[1] Бубинед, ки Падар ба мо чӣ гуна муҳаббате ато намудааст, то ки мо фарзандони Худо номида шавем, ва чунин ҳастем. Ҷаҳон моро аз он сабаб намешиносад, ки Ӯро нашинохтааст.
[2] Эй маҳбубон! Мо акнун фарзандони Худо ҳастем, вале ҳанӯз маълум нашудааст он чи хоҳем буд. Фақат ҳамин қадарашро медонем, ки дар вақти зоҳир шуданаш монанди Ӯ хоҳем буд, зеро Ӯро, чунон ки ҳаст, хоҳем дид.
[3] Ва ҳар кӣ аз Ӯ чунин умед дорад, худро пок менамояд, чунон ки Ӯ пок аст.
[4] Ҳар кӣ гуноҳ мекунад, шариатро мешиканад, ва гуноҳ шикастани шариат аст.
[5] Ва шумо медонед, ки Ӯ барои бардоштани гуноҳҳои мо зоҳир шуд, ва дар Ӯ гуноҳе нест.
[6] Ҳар кӣ дар Ӯ бимонад, гуноҳ намекунад; ҳар кӣ гуноҳ мекунад, Ӯро надидааст ва Ӯро нашинохтааст.
[7] Эй фарзандон! Бигзор шуморо ҳеҷ кас фирефта накунад. Касе ки адолатро ба амал меоварад, вай одил аст, чунон ки Ӯ одил аст.
[8] Касе ки гуноҳ мекунад, вай аз иблис аст, чунки иблис аз ибтидо гуноҳ кардааст. Барои ҳамин ҳам Писари Худо зоҳир шуд, ки аъмоли иблисро вайрон кунад.
[9] Ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, гуноҳ намекунад, чунки зоти Ӯ дар вай сокин аст; вай гуноҳ намекунад, чунки аз Худо таваллуд ёфтааст.
[10] Фарзандони Худо ва фарзандони иблис ин тавр шинохта мешаванд: ҳар кӣ адолатро ба амал намеоварад, аз Худо нест, ҳамчунин касе ки бародари худро дӯст намедорад.
[11] Зеро паёме ки шумо аз ибтидо шунидаед, чунин аст, ки мо бояд якдигарро дӯст дорем,
[12] На ҳамчун Қобил, ки аз иблис буд ва бародари худро кушт. Ва аз барои чӣ вайро кушт? Аз барои он ки аъмоли худаш бад буд, вале аъмоли бародараш — одилона.
[13] Ҳайрон нашавед, эй бародаронам, агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад.
[14] Мо медонем, ки аз марг ба ҳаёт гузаштаем, чунки бародаронро дӯст медорем; касе ки бародарашро дӯст намедорад, ҳанӯз дар марг сокин аст.
[15] Ҳар кӣ аз бародари худ нафрат дорад, қотил аст; ва шумо медонед, ки ҳеҷ як қотил ҳаёти ҷовидоние надорад, ки дар вай сокин бошад.
[16] Мо муҳаббатро аз он донистем, ки Ӯ ҷони Худро барои мо фидо кард. Мо ҳам бояд ҷонҳои худро барои бародарон фидо кунем.
[17] Ва агар касе ки дар ҷаҳон осудаҳол аст, бародари худро дар ҳолати мӯҳтоҷӣ дида, раҳмдилии худро аз вай дареғ медорад, — чӣ гуна муҳаббати Худо дар ӯ сокин аст?
[18] Эй фарзандонам! На бо сухан ва забон, балки бо амал ва ростӣ дӯст бидорем.
[19] Ва аз ин хоҳем донист, ки мо аз ростӣ ҳастем, ва дили худро ба ҳузури Ӯ ором хоҳем кард,
[20] Дар ҳар чизе ки дил моро маҳкум менамояд, чунки Худо аз дили мо бузургтар аст ва ҳар чизро медонад.
[21] Эй маҳбубон! Агар дили мо моро маҳкум накунад, мо ба ҳузури Худо ҷуръат дорем,
[22] Ва ҳар чӣ талаб кунем, аз Ӯ меёбем, чунки аҳкоми Ӯро риоят мекунем ва он чи ба ҳузури Ӯ мақбул аст, ба амал меоварем.
[23] Ва ҳукми Ӯ ин аст, ки мо ба исми Писари Ӯ Исои Масеҳ имон оварем ва якдигарро дӯст дорем, чунон ки Ӯ ба мо ҳукм кардааст.
[24] Ва касе ки аҳкоми Ӯро нигоҳ медорад, вай дар Ӯ сокин аст, ва Ӯ дар вай. Ва ин ки Ӯ дар мо сокин аст, аз он Рӯҳе медонем, ки Ӯ ба мо ато намудааст.