Skip to content
Opens in a new window

[1] «Биёед, сӯи Худованд руҷӯъ намоем, зеро ки Ӯ даридааст, ва моро шифо хоҳад бахшид, Ӯ зарба задааст, ва моро ҷароҳатбандӣ хоҳад кард;

[2] Баъд аз ду рӯз моро зинда хоҳад кард; дар рӯзи сеюм моро ба по хоҳад бархезонид, ва мо дар ҳузури Ӯ зиндагӣ хоҳем кард;

[3] Ва Худовандро хоҳем шинохт ва барои шинохтани Ӯ ҷидду ҷаҳд хоҳем кард; зуҳури Ӯ мисли шафақи субҳ аст, ва Ӯ назди мо мисли борон, мисли борони охири баҳор, ки заминро сероб мекунад, хоҳад омад».

[4] Бо ту чӣ кунам, эй Эфроим? Бо ту чӣ кунам, эй Яҳудо? Тақвои шумо, охир, мисли абри субҳ ва мисли шабнамест, ки бо зудӣ ғоиб мешавад.

[5] Бинобар ин Ман онҳоро ба воситаи анбиё зарба задам, бо суханони даҳони Худ онҳоро куштам, ва доварӣ дар ҳаққи ту мисли нур равшан хоҳад шуд.

[6] Зеро ки Ман марҳаматро хоҳон ҳастам ва на забҳро, ва шинохтани Худоро бештар аз қурбониҳои сӯхтанӣ.

[7] Валекин онҳо, мисли Одам, аҳдро шикастанд: дар он ҷо ба Ман хиёнат карданд.

[8] Ҷилъод, шаҳри бадкирдорон, хунолуд аст.

[9] Ва чунон ки дастаи роҳзанон дар сари роҳи касе камин мегирад, ончунон гурӯҳи коҳинон дар роҳи Шакем одамкушӣ мекунанд, зеро ки қасди бади худро ба амал меоваранд.

[10] Дар хонадони Исроил Ман корҳои зиштро дидаам; дар он ҷо Эфроим саргарми зино шудааст, Исроил палид гардидааст.

[11] Барои ту низ, эй Яҳудо, дарав насиб шудааст, ҳангоме ки Ман асирони қавми Худро баргардонам.

Китоби Ҳушаи Набӣ — Chapters