[1] Эй бародарони ман! Бисьёре аз шумо муаллим нашавед, чун медонед, ки мо ба маҳкумияти бештаре дучор хоҳем шуд,
[2] Зеро ки ҳамаи мо бисьёр пешпо мехӯрем. Касе ки дар суҳан пешпо намеҳӯрад, вай одами комил аст, ки метавонад ҷилави тамоми ҷисмро бикашад.
[3] Инак, мо ба даҳони аспҳо лаҷом меандозем, то ки ба мо итоат кунанд, ва тамоми ҷисми онҳоро идора мекунем;
[4] Инак, киштиҳо низ, ҳарчанд бузург бошанд ва ҳарчанд бо бодҳои пурзӯр ронда шаванд ҳам, ба воситаи суккони хурде, ба куҷое ки суккондор ҳоҳад, равона карда мешаванд;
[5] Ҳамчунин забон низ узви хурд аст, вале бисьёр лоф мезанад. Бубин, оташи ҳурде чӣ гуна ҷангали бузургро месӯзонад.
[6] Забон низ оташ аст, шарорате дар миёни узвҳои мо мебошад. Тамоми ҷисмро палид мекунад ва доираи ҳаётро оташ медиҳад, дар сурате ки худаш аз ҷаҳаннам оташ мегирад.
[7] Зеро ки ҳама гуна даррандагон ва паррандагон, хазандагон ва ҳайвоноти баҳрӣ ба воситаи одамизод ром мешавад ва ром шудааст,
[8] Валекин забонро ҳеҷ кас аз одамон ром карда наметавонад: он — шароратест боздоштанашаванда ва пур аз заҳри марговар.
[9] Бо он мо Худо ва Падарро муборак мехонем, ва бо он мо ба одамон, ки ба сурати Худо офарида шудаанд, лаънат мегӯем:
[10] Аз айни як даҳон баракат ва лаънат мебарояд. Эй бародарони ман, набояд ин тавр шавад.
[11] Оё аз як сӯрохи чашма ҳам оби ширин ва ҳам оби талх ҷорӣ мешавад?
[12] Эй бародарони ман, дарахти анҷир наметавонад зайтун оварад, ё токи ангур — анҷир: ҳамчунин як чашма наметавонад оби шӯр ва ширин ба вуҷуд оварад.
[13] Оё касе аз шумо ҳаким ва бохирад аст? Бигзор инро дар рафтори неки худ бо фурӯтании хирадмандона дар амал нишон диҳад.
[14] Аммо агар шумо дар дили худ ҳасади талҳ ва худсарӣ доред, фахр накунед ва дар ҳаққи ростӣ дурӯғ нагӯед:
[15] Ин ҳикмате нест, ки аз боло нозил шуда бошад, балки ҳикмати заминӣ, нафсонӣ ва шайтонӣ мебошад;
[16] Зеро ҳар ҷое ки ҳасад ва худсарӣ бошад, он ҷо носозӣ ва ҳар кори бад ҳувайдост.
[17] Валекин ҳикмате ки аз болост, аввалан, пок аст, сонӣ осоишта, боилтифот, фармонбардор, пур аз марҳамат ва самараи нек, беғараз ва бериё мебошад.
[18] Ва самараи адолат дар осоиштагӣ кошта мешавад барои онҳое ки осоиштагиро ба амал меоваранд.