Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 10:55

[1] Исо бошад, ба кӯҳи Зайтун рафт.

[2] Саҳарии барвақт Ӯ боз ба маъбади Худо омад. Тамоми мардум ба наздаш омаданд ва Исо нишаста ба таълим додани онҳо шурӯъ кард.

[3] Дар ин вақт устодони шариату фарисиён ба назди Ӯ занеро оварданд, ки ҳангоми зино карданаш дастгир шуда буд. Ӯро дар пеши ҳама гузошта,

[4] ба Исо гуфтанд: «Эй Устод, ин зан ҳангоми зино карданаш дастгир шудааст.

[5] Мусо дар шариат фармудааст, ки чунин занон бояд сангсор карда шаванд. Ту чӣ мегӯйӣ?»

[6] Онҳо ин суханонро барои ба дом афтондани Исо гуфтанд, то ки баъд Ӯро айбдор намоянд. Аммо Исо хам шуда бо ангушташ дар рӯйи замин чизе менавишт.

[7] Азбаски онҳо савол доданро бас намекарданд, Исо бархеста, ба онҳо гуфт: «Касе ки дар байни шумо бегуноҳ бошад, бигзор аввалин шуда, ӯро бо санг занад!»

[8] Исо боз хам шуда дар рӯйи замин менавишт.

[9] Мардум инро шуниданд ва аз калонсолон сар карда аз паси якдигар баромада рафтанд. Он гоҳ Исо бо зане, ки дар пеши Ӯ истода буд, танҳо монд.

[10] Ӯ сари Худро бардошта, аз зан пурсид: «Эй зан, ҳамаи онҳо куҷо шуданд? Магар касе туро айбдор накард?»

[11] «Ҳеҷ кас, Хоҷа», – гуфт он зан. «Ман ҳам туро айбдор намекунам, – гуфт Исо. – Рав ва дигар гуноҳ накун».

[12] Исо боз ба мардум гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам. Касе, ки аз паси Ман меравад, дар торикӣ намегардад, балки нури ҳаёт хоҳад дошт».

[13] Фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Ту аз номи Худат шаҳодат медиҳӣ, бинобар ин шаҳодати Ту эътибор надорад».

[14] Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳатто агар Ман аз номи Худам шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман эътибор дорад, зеро Ман медонам, ки аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам, вале шумо инро намедонед.

[15] Шумо аз рӯйи меъёри инсонӣ ҳукм мекунед, аммо Ман ҳеҷ касро ҳукм намекунам.

[16] Агар Ман ҳукм кунам ҳам, ҳукми Ман ҳақ аст, чунки Ман танҳо нестам: Падаре, ки Маро фиристодааст, бо Ман аст.

[17] Дар шариати шумо ҳам навишта шудааст, ки шаҳодати ду шоҳид эътибор дорад.

[18] Ман аз номи Худам шаҳодат медиҳам ва Падаре, ки Маро фиристодааст, низ бар Ман шаҳодат медиҳад».

[19] Бино бар ин, онҳо пурсиданд: «Падари Ту куҷост?» «Шумо на Маро мешиносед ва на Падарамро, – ҷавоб дод Исо. – Агар шумо Маро мешинохтед, Падари Маро низ мешинохтед».

[20] Исо ин суханонро ҳангоме гуфта буд, ки дар назди хазинаи маъбади Худо таълим медод. Вале касе Ӯро дастгир накард, чунки вақту соати Ӯ ҳоло нарасида буд.

[21] Исо боз ба онҳо гуфт: «Ман меравам ва шумо Маро ҷустуҷӯ мекунед, вале ба сабаби гуноҳатон хоҳед мурд. Инчунин ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед».

[22] Роҳбарони яҳудӣ гуфтанд: «Ӯ „Ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед“ гуфта, чиро дар назар дошт? Оё Ӯ худкушӣ кардан мехоҳад?»

[23] Исо ба онҳо гуфт: «Шумо аз олами пойин ҳастед, вале Ман аз олами боло. Шумо аз ин ҷаҳон ҳастед, вале Ман аз ин ҷаҳон нестам.

[24] Ман ба шумо гуфтам, ки „ба сабаби гуноҳҳоятон хоҳед мурд“. Зеро, агар имон наоваред, ки ин Ман ҳастам, шумо ҳатман дар гуноҳҳоятон мемиред!»

[25] «Ту кистӣ?» – пурсиданд онҳо аз Исо. Ӯ ҷавоб дод: «Ман ҳамонам, ки аз аввал ба шумо гуфта будам.

[26] Ман барои айбдор кардани шумо чизҳои зиёде гуфта метавонам, вале касе, ки Маро фиристодааст, ҳақ аст ва Ман он чиро, ки аз Ӯ шунидам, ба ҷаҳон эълон мекунам».

[27] Онҳо нафаҳмиданд, ки Вай ба онҳо дар бораи Падар мегуфт.

