Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 3:36

[1] Павлус, ҳаввории Исои Масеҳ бо амри Худое ки Наҷотдиҳандаи мост, ва Исои Масеҳи Худованд, ки умеди мост,

[2] Ба Тимотиюс, ки фарзанди ҳақиқӣ дар имон аст: файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Худованди мо Исои Масеҳ бод.

[3] Вақте ки ба Мақдуния равона шудам, аз ту хоҳиш кардам, ки дар Эфсӯс бимонӣ, то баъзе касонро насиҳат диҳӣ, ки таълимоти дигарро паҳн накунанд

[4] Ва бо қиссаҳо ва насабномаҳои бепоён машғул нашаванд, ки ин чизҳо на ба ободии хонаи Худо, ки дар имон аст, балки бештар ба мубоҳисот оварда мерасонад.

[5] Мақсади ин насиҳат муҳаббат аст, ки аз дили соф ва виҷдони нек ва имони бериё падид меояд,

[6] Ки баъзе касон аз он баргашта, ба ёвагӯӣ моил шудаанд,

[7] Дар ҳолате ки мехоҳанд муаллимони шариат бошанд, аммо намефаҳманд на он чиро, ки мегӯянд, на он чиро, ки даъво мекунанд.

[8] Лекин мо медонем, ки шариат нек аст, кас агар онро ба таври шаръӣ ба кор барад,

[9] Ва инро бидонад, ки шариат на барои одил дар миён гузошта шудааст, балки барои шарирон ва беитоатон, осиён ва гуноҳкорон, фосиқон ва палидон, барои таҳқиркунандагони падар ва модар, барои одамкушон,

[10] Барои зинокорон, ливотагарон, одамдуздон, дурӯғгӯён, савгандшиканон ва барои ҳар амале ки бар хилофи таълимоти солим аст,

[11] Ба ҳасби башорати пурҷалоли Худои таборак, ки ба ман супурда шудааст.

[12] Исои Масеҳи Худованди моро шукргузорӣ мекунам, ки Ӯ ба ман қувват бахшид ва маро амин дониста, ба хизматгузорӣ таъин намуд, —

[13] Маро, ки пештар куфргӯ ва таъқибкунанда ва озордеҳ будам, лекин сазовори марҳамат гардидам, чунки аз рӯи нодонӣ, дар беимонӣ амал мекардам;

[14] Аммо файзи Худованди мо бо имон ва муҳаббате ки дар Исои Масеҳ аст, дар ман ниҳоятдараҷа зоҳир шуд.

[15] Ин сухан дуруст аст ва сазовори қабули куллӣ, ки Исои Масеҳ ба дуньё омад, то гуноҳкоронро наҷот диҳад, ва ман бадтарини онҳо ҳастам.

[16] Лекин ман барои он сазовори марҳамат шудам, ки Исои Масеҳ тамоми пурсабриро аввал дар ман нишон диҳад, то ба онҳое ки барои ҳаёти ҷовидонӣ ба Ӯ имон хоҳанд овард, намунаи ибрат бошам.

[17] Ба Подшоҳи ҷовид, ба Худои ғайрифонӣ, нонамоён ва якто то абад шавкат ва ҷалол бод. Омин.

[18] Туро, эй фарзандам Тимотиюс, мувофиқи нубувватҳое ки пештар дар ҳаққи ту шуд, чунин насиҳат медиҳам, ки ту мутобиқи онҳо амал намуда, ҳамчун сарбози нек ҷанг кунӣ,

[19] Ва имон ва виҷдони нек дошта бошӣ, ки баъзе касон онро рад карданд, ва киштии имонашон ғарқ шуд;

[20] Аз он ҷумла Хумниюс ва Искандар, ки онҳоро ба шайтон супурдам, то таълим диҳам, ки куфр нагӯянд.

Номаи Якуми Павлус ба Тимотиюс — Chapters