Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 4:38

[1] Яъқуб, ки бандаи Худо ва Исои Масеҳи Худованд аст, ба дувоздаҳ сибте ки пароканда мебошанд, салом мерасонад.

[2] Эй бародарони ман, вақте ки ба озмоишҳои гуногун дучор мешавед, инро барои худ шодии бузург ҳисоб кунед,

[3] Чун медонед, ки имтиҳони имони шумо сабрро ба вуҷуд меоварад;

[4] Ва сабр бояд амали комил дошта бошад, то ки шумо комил ва солим буда, ҳеҷ камбудие надошта бошед.

[5] Ва агар касе аз шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор талаб кунад аз Худое ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш ато менамояд, — ва ба вай ато хоҳад шуд.

[6] Валекин бигзор бо имон талаб кунад ва ҳеҷ шакку шубҳа надошта бошад, чунки шаккок ба мавҷи баҳр монанд аст, ки аз шамол баланд шуда, ҷавлон мекунад:

[7] Бигзор чунин кас гумон накунад, ки аз Худованд чизе ба даст хоҳад овард.

[8] Шахси дудила дар ҳамаи роҳҳои худ ноустувор аст.

[9] Бигзор бародари залил бо сарбаландии худ фахр намояд,

[10] Ва сарватдор — бо залолати худ, чунки ӯ мисли гули алаф даргузар аст:

[11] Офтоб бо гармо тулӯъ намуда, алафро мехушконад, ва гули он рехта, зебоии намуди он нест мешавад; сарватдор низ дар роҳҳои худ ҳамин тавр пажмурда хоҳад шуд.

[12] Хушо касе ки дар озмоиш вафодор мемонад, зеро вақте ки вай имтиҳон медиҳад, тоҷи ҳаётро, ки Худованд ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст, ба даст хоҳад овард.

[13] Дар озмоиш бигзор ҳеҷ кас набояд бигӯяд: «Маро Худо меозмояд»; чунки Худо бо бадӣ озмуда намешавад ва Худаш ҳеҷ касро намеозмояд,

[14] Балки ҳар кас саргарм ва фирефтаи ҳаваси худ гардида, ба озмоиш дучор мешавад;

[15] Баъд ҳавас, ҳомила шуда, гуноҳро ба дуньё меоварад, ва гуноҳ, ки ба амал омад, мамотро ба вуҷуд меоварад.

[16] Эй бародарони маҳбуби ман, фирефта нашавед.

[17] Ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил аз боло, аз ҷониби Падари нурҳо нозил мешавад, ки дар Ӯ тағьироте ва ҳеҷ дигаргуние мавҷуд нест.

[18] Ӯ, бар ҳасби хости Худ, моро ба василаи каломи ростӣ ба дуньё овард, то ки як навъ навбари офаридаҳои Ӯ бошем.

[19] Пас, эй бародарони маҳбуби ман, бигзор ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад;

[20] Зеро ки хашми одамизод адолати Худоро ба амал намеоварад.

[21] Бинобар ин ҳар нопокӣ ва бақияи бадиро як сӯ гузошта, каломеро, ки дар шумо кошта шудааст, бо фурӯтанӣ қабул кунед, ки он метавонад ҷонҳои шуморо наҷот диҳад.

[22] Пас иҷрокунандагони калом бошед, на фақат шунавандагоне ки худро фиреб медиҳанд,

[23] Зеро, касе ки каломро мешунаваду иҷро намекунад, ба шахсе монанд аст, ки тарҳи рӯяшро дар оина мебинад:

[24] Ба чеҳраи худ нигоҳ карду рафт, ва дарҳол фаромӯш кард, ки он чӣ гуна аст.

[25] Аммо касе ки ба шариати комил, ба шариати озодӣ диққат мекунад ва дар он устувор мемонад, дар ҳолате ки на шунавандаи фаромӯшҳотир, балки иҷрокунандаи кор мебошад, — хушо он кас дар амали ҳуд.

[26] Агар касе аз шумо гумон кунад, ки диндор аст, ва ҷилави забони худро накашад, балки дили худро фирефта намояд, — диндории вай бефоида аст.

[27] Дини пок ва беайб ба ҳузури Худо ва Падар ин аст, ки ятимон ва бевазанонро дар андӯҳи онҳо парасторӣ кунем ва худро аз олам олуда накарда нигоҳ дорем.

Номаи Яъқуб — Chapters