[1] Гӯш кунед шумо, эй сарватдорон: дар бораи балоҳое ки ба сари шумо меояд, гирья ва нола кунед.
[2] Сарвати шумо пӯсидааст, ва либоси шуморо куя задааст.
[3] Тилло ва нуқраи шуморо занг задааст, ва занги онҳо исботе ба муқобили шумо гардида, мисли оташ ҷисми шуморо хоҳад хӯрд: шумо барои айёми охирини худ ганҷ ҷамъ кардаед.
[4] Инак, музди коргароне ки саҳроҳои шуморо даравидаанд, ва шумо онро надода нигоҳ доштаед, фиғон мекашад, ва доду фарьёди даравгарон ба гӯши Худованди лашкарҳо расидааст.
[5] Шумо дар рӯи замин бо ҳашамат ва дабдаба умр ба сар бурда, айшу ишрат менамудед, ва дилҳои худро гӯё ки барои рӯзи қатл фарбеҳ кардед.
[6] Шумо одилро маҳкум намуда, куштед; ӯ ба шумо муқобилат накард.
[7] Пас, эй бародарон, то вақти омадани Худованд пурсабр бошед. Инак, зироаткор самараи гаронбаҳои заминро интизор мешавад ва барои ин бисьёр сабр мекунад, то даме ки борони аввалин ва охирин биборад.
[8] Шумо низ сабр кунед, дилҳои худро қавӣ гардонед, чунки омадани Худованд наздик аст.
[9] Эй бародарон, аз якдигар шиква накунед, то ки маҳқум нагардед: инак, Довар назди дар истодааст.
[10] Эй бародарон, аз уқубат ва пурсабрии анбиё ибрат гиред, ки онҳо ба исми Худованд сухан меронданд.
[11] Инак, мо онҳоеро, ки сабр кардаанд, хушбахт мешуморем: шумо дар бораи сабри Айюб шунидаед ва анҷоми кори Худовандро дидаед, зеро ки Худованд раҳмон ва бахшанда аст.
[12] Вале пеш аз ҳама, эй бародарони ман, на ба осмон қасам ёд кунед, на ба замин, на ба ягон қасами дигаре; балки бигзор дар шумо «оре, оре» ва «не, не» бошад, то ки ба маҳкумият дучор нашавед.
[13] Оё касе аз шумо уқубат мекашад? Бигзор дуо гӯяд. Оё касе шодмон аст? Бигзор таронаи Забурро хонад.
[14] Оё касе аз шумо бемор аст? Бигзор пирони калисоро назди худ даъват намояд, ва онҳо ӯро ба исми Худованд равған молида, дар ҳаққи ӯ дуо гӯянд, —
[15] Ва дуои имон беморро шифо хоҳад дод, ва Худованд ӯро ба по хоҳад хезонд; ва агар ӯ гуноҳ карда бошад, гуноҳҳояш омурзида хоҳад шуд.
[16] Ба гуноҳҳои худ назди якдигар иқрор намоед ва барои якдигар дуо гӯед, то шифо ёбед: дуои боисрори шаҳси одил қуввати бузурге дорад.
[17] Ильёс шаҳсе буд монанди мо, ва дуо гуфт, ки борон наборад, ва се солу шаш моҳ дар рӯи замин борон набуд.
[18] Ва боз дуо гуфт, ва осмон борон дод, ва замин самараи худро ба вуҷуд овард.
[19] Эй бародарон! Агар касе аз шумо аз ростӣ сар печад, ва касе ӯро баргардонад,
[20] Бигзор вай бидонад, ки шаҳсе ки гуноҳкорро аз роҳи ғалати вай гардонад, ҷони вайро аз мамот наҷот дода, гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш хоҳад кард.