[1] Эфроим бод мепаймояд ва аз паи боди шарқӣ медавад, тамоми рӯз кизб ва ситамро афзун мекунад; ва онҳо бо Ашшур аҳд мебанданд, ва равған ба Миср бурда мешавад.
[2] Ва Худованд бо Яҳудо низ талош хоҳад кард, ва Яъқубро бар тибқи роҳҳояш ба ҷазо мустаҳиқ хоҳад кард: ба ӯ мувофиқи аъмолаш подош хоҳад дод.
[3] Дар шиками модар ӯ пошнаи бародари худро қапид; ва дар авҷи қувваташ бо Худо гӯштин гирифт.
[4] Ва ӯ бо фаришта гӯштин гирифта, ғолиб омад; ӯ гириста, пеши Худо тазаррӯъ намуд; дар Байт‐Ил низ Худо ӯро ёфт, ва дар он ҷо бо ӯ гуфтугӯ кард.
[5] Ва Худованд Худои лашкарҳост: Худованд исми Ӯст.
[6] «Ту низ сӯи Худои худ руҷӯъ намо, марҳамат ва инсофро риоят бикун, ва ҳамеша ба Худои худ таваккал намо».
[7] Вай савдогарест, ки дар дасташ тарозуи макр мебошад, ва ситамро дӯст медорад.
[8] Вале Эфроим мегӯяд: «Дуруст аст, ки ман сарватдор шудаам, барои худ молу мулк пайдо кардаам; дар тамоми дороии ман ноинсофие ки гуноҳ бошад, назди ман нахоҳанд ёфт».
[9] Валекин Ман Худованд Худои ту аз замини Миср ҳастам; боз туро мисли айёми ид дар хаймаҳо ҷойгир хоҳам кард.
[10] Ва Ман ба анбиё сухан рондам, ва рӯъёҳоро афзун кардам, ва ба воситаи анбиё масалҳоро ба кор бурдам.
[11] Модоме ки Ҷилъод пур аз ҷафо гардидааст, пас инҳо бар абас будааст; дар Ҷилҷол онҳо говҳоро қурбонӣ мекарданд, ва қурбонгоҳҳои онҳо мисли сангтӯдаҳои назди огардҳои саҳро буд.
[12] Ва Яъқуб ба саҳрои Арам гурехт, ва Исроил барои зан хизмат кард, ва барои зан чӯпонӣ намуд.
[13] Ва Худованд ба воситаи набӣ Исроилро аз Миср берун овард, ва ба воситаи набӣ ӯро нигаҳбонӣ намуд.
[14] Эфроим хашми бағоят сахте ба вуҷуд овард, пас Худовандаш хуни варо бар вай боқӣ хоҳад гузошт, ва нанги варо ба вай хоҳад баргардонид.