[1] Шохро ба даҳонат бигир! Вай мисли уқоб бар хонаи Худованд ҳуҷум хоҳад кард, зеро ки онҳо аҳди Маро шикастанд, ва бар зидди шариати Ман ҷиноят карданд.
[2] Онҳо сӯн Ман истиғоса хоҳанд бурд: «Эй Худои ман! Мо, Исроил, Туро мешиносем».
[3] Исроил некиро тарк кардааст, пас душман варо таъқиб хоҳад кард.
[4] Онҳо подшоҳонро таъин карданд, вале на аз ҷониби Ман; сарваронро таъин карданд, вале бе розигии Ман; аз нуқра ва тиллои худ бутҳо барои худ сохтанд, то ки ба ҳалокат дучор шаванд.
[5] Гӯсолаи ту вожгун шудааст, эй Сомария! Ғазаби Ман бар онҳо аланга гирифтааст; то ба кай онҳо наметавонанд пок шаванд?
[6] Зеро ки он аз Исроил аст, ва ҳунарманде онро сохтааст, ва он — худо нест; зеро ки гӯсолаи Сомария шикаста, пора‐пора хоҳад шуд.
[7] Азбаски онҳо бодро коштанд, бинобар ин тундбодро хоҳанд даравид; онро ҳосиле нест: хӯшаҳояш орд нахоҳад дод, агар диҳад ҳам, бегонаҳо онро хоҳанд хӯрд.
[8] Исроил фурӯ бурда шудааст; алҳол онҳо дар миёни халқҳо мисли зарфи нодаркоре мебошанд.
[9] Зеро ки онҳо мисли гӯрхари танҳое назди Ашшур рафтаанд; Эфроим ба воситаи тӯҳфаҳо ошиқонро пайдо кардааст.
[10] Гарчанде ки ба халқҳо тӯҳфа медиҳанд, алҳол Ман онҳоро ҷамъ хоҳам кард, ва дере нагузашта аз юғи подшоҳи сарварон ба ларза хоҳанд омад.
[11] Зеро ки Эфроим қурбонгоҳҳои бисьёре барои кафорати гуноҳ сохт, — ин қурбонгоҳҳо барои ӯ сабаби гуноҳ гардид.
[12] Муҳимтарин аҳкоми шариати Худро барои ӯ навиштам, дар назараш чизи бегонае ба шумор рафт.
[13] Дар хусуси қурбониҳои сӯхтании Ман бошад, беҳтар аст, ки забҳ карда, гӯшташро бихӯранд: Худованд онро хоҳон нест. Бинобар ин Ӯ гуноҳи онҳоро ба ёд хоҳад овард ва барои маъсияташон ҷазо хоҳад дод: онҳо ба Миср хоҳанд баргашт.
[14] Ва Исроил Холиқи худро фаромӯш карда, қасрҳо бино намудааст, ва Яҳудо бисьёр шаҳрҳои ҳисордор сохтааст; валекин Ман ба шаҳрҳои вай оташ хоҳам фиристод, то ки кӯшкҳои варо бисӯзонад.