Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 3:08

[1] Пир — ба ҳотуни баргузида ва фарзандони вай, ки ман онҳоро дар ростӣ дӯст медорам, ва на танҳо ман, балки низ ҳамаи онҳое ки ростиро дарк кардаанд,

[2] Ба хотири ростие ки дар мо сокин аст ва то абад бо мо хоҳад буд:

[3] Файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Исои Масеҳи Худованд, ки Писари Падар аст, дар ростӣ ва муҳаббат бо шумо бод.

[4] Ман бағоят хурсанд шудам, ки аз байни фарзандонат касонеро ёфтам, ки дар ростӣ рафтор мекунанд, ба ҳасби ҳукме ки мо аз Падар пазируфтаем.

[5] Ва акнун аз ту, эй хотун, хоҳишмандам: на ҳамчун ҳукми тозае ба ту менависам, балки ҳамонро, ки мо аз ибтидо доштем, ки ба якдигар муҳаббат дошта бошем.

[6] Ва муҳаббат аз он иборат аст, ки мо бар тибқи аҳкоми Ӯ рафтор кунем. Ин ҳамон ҳукмест, ки шумо аз ибтидо шунидаед, то ки бар тибқи он рафтор кунед.

[7] Зеро бисьёр фиребгарон дар дуньё пайдо шудаанд, ки Исои Масеҳи ба ҳасби ҷисм омадаро эътироф намекунанд: чунин шаҳс фиребгар ва зиддимасеҳ аст.

[8] Аз худ бохабар бошед, ки мабодо он чиро, ки мо барояш меҳнат кардаем, барбод диҳед, балки мукофоти комил бигиред.

[9] Ҳар ки аз таълимоти Масеҳ дур мешавад ва дар он сокин нест, Худо надорад; касе ки дар таълимоти Масеҳ сокин аст, ҳам Падарро дорад ва ҳам Писарро.

[10] Касе ки назди шумо меояд ва ин таълимотро намеоварад, варо ба хонаи худ қабул накунед ва ба вай салом надиҳед;

[11] Зеро касе ки ба вай салом диҳад, ба аъмоли шариронаи вай шарик мешавад.

[12] Чизи бисьёре дорам, ки ба шумо бинависам, аммо намехоҳам ба коғаз бо сиёҳӣ бинависам, балки умедворам, ки назди шумо биёям ва даҳонакӣ бигӯям, то ки хурсандии мо комил бошад.

[13] Фарзандони хоҳари баргузидаи ту ба ту салом мерасонанд. Омин.

Номаи дуюми Юҳанно — Chapters