Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 3:08

[1] Мо, ки мададгорони Ӯ ҳастем, аз шумо илтимос мекунем, ки файзи Худоро бефоида қабул накунед.

[2] Зеро ки Ӯ мегӯяд: «Дар вақти мусоид туро иҷобат намудам ва дар рӯзи наҷот ба ту мадад кардам». Инак алҳол вақти мусоид аст, инак алҳол рӯзи наҷот аст.

[3] Дар ҳеҷ чиз мо мамониат намерасонем, то ки хизмати мо ба мазаммат дучор нашавад,

[4] Балки дар ҳар чиз худро ҳамчун хизматгузорони Худо зоҳир месозем: дар сабри бисьёр, дар мусибатҳо, дар мӯҳтоҷиҳо, дар тангиҳо,

[5] Дар зери зарбаҳо, дар зиндонҳо, дар ошӯбҳо, дар меҳнатҳо, дар бехобиҳо, дар рӯзадориҳо,

[6] Дар покӣ, дар дониш, дар сабр, дар меҳрубонӣ, дар Рӯҳулқудс, дар муҳаббати бериё,

[7] Дар каломи ростӣ, дар қуввати Худо, бо аслиҳаи адолат дар дасти рост ва чап,

[8] Дар шараф ва бешарафӣ, дар бадномӣ ва некномӣ; моро фиребгар мешуморанд, лекин мо амин ҳастем;

[9] Мисли номашҳур, лекин мо ба ҳама машҳур ҳастем; мисли мурдагон, вале инак, мо зинда ҳастем; ҷазо мебинем, лекин мо намемирем;

[10] Мисли ғамгин, лекин мо ҳамеша шодӣ мекунем; бенаво, вале мо бисьёр касонро сарватдор мегардонем; тамоман нодор, лекин мо дорои ҳама чиз ҳастем.

[11] Даҳони мо, эй қӯринтиён, сӯи шумо кушода шудааст, дили мо фарох аст.

[12] Барои шумо дар мо ҷой танг нест, лекин андаруни худатон ҷой танг аст.

[13] Дар ивази ин, — чун ба фарзандони худ мегӯям, — шумо низ бояд фарохдил бошед.

[14] Зери юғи бегона бо якҷоягии беимонон сар хам накунед. Зеро ки адолат бо шарорат чӣ алоқае дорад? Ва нур бо зулмот чӣ умумияте дорад?

[15] Масеҳ бо блияал чӣ созгорӣ дорад? Ё имондор бо беимон чӣ ширкате дорад?

[16] Ва маъбади Худо бо бутҳо чӣ мувофиқат дорад? Зеро ки шумо маъбади Худои Ҳай ҳастед, чунон ки Худо гуфтааст: «Андаруни онҳо сокин шуда, дар миёни онҳо роҳ хоҳам рафт; ва Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд.

[17] Бинобар ин аз миёни онҳо берун оед ва ҷудо шавед, мегӯяд Худованд, ва ба чизи нопок нарасед, ва Ман шуморо қабул хоҳам кард;

[18] Ва Падари шумо хоҳам буд, ва шумо писарон ва духтарони Ман хоҳед буд, мегӯяд Худованди Қодири Мутлақ».

Номаи дуюми Павлус ба Қӯринтиён — Chapters