[1] Пирамардро мазаммат накун, балки чун падар насиҳат деҳ; ҷавононро чун бародарон;
[2] Пиразанонро чун модарон; ҷавонзанонро чун хоҳарон, бо камоли покӣ.
[3] Бевазанонро, агар бевазанони ҳақиқӣ бошанд, эҳтиром намо.
[4] Вале агар бевазане соҳиби фарзандон ва ё набераҳо бошад, бигзор онҳо аввал вазифаи динии худро нисбат ба оила таълим гиранд ва падарону модаронро қадрдонӣ кунанд, зеро ки ин писандидаи Худост.
[5] Бевазани ҳақиқӣ ва бекас ба Худо умед мебандад ва шабу рӯз ба тазаррӯъ ва дуо машғул аст,
[6] Лекин бевазане ки дар айшу ишрат умр могузаронад, зинда ба зинда мурдааст.
[7] Ана ҳаминро ба онҳо талқин намо, то ки беайб бошанд.
[8] Аммо агар касе ба хешу табораш ва алалхусус ба аҳли хонааш ғамхорӣ накунад, вай тарки имон кардааст ва аз беимонон бадтар аст.
[9] Ба рӯйхат номи бевазане сабт шавад, ки синну солаш аз шаст кам набошад ва як шавҳар карда бошад
[10] Ва дар бораи аъмоли некаш шаҳодате дошта бошад: фарзандонро тарбият дода, ғарибонро меҳмондорӣ карда, пойҳои муқаддасонро шуста, аламзадагонро дастгирӣ намуда ва ҳар амали некро пайравӣ карда бошад.
[11] Лекин бевазанони ҷавонро қабул накун, зеро вақте ки шаҳват онҳоро аз Масеҳ дур месозад, мехоҳанд никоҳ кунанд;
[12] Бинобар ин маҳкум хоҳанд шуд, чунки имони пештараро рад кардаанд;
[13] Илова бар ин, азбаски бекоранд, хона ба хона мегарданд, — ва на танҳо бекоранд, балки низ лаққӣ ва кунҷков буда, суҳаноне мегӯянд, ки шоиста нест.
[14] Пас, хоҳиши ман ин аст, ки ҷавонзанон никоҳ кунанд, бача зоянд, бо рӯзгори хона машғул шаванд ва ба душман ҳеҷ як асосе надиҳанд, ки бадгӯӣ кунад:
[15] Зеро ки баъзе аз онҳо аз паи шайтон рафта, гумроҳ шудаанд.
[16] Агар мард ё зани имондоре бевазанон дошта бошад, бигзор ба онҳо мадад расонад ва бар Калисо гаронӣ накунад, то ки Калисо ба бевазанони ҳақиқӣ мадад расонда тавонад.
[17] Пироне ки нағз сардорӣ мекунанд, эҳтироми дучандро сазоворанд, алалхусус онҳое ки дар ваъз ва таълим меҳнат мекунанд.
[18] Зеро ки дар Навиштаҳо гуфта шудааст: «Вақте ки барзагов хирман мекӯбад, даҳонашро набанд»; ва боз: «Меҳнаткаш музди худро сазовор аст».
[19] Шикоятро дар ҳаққи пире, бе он ки ду ё се шоҳид бошад, қабул накун.
[20] Хатокоронро дар ҳузури ҳама танбеҳ намо, то ки дигарон низ битарсанд.
[21] Дар пеши Худо ва Исои Масеҳи Худованд ва фариштаҳои баргузида туро қасам медиҳам, ки инро бе ғаразе риоя намоӣ ва ҳеҷ коре бо рӯйбинӣ накунӣ.
[22] Дастҳоро бар ҳеҷ кас шитобкорона нагузор ва ба гуноҳҳои дигарон шарик нашав; худро пок нигоҳ дор.
[23] Минбаъд оби танҳо нанӯш, балки барои меъдаат ва нотобиҳои зиёде ки дорӣ, каме шароб ба кор бар.
[24] Гуноҳҳои баъзе касон ошкор аст ва рост сӯи маҳкумият мебарад, лекин гуноҳҳои баъзеи дигарон баъдтар ошкор мешавад.
[25] Ҳамчунин аъмоли нек ошкор аст, ва агар ин тавр набошад ҳам, пинҳон монда наметавонад.