Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 4:16

[1] Сипас, дидам, ки аз баҳр ҳайвони ваҳшие мебарояд. Вай ҳафт сар ва даҳ шох дошт. Бар шохҳои вай даҳ тоҷи хурд буд ва дар сарҳояш номҳои ҳақоратомез навишта шуда буданд.

[2] Ҳайвон монанди паланг буд, аммо пойҳояш мисли пойҳои хирс ва даҳонаш мисли даҳони шер буд. Аждаҳор ба ин ҳайвон қувват, тахт ва қудрати бузурги худро дод.

[3] Чунин менамуд, ки як сари ҳайвон захми марговар дошт, лекин сиҳат шуд. Тамоми дунё ҳайвонро бо ҳайрат пайравӣ мекард.

[4] Мардум аждаҳорро парастиш мекарданд, чунки ба ҳайвон қудрат дода буд. Ҳамчунин ҳайвони ваҳширо парастишкунон гуфтанд: «Кист, ки ба ҳайвон ваҳшӣ монанд бошад?! Кист, ки бо вай ҷанг карда тавонад?!»

[5] Ба ҳайвон даҳоне дода шуд, ки суханони ҳавобаландонаву ҳақоратомез мегуфт. Ба вай қудрат дода шуд, ки чилу ду моҳ ҳукмронӣ намояд.

[6] Вай даҳони худро бар зидди Худо боз кард, то ки ному манзили Ӯ ва ҳамаи сокинони осмонро дашном диҳад.

[7] Ҳайвон ба ихтиёри худ гузошта шуда буд, ки бар зидди имондорони муқаддас ҷангида, ғолиб ояд. Ба вай қудрат дода шуда буд, ки бар тамоми қавму халқу забону миллатҳо ҳукмронӣ намояд.

[8] Инак, ҳамаи сокинони замин ҳайвонро парастиш хоҳанд кард. Зеро номҳои онҳо аз замони бунёдгузории дунё дар китоби ҳаёти Барра, ки кушта шуд, навишта нашудааст.

[9] Ҳар кӣ гӯш дорад, он чиро ки Рӯҳи Худо ба ҷамоатҳои имондорон мегӯяд, бишнавад!

[10] Ба кӣ асирӣ насиб карда бошад – равад ба асирӣ, Ба кӣ дами шамшер насиб шуда бошад – афтад зи шамшер! Ҳамаи ин аз имондорони муқаддас сабру тоқат ва имон талаб мекунад.

[11] Сипас, ҳайвони ваҳшии дигарро дидам, ки аз замин мебаромад. Вай ба монанди барра ду шох дошт, лекин ҳамчун аждаҳор гап мезад.

[12] Ин ҳайвон тамоми қудрати ҳайвони якумро истифода бурда, аз номи ӯ амал мекард. Вай сокинони заминро маҷбур менамуд, ки ҳайвони якумро парастиш кунанд, яъне ҳамонеро, ки захми марговараш сиҳат шудааст.

[13] Ин ҳайвони дуюм аломатҳои бузург нишон медиҳад ва ҳатто дар пеши чашми одамон аз осмон ба замин оташ меборонад.

[14] Ӯ бо ин аломатҳо, ки барои нишон доданашон ҳайвони якум иҷозат дода буд, сокинони заминро гумроҳ мекард. Вай ба онҳо фармуд, ки ҳайкали ҳайвонро бисозанд – ҳамон ҳайвонро, ки аз шамшер захмин шуд, вале зинда монд.

[15] Ба ҳайвони дуюм қувват дода шуд, ки ҳайкали ҳайвонро зинда кунад. Ба тарзе ки ҳайкал сухан ва амал карда тавонад ва одамоне, ки вайро парастиш намекунанд, кушта шаванд.

[16] Ҳамчунин вай ҳама одамонро, яъне хурду калон, сарватманду камбағал, озоду ғуломро маҷбур мекунад, ки ба дасти рост ё пешонии худ нишона зананд,

[17] то касе ба ҷуз онҳое, ки нишона доранд, хариду фурӯш карда натавонад. Нишона ном ё рақами номи ҳайвон аст.

[18] Ин ҷо ҳикмат даркор аст. Одами бофаҳм бигзор рақами ҳайвони ваҳширо ҳисоб кунад. Зеро ин рақами одамист ва он шашсаду шасту шаш аст.

Ошкорсозӣ — Chapters