Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 2:56

[1] Лекин ман, Павлус, ки шахсан дар миёни шумо хоксорам, вале ғоибона бар шумо ҷасорат дорам, шуморо бо фурӯтанӣ ва меҳрубонии Масеҳ даъват менамоям,

[2] Ва илтимос мекунам, ки дар омадани худ он ҷасорати қатъиро ба кор набарам, ки ният дорам ба муқобили баъзе касоне зоҳир созам, ки ба гумонашон мо ба ҳасби ҷисм рафтор менамоем.

[3] Зеро ки мо, агарчи дар ҷисм зиндагӣ мекунем, ба ҳасби ҷисм намеҷангем;

[4] Зеро аслиҳаи ҷанги мо ҷисмонӣ нест, балки назди Худо боиқтидор аст барои хароб кардани қалъаҳо;

[5] Мо дасисаҳо ва ҳар баландгириро, ки бар зидди дониши Худо қиём мекунад, сарнагун месозем ва ҳар фикрро ба итоати Масеҳ асир мекунем,

[6] Ва тайёр ҳастем ҳар беитоатиро ҷазо диҳем, вақте ки итоати шумо комил гардад.

[7] Оё аз рӯи қиёфа ҳукм мекунед? Агар касе ба худаш эътимод дорад, ки ӯ аз они Масеҳ аст, бигзор вай боз ҳам аз худаш қиёс гирад, ки чунон ки вай аз они Масеҳ аст, ончунон мо низ аз они Масеҳ ҳастем.

[8] Зеро, агар ман як қадар зиёдтар фахр намоям аз ихтиёре ки Худованд барои буньёдкорӣ, на барои харобкории шумо, ба мо додааст, хиҷил нахоҳам шуд,

[9] То ба назар чунин нанамояд, ки гӯё ман шуморо бо номаҳо тарсонда истодаам,

[10] Чунки мегӯянд: «Дар номаҳо ӯ ҷиддӣ ва зӯровар аст, аммо ҳузури шахсии ӯ заиф, ва нутқаш ночиз аст».

[11] Чунин шахс бидонад, ки мо дар каломи номаҳои ғоибона чӣ гунае ки бошем, амалан, дар хузури шахсӣ низ ҳамон гунаем.

[12] Зеро ки мо ҷуръат намекунем худро бо касони худсито муқоиса намоем ё баробар кунем: онҳое ки худро бо худ андоза мекунанд ва худро бо худ муқоиса менамоянд, хирад надоранд.

[13] Лекин мо берун аз андоза фахр наҳоҳем кард, балки ба андозаи он ҳадде ки Худо барои мо муайян кардааст, то ки ба шумо ҳам бирасем.

[14] Мо аз ҳадди худ намегузарем, ки гӯё ба шумо нарасида бошем, зеро ки бо Инҷили Масеҳ ба шумо ҳам расидаем.

[15] Мо берун аз андоза бо меҳнатҳои дигарон фахр намекунем, лекин умед дорем, ки ҳар қадар имонатон зиёдтар шавад, ҳадди кори мо низ дар миёни шумо афзоиш хоҳад ёфт,

[16] То ки дар ҷойҳои аз шумо дуртар ҳам Инҷилро мавъиза намоем ва бо он чи дар ҳадди кори дигарон муҳайё шудааст, фахр накунем.

[17] Ва ҳар кӣ фахр мекунад, бигзор бо Худованд фаҳр кунад.

[18] Зеро на он кас арзанда аст, ки худро ситоиш мекунад, балки он кас, ки Худованд ӯро ситоиш мекунад.

Номаи дуюми Павлус ба Қӯринтиён — Chapters