[1] Дар бораи он чи аз ибтидо буд, ва мо онро шунидаем ва бо чашмони ҳуд дидаем ва муроқиба намудаем, ва онро дастҳои мо ламс кардааст, дар бораи Каломи ҳаёт, —
[2] Зеро ки ҳаёт зоҳир шуд, ва мо дидаем ва шаҳодат медиҳем ва ба шумо аз ҳаёти ҷовидоние хабар медиҳем, ки бо Падар буд ва ба мо зоҳир шуд, —
[3] Дар бораи он чи мо дидаем ва шунидаем, ба шумо хабар медиҳем, то ки шумо низ бо мо мушоракат дошта бошед; валекин мушоракати мо бо Падар ва бо Писари Ӯ Исои Масеҳ аст.
[4] Ва инро мо ба шумо менависем, то ки шодии шумо комил бошад.
[5] Ва ин аст паёме ки мо аз Ӯ шунидаем ва ба шумо хабар медиҳем: Худо нур аст, ва дар Ӯ ҳеҷ зулмоте нест.
[6] Агар мо гӯем, ки бо Ӯ мушоракат дорем, вале дар зулмот мегардем, мо дурӯғ мегӯем ва бар тибқи ростӣ рафтор намекунем;
[7] Аммо агар дар нур мегашта бошем, чунон ки Ӯ дар нур аст, бо якдигар мушоракат дорем, ва Хуни Писари Ӯ Исои Масеҳ моро аз ҳар гуноҳ пок менамояд.
[8] Агар гӯем, ки мо гуноҳе надорем, — худамонро фиреб медиҳем, ва дар мо ростӣ нест.
[9] Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд.
[10] Агар гӯем, ки мо гуноҳе накардаем, Ӯро дурӯғгӯй месозем, ва каломи Ӯ дар мо нест.