[1] Исроил токи сершохаест, ки меваи ба худаш муносибе меоварад; ба андозаи фаровонии меваи худ қурбонгоҳҳои зиёде сохтааст; баробари афзудани нозу неъмати заминаш сутунҳоро хубтар зебу зинат додаанд.
[2] Дили онҳо пур аз тамаллуқ аст, акнун гирифтори ҷазо хоҳанд шуд: Ӯ қурбонгоҳҳои онҳоро вайрон, ва сутунҳои онҳоро вожгун хоҳад кард.
[3] Зеро ки онҳо алҳол мегӯянд: «Мо подшоҳ надорем, чунки мо аз Худованд натарсидем, ва ин подшоҳ чӣ метавонад ба мо бикунад?»
[4] Сухан мегӯянд, қасамҳои дурӯғ ёд мекунанд, аҳд мебанданд; ва доварӣ мисли гиёҳи заҳрдор бар огардҳои саҳро гул мекунад.
[5] Аз боиси гӯсолаи Байт‐Овин сокинони Сомария ба ҳарос хоҳанд афтод, зеро ки қавмаш барои он мотам мегиранд, ва коҳинонаш барои ҷалоли он, ки аз он гирифта шудааст, ба ларза меоянд.
[6] Худи он низ ба Ашшур ҳамчун ҳадия ба подшоҳ бурда хоҳад шуд; Эфроим хиҷолат хоҳад кашид, ва Исроил аз дасисаҳояш шарманда хоҳад гардид.
[7] Сомария ва подшоҳаш мисли кафке бар рӯи об нест хоҳанд шуд.
[8] Ва баландиҳои Овин — ҷои гуноҳи Исроил — маҳв хоҳанд шуд; хору хас бар қурбонгоҳҳои онҳо хоҳад рӯид, ва онҳо ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт: «Моро бипӯшонед», ва ба талҳо: «Бар мо биафтед».
[9] Аз айёми Ҷабъа гуноҳ кардаӣ, эй Исроил; дар он ҷо онҳо истодагӣ карданд: ҷанг дар Ҷабъа ба муқобили ноинсофон ба онҳо нарасид.
[10] Бар тибқи иштиёқи Худ онҳоро ҷазо хоҳам дод, ва қавмҳо ба муқобили онҳо ҷамъ хоҳанд омад, ва онҳоро ба ду ҳалқаи юғ хоҳанд баст.
[11] Ва Эфроим ғуноҷини омӯхташудаест, ки хирманкӯбиро дӯст медорад, ва Ман юғро бар гардани зебои вай баста, бар Эфроим низ гузоштам, то ки Яҳудо шудгор кунад, ва Яъқуб барои худ мола намояд.
[12] Барои худ аз рӯи инсоф кишт кунед, ва бар тибқи марҳамат дарав намоед; киштзорро барои худ шудгор кунед, ва он гоҳ вақти он аст, ки Худовандро толиб шавед, то ки Ӯ омада, борони адолат бар шумо биборонад.
[13] Аммо шумо шароратро кишт кардед, ноинсофиро дарав намудед, меваи кизбро хӯрдед; зеро ки ту ба роҳи худ, ба анбӯҳи баҳодурони худ таваккал намудӣ.
[14] Ва ошӯбе дар миёни қавми ту хоҳад бархост, ва ҳамаи қалъаҳоят валангор хоҳад шуд, мисли он ки Шалмон Байт‐Арбилро дар рӯзи ҷанг валангор кардааст; модар бо фарзандонаш кушта пора‐пора карда шудааст.
[15] Байт‐Ил, ба сабаби шарорати бузурги шумо, ба шумо ҳамин тавр амал хоҳад кард; дар вақти шафақи субҳ подшоҳи Исроил ба ҳалокат хохад расид.