[1] Ғуломоне ки зери юғ мебошанд, бояд оғоёни худро сазовори ҳар иззату икром донанд, то ки исми Худо ва таълимоти мо гирифтори мазаммат нашавад.
[2] Вале онҳое ки оғоёни имондор доранд, набояд ба онҳо беэътиноӣ кунанд, чунки онҳо бародаронанд; балки бояд бо ҷидду ҷаҳди боз ҳам зиёдтар ба онҳо хизмат кунанд, зеро онҳое ки аз инҳо баҳрае мебинанд, имондор ва маҳбубанд. Инро таълим деҳ ва насиҳат намо.
[3] Агар касе таълимоти дигарро паҳн кунад ва ба суханони солими Худованди мо Исои Масеҳ ва ба таълимоти диндорӣ пайравӣ накунад, —
[4] Вай мағрур аст, ҳеҷ чизро намедонад, балки ба бемории муҷодилот ва мубоҳисот дучор шудааст, ки аз онҳо ҳасад, ҷанҷол, бадзабониҳо, гумонҳои шарирона
[5] Ва мунозираҳои бекора ба амал меояд дар миёни шахсони ақлрамида ва аз ҳақиқат бегонае ки мувофиқи пиндошташон диндорӣ манбаи фоида аст. Аз чунин шахсон канорагирӣ намо.
[6] Аммо диндорӣ бо қаноатмандӣ манфиати зиёде дорад.
[7] Зеро ки мо ба дуньё чизе наовардаем, ва равшан аст, ки наметавонем чизе аз он низ бибарем.
[8] Бинобар ин, модоме ки хӯрок ва либос дорем, аз он қонеъ хоҳем буд.
[9] Лекин онҳое ки мехоҳанд сарватдор шаванд, гирифтори озмоиш ва дом ва бисьёр ҳавасҳои беақлона ва зарарнок мешаванд, ки онҳо мардумро дар хонавайронӣ ва ҳалокат меғӯтонанд.
[10] Зеро ки решаи ҳамаи бадихо зарпарастист, ки баъзе касон ба он орзуманд шуда, аз имон баргаштаанд ва худро гирифтори андӯҳҳои зиёде кардаанд.
[11] Аммо ту, эй одами Худо, аз ин ҳазар намо ва аз паи адолат, диндорӣ, имон, муҳаббат, сабр ва фурӯтанӣ бирав;
[12] Дар роҳи имон ба таври нек талош намо, ҳаёти ҷовидониро аз они худ бисоз, ки барои он ту даъват гардидаӣ ва дар пеши шоҳидони бисьёр эътирофи нек кардаӣ.
[13] Ба ҳузури Худое ки ҳамаро ҷон мебахшад, ва ба ҳузури Исои Масеҳ, ки дар пеши Понтиюс Пилотус эътирофи нек кардааст, ба ту амр мефармоям,
[14] Ки ҳукмро то вақти зуҳури Худованди мо Исои Масеҳ беайб ва бенуқсон риоя намоӣ,
[15] Ки онро Фармонгузори таборак ва ягона, Подшоҳи подшоҳон ва Худованди худовандон дар вақти худ нишон хоҳад дод,
[16] Ки танҳо Ӯ Ҳайи лоямут буда, дар нури дастнорас сокин аст, ва Ӯро як нафар ҳам аз одамон надидааст ва дида наметавонад. Ӯро то абад шавкат ва қудрат бод! Омин.
[17] Сарватдорони ин дуньёро амр фармой, ки ҳавобаландӣ накунанд ва ба сарвати бебақо умед набанданд, балки ба Худои Ҳай, ки ҳама чизро барои маишати мо ба фаровонӣ ато мекунад;
[18] Бигзор онҳо некӣ кунанд ва аз аъмоли нек сарватманд шаванд, валинеъмат ва одамдӯст бошанд
[19] Ва барои худ ганҷе ғун кунанд, ки барои оянда асоси нек гардад, то ки хаёти ҷовидониро аз они худ созанд.
[20] Эй Тимотиюс! Он чиро, ки ба ту амонат гузошта шудааст, муҳофизат намо ва аз ёвагӯии ношоям ва мубоҳисоте ки бардурӯғ дониш номида мешавад, рӯй гардон,
[21] Ки баъзе касон ба он часпида, аз имон баргаштаанд. Файз бо ту бод. Омин.