтоб онро равшан кунанд, зеро ки ҷалоли Худо онро равшан кардааст, ва чароғи он Барра аст.

[24] Ва ҳалқҳои ҷаҳон дар рӯшноии вай роҳ ҳоҳанд рафт, ва подшоҳони замин ҷалол ва шавкати худро ба вай ҳоҳанд овард.

[25] Ва дарвозаҳои шаҳр рӯзона баста нахоҳад шуд, зеро ки дар он ҷо шаб нахоҳад буд;

[26] Ва ҷалол ва шавкати ҳалқҳоро ба вай ҳоҳанд овард;

[27] Ва ҳеҷ палиде, ва ҳеҷ каси зишткор ва дурӯғгӯй вориди он нахоҳад шуд, балки фақат онҳое ки дар дафтари ҳаёти Барра навишта шудаанд.

Ваҳйи Юҳанно — Chapters