Ошкорсозӣ 10
[1] Сипас, дидам, ки боз як фариштаи тавоное аз осмон фуруд меомад. Абре ӯро фаро гирифта буд ва дар болои сараш рангинкамоне медурахшид. Рӯяш мисли офтоб ва пойҳояш мисли сутунҳои оташин буданд.
[2] Дар дасташ китоби хурди кушодае буд. Ӯ пойи росташро бар баҳр ва пойи чапашро бар замин гузошта
[3] бо овози баланд, чунон ки шер наъра мезанад, фарёд кард. Сипас, ҳафт раъд садо доданд ва
[4] ман барои навиштан омода шудам. Аммо аз осмон овозе шунидам, ки мегуфт: «Сухани ҳафт раъдро махфӣ нигоҳ дор ва онро нанавис».
[5] Фариштае, ки бар баҳру замин меистод, дасти росташро ба осмон бардошта
[6] ба Худое, ки то абад зинда аст – ба Офаридгори осмону замину баҳр ва ҳар он чи дар онҳост, қасам хӯрда гуфт: «Худо дигар интизор намешавад!
[7] Аммо дар рӯзҳое, ки фариштаи ҳафтум карнайи худро менавозад, нақшаи ниҳонии Худо, чунон ки ба бандагони Худ – пайғамбарон ошкор намудааст, амалӣ хоҳад шуд».
[8] Сипас, ҳамон овозе, ки аз осмон шунида будам, боз ба ман гуфт: «Рафта, аз дасти фаришта, ки бар баҳру замин меистад, китоби кушодаро бигир».
[9] Ман ба он фаришта наздик шуда, хоҳиш кардам, ки китоби хурдро ба ман диҳад. Фаришта ба ман гуфт: «Инро бихӯр! Дар даҳонат мисли асал ширин, лекин дар шикамат талх мешавад».
[10] Ман аз дасти фаришта китобро гирифта, хӯрдам. Китоб дар даҳонам мисли асал ширин буд, аммо чун фурӯ бурдам, шикамам талх гардид.
[11] Сипас, ба ман чунин гуфта шуд: «Ту боз бояд дар бораи бисёр халқу миллату забонҳо ва шоҳон пайғамбарӣ кунӣ».