[1] Эй фарзандонам! Инро ба шумо менависам, то ки шумо гуноҳ накунед; ва агар касе гуноҳ кунад, мо ба ҳузури Падар Шафоатгаре дорем, ки Исои Масеҳи Одил аст.
[2] Ва Ӯ кафорат аст барои гуноҳҳои мо, ва на танҳо барои гуноҳҳои мо, балки барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон низ.
[3] Аз ин медонем, ки Ӯро мешиносем, ки аҳкоми Ӯро риоят мекунем.
[4] Касе ки гӯяд: «Ман Ӯро мешиносам», аммо аҳкоми Ӯро риоят накунад, вай дурӯғгӯй аст, ва дар вай ростӣ нест.
[5] Валекин касе ки каломи Ӯро риоят мекунад, дар вай ба ростӣ муҳаббати Худо ба камол расидааст. Аз ин медонем, ки мо дар Ӯ ҳастем.
[6] Касе гӯяд, ки дар Ӯ собит мемонад, вай бояд тавре рафтор кунад, ки Ӯ рафтор мекард.
[7] Эй маҳбубон! Ба шумо ҳукми тозае наменависам, балки ҳукми қадимие ки шумо аз ибтидо доштед: ҳукми қадимӣ каломест, ки шумо аз ибтидо шунидаед.
[8] Лекин дар айни ҳол ба шумо ҳукми тозае менависам, ки ростии он ҳам дар Ӯст ва ҳам дар шумост, чунки зулмот гузарон аст, ва акнун нури ҳақиқӣ медурахшад.
[9] Ҳар кӣ гӯяд, ки вай дар нур аст, валекин аз бародари худ нафрат дошта бошад, вай ҳанӯз дар зулмот аст.
[10] Касе ки бародари худро дӯст медорад, вай дар нур сокин аст, ва дар вай васвасае нест.
[11] Вале касе ки аз бародари ҳуд нафрат дорад, вай дар зулмот аст, ва дар зулмот мегардад, ва намедонад, ки куҷо меравад, чунки зулмот чашмонашро кӯр кардааст.
[12] Ба шумо, эй фарзандон, менависам, чунки гуноҳҳои шумо ба хотири исми Ӯ омурзида шудааст.
[13] Ба шумо, эй падарон, менависам, чунки шумо Ӯро, ки аз ибтидост, шинохтаед. Ба шумо, эй ҷавонон, менависам, чунки шумо иблисро мағлуб кардаед. Ба шумо, эй бачагон, менависам, чунки шумо Падарро шинохтаед.
[14] Ба шумо, эй падарон, навиштаам, чунки шумо Ӯро, ки аз ибтидост, шинохтаед. Ба шумо, эй ҷавонон, навиштаам, чунки шумо пурзӯр ҳастед, ва каломи Худо дар шумо сокин аст, ва шумо иблисро мағлуб кардаед.
[15] Ҷаҳонро дӯст надоред, на он чиро, ки дар ҷаҳон аст: касе ки ҷаҳонро дӯст медорад, дар вай муҳаббати Падар нест;
[16] Зеро ҳар чи дар ҷаҳон аст: шаҳвати ҷисм, ҳаваси чашмон ва ғурури зиндагонӣ — аз Падар нест, балки аз ин ҷаҳон аст.
[17] Ва ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист.
[18] Эй фарзандон! Соати охирин аст, ва чунон ки шунидаед, зиддимасеҳ меояд, ва ҳоло зиддимасеҳони зиёде пайдо шудаанд; аз ин рӯ медонем, ки соати охирин аст.
[19] Онҳо аз мо берун омадаанд, аммо аз они мо набуданд; зеро, агар онҳо аз они мо мебуданд, бо мо мемонданд; лекин онҳо берун омаданд, то маълум шавад, ки ҳеҷ яке аз онҳо аз они мо нестанд.
[20] Валекин шумо аз ҷониби Қуддус тадҳин ёфтаед ва ҳамаи шумо ростиро медонед.
[21] Ман ба шумо на аз он сабаб навиштаам, ки ростиро намедониста бошед, балки аз он сабаб, ки шумо онро медонед, ҳамчунин инро, ки ҳеҷ дурӯғ аз ростӣ нест.
[22] Кист дурӯғгӯ, ғайр аз касе ки Масеҳ будани Исоро инкор мекунад? Вай зиддимасеҳ аст, ки Падар ва Писарро инкор мекунад.
[23] Ҳар кӣ Писарро инкор мекунад, Падарро низ надорад; ҳар кӣ Писарро эътироф мекунад, Падарро низ дорад.
[24] Пас, он чи шумо аз ибтидо шунидаед, бигзор дар шумо бимонад; агар он чи аз ибтидо шунидаед, дар шумо бимонад, шумо низ дар Писар ва дар Падар хоҳед монд.
[25] Ва он ваъдае ки Ӯ ба мо додааст, ҳаёти ҷовидонист.
[26] Инро ба шумо дар бораи онҳое навиштаам, ки шуморо гумроҳ мекунанд.
[27] Валекин тадҳине ки шумо аз Ӯ ёфтаед, дар шумо сокин аст, ва шумо эҳтиёҷе надоред, ки касе шуморо таълим диҳад; аммо азбаски тадҳини Ӯ ба шумо ҳар чизро таълим медиҳад, ва он рост аст ва дурӯғ нест, ва ҳамон тавр, ки шуморо таълим додааст, дар Ӯ бимонед.
[28] Пас, эй фарзандон, дар Ӯ бимонед, то ки ҳангоми зоҳир шудани Ӯ мо ҷуръат дошта бошем ва ба ҳузури Ӯ дар вақти омадани Ӯ хиҷил нашавем.
[29] Агар донистаед, ки Ӯ одил аст, пас бидонед, ки ҳар кӣ адолатро ба амал меоварад, аз Ӯ таваллуд ёфтааст.