Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 4:31

[1] Эй бародарони ман! Ба Исои Масеҳи Худованди мо, ки Худованди ҷалол аст, бе рӯйбинӣ имон дошта бошед.

[2] Зеро, агар ба ҷамъомади шумо касе ангуштарини тилло дар даст ва либоси зебо дар тан биёяд, ва камбағале низ либоси чиркин дар тан биёяд,

[3] Ва шумо ба соҳиби либоси зебо нигоҳ карда, гӯед: «Шумо марҳамат фармуда ин ҷо бинишинед», ва ба камбағал гӯед: «Ту он ҷо биист» ё ки: «Ин ҷо, поини пои ман бинишин», —

[4] Оё шумо миёни худатон фарқ нагузоштаед ва оё доварони соҳиби афкори бад нестед?

[5] Гӯш диҳед, эй бародарони маҳбуби ман: оё Худо камбағалони оламро интиҳоб накардааст, ки сарватдор дар имон ва ворисони Малакуте бошанд, ки онро Ӯ ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст?

[6] Валекин шумо аз камбағал нафрат кардаед. Оё сарватдорон шуморо ба танг намеоваранд, ва оё онҳо шуморо ба маҳкамаҳо намекашанд?

[7] Оё онҳо номи некеро, ки бар шумост, беобрӯ намекунанд?

[8] Агар шумо шариати шоҳонаро, бар тибқи Навиштаи: «Ёри ҳудро мисли худ дӯст бидор» ба ҷо меоварда бошед, хуб мекунед;

[9] Аммо агар рӯйбинӣ мекарда бошед, гуноҳ мекунед, ва шариат шуморо вайронкунанда ҳисоб мекунад.

[10] Касе ки тамоми шариатро риоя намуда, валекин дар як чиз гуноҳ кунад, нисбат ба ҳама чиз айбдор мешавад.

[11] Зеро Он ки «зино накун» гуфтааст, «қатл накун» ҳам гуфтааст; бинобар ин, агар ту зино накунӣ, вале қатл кунӣ, — ба шариат хато кардаӣ.

[12] Ҳамчун касоне ки бар тибқи шариати озодӣ доварӣ карда хоҳанд шуд, чунин сухан гӯед ва чунин амал кунед,

[13] Зеро бар касе ки эҳсон накардааст, доварӣ бе марҳамат хоҳад буд; марҳамат бар доварӣ ғалаба меёбад.

[14] Эй бародарони ман, чӣ фоидае ҳаст, агар касе гӯяд, ки имон дорад, дар сурате ки амал надорад? Оё чунин имон метавонад ӯро наҷот диҳад?

[15] Агар бародаре ё хоҳаре бараҳна буда, ризқу рӯзӣ надошта бошанд,

[16] Ва касе аз шумо ба онҳо гӯяд: «Ба саломатӣ рафта, гарм ва сер шавед», валекин он чи барои ҷисм лозим аст, ба онҳо надиҳад, — чи фоидае ҳаст?

[17] Ҳамчунин имон низ, агар аъмол надошта бошад, ба ҳудии худ мурда аст.

[18] Балки касе хоҳад гуфт: «Ту имон дорӣ, вале ман аъмол дорам, — имони худро бе аъмол ба ман нишон бидеҳ, вале ман ба ту имони ҳудро аз аъмоли худ нишон медиҳам».

[19] Ту имон дорӣ, ки Худо ягона аст? Хуб мекунӣ; девҳо низ имон доранд ва меларзанд.

[20] Аммо, эй одами бемағз, оё мехоҳӣ бидонӣ, ки имон бе аъмол мурда аст?

[21] Оё падари мо Иброҳим, ки писари худ Исҳоқро ба қурбонгоҳ бароварда буд, бо аъмоли ҳуд сафед нашуд?

[22] Оё ту мебинӣ, ки имон ба аъмоли ӯ мадад кард, ва имони ӯ ба василаи аъмол ба камол расид?

[23] Ва он Навишта иҷро шуд, ки мегӯяд: «Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд, ва ӯ дӯсти Худо номида шуд».

[24] Оё мебинед, ки одамизод ба василаи аъмол сафед мешавад, на фақат ба василаи имон?

[25] Ба ҳамин тарз Роҳоби фоҳиша низ, ки ҷосусонро қабул карда, бо роҳи дигаре фиристода буд, оё ба василаи аъмол сафед нашуд?

[26] Зеро, чунон ки ҷисм бе рӯҳ мурда аст, ончунон имон низ бе аъмол мурда аст.

Номаи Яъқуб — Chapters