Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 4:52

[1] Ваҳйи Исои Масеҳ, ки Худо ба Ӯ ато намуд, то ба бандагони Худ нишон диҳад, ки ба қарибӣ чиҳо бояд ба вуқӯъ ояд. Ва Ӯ онро ба воситаи фариштаи Худ ба бандаи Худ Юҳанно фиристода, зоҳир сохт,

[2] Ки вай ба каломи Худо, ва ба шаҳодати Исои Масеҳ, ва ба ҳар чизе ки дида буд, гувоҳӣ дод.

[3] Хушо касе ки мехонад ва касоне ки мешунаванд суханони ин нубувватро, ва он чи дар он навишта шудааст, риоят мекунанд, зеро ки вақт наздик аст.

[4] Юҳанно ба ҳафт калисое ки дар вилояти Осиё мебошанд: файз ва осоиштагӣ бар шумо бод аз ҷониби Ӯ, ки ҳаст ва буд ва хоҳад омад, ва аз ҷониби ҳафт рӯҳе ки дар пеши тахти Ӯ ҳастанд,

[5] Ва аз ҷониби Исои Масеҳ, ки шоҳиди амин, Нахустзода аз мурдагон ва Фармонфармои подшоҳони замин аст. Ӯро, ки моро дӯст медорад, ва моро аз гуноҳҳоямон бо Хуни Худ халосӣ дод,

[6] Ва моро подшоҳон ва коҳинони Худо ва Падари Худ гардонд, то абад ҷалол ва салтанат бод! Омин.

[7] Инак, Ӯ бо абрҳо меояд, ва Ӯро ҳар чашм хоҳад дид, ва онҳое низ, ки Ӯро найза заданд; ва ҳамаи қабилаҳои рӯи замин дар ҳаққи Ӯ навҳа хоҳанд кард. Оре, омин.

[8] «Ман Алфа ва Омега , ибтидо ва интиҳо ҳастам», мегӯяд Худованд, Он ки ҳаст ва буд ва хоҳад омад, Худованди Қодири Мутлақ.

[9] Ман, Юҳанно, ки бародари шумо ва шарики андӯҳ ва малакут ва сабри Исои Масеҳ ҳастам, аз барои каломи Худо ва шаҳодати Исои Масеҳ дар ҷазираи Патмӯс будам.

[10] Ва дар рӯзи Худованд дар Рӯҳ будам ва аз қафои худ овози баланде монанди садои карнай шунидам, ки мегуфт: «Ман Алфа ва Омега, Аввалин ва Охирин ҳастам;

[11] Он чи мебинӣ, дар китобе бинавис ва ба ҳафт калисое ки дар вилояти Осиё мебошанд, бифирист: ба Эфсӯс, ва Исмирно, ва Парғомус, ва Тиётиро, ва Сардис, ва Филоделфия, ва Лудкия».

[12] Ман руҷӯъ намудам, то овозеро, ки ба ман сухан мегуфт, бубинам; ва чун руҷӯъ намудам, ҳафт чароғдони тилло дидам,

[13] Ва дар миёни ҳафт чароғдон касеро монанди Писари Одам, ки камзӯли дарозе дар бар дошт ва бар синааш камарбанди тилло баста буд;

[14] Сари Ӯ ва мӯи Ӯ мисли пашм ё барф сафед буд; ва чашмони Ӯ мисли шӯълаи оташ;

[15] Ва пойҳои Ӯ монанди мисе ки дар кӯра сурх шуда бошад; ва овози Ӯ мисли шувваси обҳои бисьёр;

[16] Ва Ӯ дар дасти рости Худ ҳафт ситора дошт, ва аз даҳони Ӯ шамшери дудама берун меомад; ва рӯи Ӯ мисли офтобе буд, ки дар қувваташ медурахшад.

[17] Ва ҳангоме ки Ӯро дидам, бар пойҳояш мисли мурда афтодам, ва Ӯ дасти рости Худро бар ман гузошта, гуфт: «Натарс; Манам Аввалин ва Охирин

[18] Ва Зинда; ва Ман мурда будам, ва инак то абад зинда ҳастам, омин; ва калидҳои дӯзах ва мамот дар дасти Ман аст.

[19] Пас бинавис он чи ту дидаӣ, ва он чи ҳаст, ва он чи баъд аз ин бояд ба вуқӯъ ояд.

[20] Сирри ҳафт ситорае ки дар дасти рости Ман дидӣ, ва ҳафт чароғдони тилло чунин аст: ҳафт ситора фариштагони ҳафт калисо ҳастанд, ва ҳафт чароғдон ҳафт калисо мебошанд».

Ваҳйи Юҳанно — Chapters