[1] Ҳар кӣ имон дорад, ки Исо Масеҳ аст, вай аз Худо таваллуд ёфтааст, ва ҳар кӣ Волидро дӯст медорад, вай Мавлуди Ӯро низ дӯст медорад.
[2] Аз ин мо медонем, ки фарзандони Худоро дӯст медорем, ки Худоро дӯст дорем ва аҳкоми Ӯро риоят кунем.
[3] Зеро муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоят кунем; ва аҳкоми Ӯ гарон нест,
[4] Зеро ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, ҷаҳонро мағлуб мекунад; ва ин ғалабае ки ҷаҳонро мағлуб кардааст, имони мост.
[5] Кист, ки ҷаҳонро мағлуб мекунад, ҷуз касе ки имон дорад, ки Исо Писари Худост?
[6] Ӯ Исои Масеҳ аст, ки бо об ва хун ва Рӯҳ омадааст, на танҳо бо об, балки бо об ва хун; ва Рӯҳ шаҳодат медиҳад, чунки Рӯҳ ростист.
[7] Зеро се ҳастанд, ки дар осмон шаҳодат медиҳанд: Падар, Калом ва Рӯҳулқудс; ва Ин се як ҳастанд.
[8] Ва се ҳастанд, ки дар замин шаҳодат медиҳанд: рӯҳ, об ва хун; ва ин се мувофиқат мекунанд.
[9] Агар мо шаҳодати одамиро қабул кунем, шаҳодати Худо бузургтар аст, зеро ин шаҳодати Худост, ки Ӯ дар бораи Писари Худ шаҳодат додааст.
[10] Касе ки ба Писари Худо имон дорад, дар худ шаҳодат дорад; касе ки ба Худо имон надорад, Ӯро дурӯғгӯ донистааст, зеро ба шаҳодате ки Худо дар бораи Писари Худ додааст, имон надорад.
[11] Ва ин шаҳодат аз он иборат аст, ки Худо ба мо ҳаёти ҷовидонӣ ато намудааст, ва ин ҳаёт дар Писари Ӯст.
[12] Касе ки Писарро дорад, ҳаёт дорад, касе ки Писари Худоро надорад, ҳаёт надорад.
[13] Ба шумо, ки ба исми Писари Худо имон доред, инро навиштаам, то донед, ки шумо ба Писари Худо имон дошта, ҳаёти ҷовидонӣ доред.
[14] Ва ҷуръате ки мо ба ҳузури Ӯ дорем, дар он аст, ки агар мо мувофиқи иродаи Ӯ чизеро талаб кунем, Ӯ моро мешунавад;
[15] Ва агар донем, ки Ӯ моро дар ҳар чӣ талаб кунем, мешунавад, онро низ медонем, ки он чи аз Ӯ талаб кардаем, меёбем.
[16] Агар касе бародари худро бинад, ки гуноҳе мекунад, ки анҷомаш мамот нест, бигзор дуо гӯяд, ва Худо Ӯро ҳаёт хоҳад бахшид: дар бораи онҳое мегӯям, ки анҷоми гуноҳашон мамот нест. Гуноҳе ҳаст, ки анҷомаш мамот аст: дар бораи чунин гуноҳ намегӯям, ки дуо гӯед.
[17] Ҳар ноинсофӣ гуноҳ аст, лекин гуноҳест, ки анҷомаш мамот нест.
[18] Мо медонем, ки ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, гуноҳ намекунад, балки Писари Худо варо муҳофизат мекунад, ва иблис ба вай даст намерасонад.
[19] Мо медонем, ки мо аз Худо ҳастем, вале тамоми ҷаҳон дар зери хукумати иблис аст.
[20] Валекин мо медонем, ки Писари Худо омада, ба мо ҳирад бахшид, то ки ҳақро дарк кунем, ва мо дар ҳақ, дар Писари Ӯ Исои Масеҳ ҳастем. Ӯ Худои ҳақиқӣ ва ҳаёти ҷовидонӣ мебошад.
[21] Эй фарзандон! Худро аз бутҳо нигоҳ доред. Омин.