Skip to content
Opens in a new window

[1] Эй Исроил, мисли қавмҳо то ба дараҷаи ваҷд шодӣ накун, зеро ки ту зино намуда аз Худои худ дур шудӣ: болои ҳар хирман музди зиноро дӯст доштӣ.

[2] Хирман ва чархушт онҳоро ғизо нахоҳад дод, ва шаробе ки дар он ҳаст, дилхуш нахоҳад кард.

[3] Дар замини Худованд сокин нахоҳанд шуд: Эфроим ба Миср хоҳад баргашт, ва дар Ашшур онҳо хӯроки палид хоҳанд хӯрд.

[4] Барои Худованд шароб нахоҳанд рехт, Ва қурбониҳошон писандидаи Ӯ нахоҳад буд, балки барои худашон мисли нони мотамдорон хоҳад буд: ҳар кӣ аз онҳо бихӯрад, палид хоҳад шуд, зеро ки нони онҳо барои шикамсерии худашон мебошад, ба хонаи Худованд он дохил нахоҳад шуд.

[5] Пас шумо дар рӯзи мавсим ва дар рӯзи иди Худованд чӣ хоҳед кард?

[6] Зеро ки инак, онҳо ба сабаби хонавайронӣ рафтаанд; Миср онҳоро ҷамъ хоҳад овард, Муф онҳоро қабр хоҳад кард; ганҷинаҳои нуқраи онҳоро газна пахш хоҳад кард, дар хаймаҳои онҳо мушхор хоҳад рӯид.

[7] Айёми ҷазо наздик меояд, айёми подош фаро мерасад, — Исроил хоҳанд донист, ки оё набӣ беақл буд ва оё соҳиби рӯҳ девона буд, — ба сабаби гуноҳи бисьёр ва адовати бузурги ту.

[8] Дидбони Эфроим аз ҷониби Худои ман набӣ буд, ки дар сари ҳамаи роҳҳояш доми сайёд ниҳода шуд, ва адоват дар хонаи Худои ӯ ҳукмфармост.

[9] Онҳо, мисли айёми Ҷабъа, ба умқи бадкирдорӣ расидаанд; Ӯ гуноҳи онҳоро ба ёд хоҳад овард, барои маъсияташон ҷазо хоҳад дод.

[10] Исроилро мисли ангуре дар биёбон пайдо кардам; падарони шуморо мисли навбари анҷир дар ибтидои он дидам; лекин онҳо ба Баал‐Фаӯр омаданд, ва саргарми расвоӣ шуданд, ва монанди маъшуқаҳошон нафратангез гардиданд.

[11] Ҷалоли Эфроим мисли мурғе парида хоҳад рафт: зоидан, ҳомиладорӣ ва бордоршавӣ нахоҳад буд.

[12] Ҳатто агар фарзандони худро калон кунанд ҳам, онҳоро нобуд хоҳам кард, ба тавре ки одаме боқӣ нахоҳад монд; зеро ки вой бар ҳоли онҳо, вақте ки аз онҳо низ дур шавам.

[13] Эфроим, вақте ки дидам, мисли Сӯр дар мавзеи зебое ҷойгир шудааст; вале Эфроим писаронашро барои қотил берун хоҳад овард.

[14] Худовандо, ба онҳо ҳар чи медиҳӣ, бидеҳ: раҳими бачапарто ва пистонҳои хушк ба онҳо бидеҳ.

[15] Тамоми шарорати онҳо дар Ҷилҷол аст, ки дар он ҷо Ман аз онҳо барои кирдорҳои бадашон нафрат намудаам; аз хонаи Худ онҳоро бадар хоҳам ронд; онҳоро дигар дӯст нахоҳам дошт; ҳамаи сарварони онҳо фитнагар мебошанд.

[16] Эфроим шикаст хӯрдааст; решаи онҳо хушк шудааст, — онҳо мева нахоҳанд дод; ҳатто агар зоянд ҳам, самари марғуби батни онҳоро хоҳам кушт.

[17] Худои ман онҳоро тарк хоҳад кард, чунки Ӯро нашниданд; пас дар миёни халқҳо овора хоҳанд шуд.

Китоби Ҳушаи Набӣ — Chapters