Ошкорсозӣ 8
[1] Чун Барра муҳри ҳафтумро кушод, дар осмон тақрибан ним соат хомӯшӣ ба миён омад.
[2] Сипас, ман ҳафт фариштаро дидам, ки дар пеши Худо меистоданд. Ба онҳо ҳафт карнай дода шуд.
[3] Фариштаи дигаре омада, назди қурбонгоҳ истод. Ӯ дар даст кафлези тиллоӣ дошт. Ба ӯ барои сӯзондан хушбӯйии зиёд дода шуда буд, то ки онҳоро бо дуоҳои имондорони муқаддас бар қурбонгоҳи тиллоӣ, ки назди тахт буд, гузорад.
[4] Инак аз дасти ин фаришта дуди хушбӯйиҳо бо дуоҳои имондорони муқаддас ба назди Худо боло шуданд.
[5] Фаришта кафлезро аз оташи қурбонгоҳ пур карда, онро ба замин партофт. Аз ин дар замин раъду барқу садоҳои баланд ба амал омаданд ва заминҷунбӣ рӯй дод.
[6] Баъд он ҳафт фаришта, ки ҳафт карнай доштанд, ба навохтан омода шуданд.
[7] Инак, бо навохтани фариштаи якум ба замин жолаву оташи хунолуд борид ва сеяки замину дарахтон ва ҳамаи алафҳои сабз сӯхтанд.
[8] Бо навохтани фариштаи дуюм ба баҳр чизе ба мисли кӯҳи бузурги оташин афтод. Аз ин сеяки оби баҳр ба хун табдил ёфту
[9] сеяки мавҷудоти зиндаи баҳр мурданд ва сеяки киштиҳо нобуд шуданд.
[10] Бо навохтани фариштаи сеюм аз осмон ба сеяки дарё ва чашмаҳои об ситораи бузурги сӯхтаистодае афтод, ки он мисли чароғи оташ буд.
[11] Номи ин ситора Талх аст. Бино бар ин, сеяки обҳо талх шуданд ва аз ин сабаб одамони зиёд мурданд.
[12] Сипас, бо навохтани фариштаи чорум сеяки офтоб, моҳ ва ситорагон осеб диданд. Онҳо торик шуданд ва дар сеяки рӯзу шаб равшанӣ набуд.
[13] Сипас, дидаму шунидам, ки уқобе дар осмон парвоз карда бо овози баланд мегӯяд: «Вой, вой, вой бар ҳоли одамон, ки дар замин зиндагӣ мекунанд, чунки карнайҳои се фариштаи боқимонда садо хоҳанд дод».