[1] Аммо Рӯҳ кушоду равшан мегӯяд, ки дар замонҳои охир баъзе касон аз имон баргашта, ба арвоҳи фиребанда ва таълимоти шаётин гӯш хоҳанд андохт,
[2] Ба воситаи риёкории дурӯғгӯёне ки виҷдонашон гӯё бо доғе беҳис шудааст,
[3] Никоҳро манъ мекунанд ва аз ҳар навъ хӯрок парҳез мефармоянд, ки онро Худо офаридааст, то ки имондорон ва орифони ростӣ бо шукргузорӣ бихӯранд.
[4] Зеро ки ҳар офаридаи Худо хуб аст, ва ҳеҷ чиз набояд рад карда шавад, агар онро бо шукргузорӣ бихӯранд,
[5] Чунки он бо каломи Худо ва бо дуо тақдис мегардад.
[6] Агар инро ба бародарон талқин намоӣ, хизматгузори неки Исои Масеҳ хоҳӣ буд, ки аз суханони имон ва таълимоти неке ки пайравӣ кардаӣ, ғизо мегирӣ.
[7] Аммо аз қиссаҳои нолоиқи аҷузаҳо рӯй гардон, балки худро дар диндорӣ машқ деҳ;
[8] Зеро ки машқи ҷисмонӣ кам фоида дорад, вале диндорӣ барои ҳама чиз фоиданок аст, ки ваъдаи ҳаёти ҳозира ва ояндаро дорад.
[9] Дуруст аст ин сухан ва сазовори қабули куллӣ.
[10] Зеро барои ҳамин ҳам мо меҳнат мекунем ва заҳмат мекашем, ки ба Худои Ҳай умед бастаем, ки Ӯ Наҷотдиҳандаи ҳамаи одамон, алалхусус имондорон аст.
[11] Ҳаминро мавъиза намо ва таълим деҳ.
[12] Бигзор ҳеҷ кас ба ҷавонии ту беэътиноӣ накунад; балки барои имондорон дар сухан, дар рафтор, дар муҳаббат, дар рӯҳ, дар имон, дар покӣ намунаи ибрат бош.
[13] То вақти омаданам ба қироат, насиҳат ва таълим машғул шав.
[14] Ба бахшоиши Рӯҳ, ки дар туст, беэътиноӣ накун, ки он ба ту ба василаи нубувват бо гузоштани дастҳои пирон дода шудааст.
[15] Ба ин ғамхорӣ намо ва инро тарк накун, то ки муваффақияти ту ба ҳама намоён шавад.
[16] Ба худат ва ба таълим диққат деҳ, доимо ба ин машғул бош; зеро, агар ҳамин тавр рафтор кунӣ, ҳам худатро наҷот медиҳӣ ва ҳам шунавандагонатро.