[1] Адоват ва ҷидолҳо дар миёни шумо аз куҷост? Оё на аз ҳавасҳои шумост, ки дар андоматон меҷанганд?
[2] Ҳавас мекунед — ва надоред; мекушед ва ҳасад мебаред — ва наметавонед ба даст оваред; муноқиша ва адоват мекунед — ва надоред, чунки илтимос намекунед;
[3] Илтимос мекунед ва ба даст намеоваред, чунки на аз баҳри қасди нек илтимос мекунед, балки аз баҳри он ки барои ҳавасҳои худ истифода намоед.
[4] Эй зинокорон! Оё намедонед, ки дӯстӣ бо дуньё душманӣ бо Худост? Пас, касе ки мехоҳад дӯсти дуньё бошад, душмани Худо мегардад.
[5] Оё шумо гумон мекунед, ки Навишта бар абас гуфтааст: «Рӯҳеро, ки дар мо сокин аст, то ба дараҷаи рашк дӯст медорад»?
[6] Лекин файзи бештаре мебахшад; барои ҳамин ҳам гуфта шудааст: «Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурӯтанон файз мебахшад».
[7] Пас, ба Худо итоат намоед, ба иблис муқобилат кунед, ва ӯ аз шумо хоҳад гурехт.
[8] Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд. Дастҳои худро бишӯед, эй гуноҳкорон, ва дилҳои худро пок кунед, эй дудилагон.
[9] Андӯҳгин шуда, гирья ва нола кунед. Бигзор хандаи шумо ба гирья ва шодии шумо ба ғусса мубаддал шавад.
[10] Дар хузури Худованд фурӯтан бошед, ва Ӯ шуморо сарафроз хоҳад кард.
[11] Эй бародарон, дар ҳаққи якдигар бадгӯӣ накунед. Касе ки бародарашро бадгӯӣ кунад, ё бародарашро ҳукм намояд, вай шариатро бадгӯӣ мекунад ва шариатро ҳукм менамояд. Ва агар ту шариатро ҳукм намоӣ, пас иҷрокунандаи шариат нестӣ, балки довар ҳастӣ.
[12] Шариатгузор ва Довар якест, ва Ӯ қодир аст наҷот диҳад ва талаф кунад. Вале ту кистӣ, ки дигареро ҳукм менамоӣ?
[13] Акнун гӯш кунед шумо, эй касоне ки мегӯед: «Имрӯз ё фардо ба фалон шаҳр рафта, дар он ҷо як сол зиндагонӣ мегузаронем, ва бо тиҷорат машғул шуда, фоида мекунем»,
[14] Дар сурате ки шумо намедонед, ки фардо чӣ ҳодиса рӯй хоҳад дод: зеро ки чист зиндагонии шумо? Буғест, ки ба муддати кӯтоҳе зоҳир гардида, баъд нест мешавад.
[15] Ба ҷои он шумо бояд бигӯед: «Агар Худо хоҳад, мо зинда мемонем ва чунин ё чунон мекунем».
[16] Лекин акнун шумо, ба сабаби ҳавобаландии худ, лоф мезанед: ҳар лофи монанди ин бад аст.
[17] Пас, касе ки медонад, чӣ некӣ бояд кард, ва намекунад, — ба вай гуноҳ аст.