Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 2:03

[1] Пас, дар навбати аввал хоҳишмандам, ки дуоҳо, илтимосҳо, тазаррӯъҳо ва шукронаҳо ба ҷо оварем барои ҳамаи одамон,

[2] Барои подшоҳон ва барои ҳамаи ҳукуматдорон, то ки ором ва сокит, бо камоли парҳезгорӣ ва покӣ умр гузаронем;

[3] Зеро ин дар назари Худо, ки Наҷотдиҳандаи мост, хуб ва писандида аст,

[4] Ки Ӯ мехоҳад, ки ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд.

[5] Зеро ки Худо ягона аст, ва воситачии байни Худо ва одамон низ ягона аст, ки Исои Масеҳи одамизод аст,

[6] Ки Худро ҳамчун фидияе барои ҳама дод: ин шаҳодатест, ки дар замони муайян дода шудааст,

[7] Ва барои ин ман воиз ва ҳавворӣ ва муаллими халқҳо дар имон ва ростӣ таъин шудаам, — дар Масеҳ рост мегӯям, дурӯғ не.

[8] Пас хоҳиш дорам, ки мардон дастҳои муқаддасро бе ғазаб ва шубҳа боло бардошта, дар ҳар ҷо дуо гӯянд;

[9] Ва занон низ дар сару либоси шоиста маҳҷубона ва боисмат бошанд ва худро на бо мӯйбофӣ, на бо тилло, на бо марворид ва на бо либосҳои гаронбаҳо оро диҳанд,

[10] Балки бо аъмоли нек, чунон ки ба занони парҳезгор муносиб аст.

[11] Бигзор зан дар хомӯшӣ бо камоли итоат таълим гирад;

[12] Ва ба зан иҷозат намедиҳам, ки таълим диҳад ва бар мард ҳукмрон шавад, балки хомӯш бошад.

[13] Зеро ки аввал Одам офарида шудааст, ва баъд аз ӯ Ҳавво;

[14] Ва Одам фирефта нашудааст, балки зан фиреб хӯрда, ба гуноҳ дучор шудааст;

[15] Лекин вай ба воситаи бачазоӣ наҷот хоҳад ёфт, агар дар имон ва муҳаббат ва кудсият бо исмат қоим бошад.

Номаи Якуми Павлус ба Тимотиюс — Chapters