Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 4:51

[1] Сипас, аз маъбад овози баланде баромад, ки ба ҳафт фаришта мегуфт: «Рафта, ҳафт косаи ғазаби Худоро ба замин резед».

[2] Фариштаи якум рафта, косаи худро ба замин рехт. Аз ин дар бадани одамоне, ки нишонаи ҳайвони ваҳшӣ доштанду ҳайкали вайро парастиш мекарданд, яраҳои даҳшатноку дардноке пайдо шуд.

[3] Фариштаи дуюм косаи худро ба баҳр рехт. Аз ин оби баҳр мисли хуни мурда шуд ва ҳама мавҷудоти зиндаи баҳр нобуд шуданд.

[4] Фариштаи сеюм косаи худро ба дарёву чашмаҳои об рехт ва онҳо низ ба хун табдил ёфтанд.

[5] Сипас, шунидам, ки фариштаи обҳо чунин мегӯяд: «Эй Худованди Пок, ки ҳастӣ ва будӣ! Ҳақ бар ҷониби Туст, ки чунин ҳукм намудӣ.

[6] Онҳо хуни имондорону пайғамбаронро рехтанд, барои ҳамин Ту ба онҳо хун додӣ, то бинӯшанд. Сазои бадкорон ҳамин аст».

[7] Аз қурбонгоҳ овозе баромад, ки мегуфт: «Бале, Худованд Худои Тавоно! Ҳамаи ҳукмҳоят ҳақ асту рост!»

[8] Сипас, фариштаи чорум косаи худро ба офтоб рехт. Ин ба офтоб иҷозат дод, ки одамонро бо оташи худ сӯзонад.

[9] Инак, одамон аз тафси баланд месӯхтанд ва номи Худоро, ки бар ин балоҳо қудрат дорад, ҳақорат мекарданд. Аммо тавба накарданд ва Ӯро бузург надоштанд.

[10] Фариштаи панҷум косаи худро бар тахти ҳайвони ваҳшӣ бирехт ва тамоми подшоҳии вайро торикӣ фаро гирифт. Одамон аз дард забони худро мегазиданд.

[11] Онҳо барои дарду захмҳояшон Худои осмонро ҳақорат мекарданд, аммо аз кирдорашон тавба накарданд.

[12] Фариштаи шашум косаи худро ба дарёи бузург, ба дарёи Фурот рехт. Аз ин оби дарё хушк шуд, то ки барои лашкари шоҳони шарқ роҳ кушода шавад.

[13] Ҳамчунин дидам, ки аз даҳони аждаҳор, аз даҳони ҳайвон ваҳшӣ ва аз даҳони пайғамбари дурӯғин се рӯҳи нопоки қурбоққамонанд баромад.

[14] Ин рӯҳҳои ҷинҳо буданд, ки аломатҳо нишон медиҳанд. Онҳо ба назди подшоҳони замин мераванд, то ки онҳоро ба ҷанги рӯзи бузурги Худои Тавоно ҷамъ кунанд.

[15] «Ҳушёр бош! – мегӯяд Исо, – Ман монанди дузд ногаҳон меоям. Хушо касе, ки либосаш бар тан Маро интизор мешавад. Зеро лучу урён гашта, шарманда нахоҳад шуд».

[16] Сипас, рӯҳҳои палид подшоҳонро дар ҷое ҷамъ оварданд, ки ба забони ибронӣ Ҳармаҷидӯн ном дорад.

[17] Оқибат фариштаи ҳафтум косаи худро ба ҳаво пошид. Ин лаҳза аз тахти маъбад овози баланде баромад, ки мегуфт: «Иҷро шуд!»

[18] Раъду барқ зад, овозҳо баромад ва заминҷунбии сахте ба амал омад. Заминҷунбӣ чунон сахт буд, ки аз замони офариниши одамизод дар рӯйи замин мислаш рӯй надода буд.

[19] Шаҳри бузурги Бобил ба се қисм ҷудо шуд ва шаҳрҳои халқҳо фурӯ рехтанд. Худо гуноҳҳои Бобили бузургро ба ёд оварда, ба вай косаи майи пур аз хашму ғазаби Худро дод.

[20] Ҳама ҷазираҳо нобуд ва кӯҳҳо нопадид гардиданд.

[21] Аз осмон ба сари одамон чунон жолаи калон-калон меборид, ки вазни ҳар кадомаш тақрибан панҷоҳ кило буд. Азбаски балои жола бисёр даҳшатнок буд, одамон Худоро ҳақорат мекарданд.

Ошкорсозӣ — Chapters