Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 3:10

[1] Бинобар ин мо, ки дорои чунин хизмат ҳастем, ки он аз рӯи марҳамат ба мо ато шудааст, ноумед намешавем;

[2] Аммо чизҳои махфии нангинро рад карда, макрро ба кор намебарем ва каломи Худоро таҳриф намекунем, балки ростиро ошкор карда, худро ба виҷдони ҳар кас ба ҳузури Худо вогузор менамоем.

[3] Вале агар башорати мо пӯшида бошад, он барои нобудшавандагон пӯшида аст,

[4] Барои беимонҳое ки худои ин дуньё зеҳнашонро кунд кардааст, то ки нури башорати ҷалоли Масеҳ, ки Ӯ сурати Худост, барои онҳо надурахшад.

[5] Зеро ки мо на худро, балки Исои Масеҳро мавъиза менамоем, ки Ӯ Худованд аст, ва мо ғуломони шумоем ба хотири Масеҳ,

[6] Зеро Худое ки гуфт: «Аз зулмот нур бидурахшад», — Ҳамон аст, ки дар дилҳои мо бидурахшид, то ки бо дониши ҷалоли Худо дар шахси Исои Масеҳ моро мунаввар созад.

[7] Лекин мо ин ганҷро дар зарфҳои гилин дорем, то маълум шавад, ки бартарии қувват аз они Худо бошад, на аз ҷониби мо;

[8] Мо аз ҳар ҷиҳат ба фишор дучор мешавем, вале дар тангӣ нестем; ҳайронем, вале маъюс намешавем;

[9] Гирифтори таъқиботем, вале партофта нашудаем; сарнагун гардидаем, вале нобуд нашудаем;

[10] Ҳамеша мамоти Исои Худовандро дар бадани худ бардошта мегардем, то ки ҳаёти Исо низ дар бадани мо зоҳир шавад.

[11] Зеро ки мо, зиндаҳо, доимо ба хотири Исо ба мамот супурда мешавем, то ки ҳаёти Исо низ дар бадани мирандаи мо зоҳир шавад,

[12] Бинобар ин мамот дар мо амал мекунад, вале ҳаёт дар шумо.

[13] Аммо азбаски ҳамон рӯҳи имонро дорем, чунон ки навишта шудааст: «Имон доштам, бинобар ин мегуфтам», мо низ имон дорем, бинобар ин мегӯем,

[14] Чун медонем, ки Эҳьёкунандаи Исои Худованд моро низ ба василаи Исо эҳьё намуда, бо шумо ба по хоҳад хезонд.

[15] Зеро ҳама чиз барои шумост, то файзе ки дар бисьёр касон фаровон шудааст, шукргузории боз ҳам зиёдтарро барои ҷалоли Худо ба амал оварад.

[16] Бинобар ин мо ноумед намешавем, ва агар одами зоҳирӣ дар мо фано шавад, одами ботинӣ рӯз ба рӯз нав мешавад.

[17] Зеро уқубати сабуки мо, ки кӯтоҳмуддат аст, ҷалоли абадиро барои мо ба андозаи бениҳоят бузург ба вуҷуд меоварад,

[18] Ҳангоме ки мо на ба чизҳои намоён, балки ба чизҳои нонамоён нигоҳ мекунем: зеро ки он чи намоён аст, муваққатист, аммо он чи нонамоён аст, абадист.

Номаи дуюми Павлус ба Қӯринтиён — Chapters