[28] Инак, Исо давом дода гуфт: «Вақте ки Писари Одамизодро дар салиб боло мебардоред, мефаҳмед, ки ин Ман ҳастам ва аз Худ ҳеҷ кореро намекунам, фақат он чизҳоеро мегӯям, ки Падар ба Ман таълим додааст.

[29] Фиристандаи Ман бо Ман аст, Ӯ Маро танҳо нагузоштааст, зеро Ман ҳамеша кори табъи дили Ӯро мекунам».

[30] Бисёр касон аз рӯйи ин суханон ба Ӯ имон оварданд.

[31] Пас Исо ба онҳое, ки ба Ӯ бовар карданд, гуфт: «Агар шумо гуфтаҳои Маро риоя кунед, шогирдони ҳақиқии Ман мешавед

[32] ва ҳақиқатро мефаҳмед ва ин ҳақиқат шуморо озод мекунад».

[33] Онҳо гуфтанд: «Мо аз авлоди Иброҳим ҳастем ва ҳаргиз ғуломи касе набудем! Пас „озод хоҳед шуд“ гуфта, чиро дар назар дорӣ?»

[34] Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ҳар касе ки гуноҳ мекунад, ғуломи гуноҳ аст.

[35] Ғулом аъзои доимии хонадон нест, аммо писар ҳамеша аъзои хонадон мемонад.

[36] Агар Писар шуморо озод кунад, он вақт ҳақиқатан озод хоҳед шуд.

[37] Ман медонам, ки шумо аз авлоди Иброҳим ҳастед, бо вуҷуди он шумо барои куштани Ман тайёред, чунки суханони Маро қабул намекунед.

[38] Ман ба шумо чизҳоеро мегӯям, ки дар назди Падарам дидаам, шумо бошед, он кореро мекунед, ки аз падари худ шунидаед».

[39] «Падари мо Иброҳим аст!» – ба Ӯ ҷавоб доданд онҳо. Исо ба онҳо гуфт: «Агар шумо ҳақиқатан аз авлоди Иброҳим мебудед, корҳои Иброҳимро ба ҷо меовардед.

[40] Вале шумо Маро, ки ростиро аз Худо шунида ба шумо гуфтам, куштан мехоҳед! Иброҳим чунин корро накардааст!

[41] Шумо корҳои падари худро ба ҷо меоваред!» «Мо-ку ҳаромзода нестем! – гуфта ба ғазаб омаданд онҳо, – мо як падар дорем, ки Ӯ Худо аст!»

[42] Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Агар Худо падари шумо мебуд, шумо Маро дӯст медоштед, зеро Ман аз ҷониби Худо омадаам. Ман худсарона наомадаам, балки Ӯ Маро фиристодааст.

[43] Чаро шумо суханони Маро намефаҳмед? Чунки шумо тоқати шунидани онҳоро надоред!

[44] Падари шумо шайтон аст ва шумо хоҳишҳои падари худро иҷро кардан мехоҳед. Ӯ аз ибтидо одамкуш буд ва ҳеҷ гоҳ рост нагуфтааст, зеро дар ӯ ҳақиқат нест. Дурӯғ гуфтан ба ӯ хос аст, ӯ дурӯғ мегӯяд, чунки ӯ дурӯғгӯй ва падари ҳамаи дурӯғҳост.

[45] Лекин, азбаски Ман рост мегӯям, шумо ба Ман имон намеоваред.

[46] Кадоме аз шумо метавонад Маро дар ягон гуноҳ айбдор кунад? Пас, агар Ман ба шумо ростиро гӯям, чаро ба Ман имон намеоред?

[47] Касе ки аз Худо бошад, ба каломи Худо гӯш медиҳад. Шумо аз он сабаб гӯш намедиҳед, ки аз Худо нестед».

[48] Мардум ба Ӯ гуфтанд: «Магар мо нагуфтем, ки Ту сомарӣ ҳастӣ ва ҷин дорӣ?»

[49] Исо ҷавоб дод: «Ман ҷин надорам, балки Падари Худро ҳурмат мекунам, вале шумо Маро бадном мекунед.

[50] Ман дар ҷустуҷӯи шуҳрату ҷалоли Худ нестам, Каси дигаре дар ҷустуҷӯи он аст ва Ӯ Ҳукмкунанда мебошад.

[51] Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям: касе ки гуфтаҳои Маро иҷро мекунад, ҳаргиз нахоҳад мурд».

[52] Онҳо ба Вай гуфтанд: «Акнун мо аниқ фаҳмидем, ки Ту ҷин дорӣ. Аҷдоди мо Иброҳим мурд ва пайғамбарон ҳам мурданд. Вале Ту мегӯйӣ, ки касе суханони Туро иҷро кунад, ҳаргиз намемирад.

[53] Иброҳим мурд, магар Ту аз ӯ бузургтар ҳастӣ?! Пайғамбарон ҳам мурдаанд. Ту Худро кӣ ҳисоб мекунӣ?!»

[54] Исо ҷавоб дод: «Агар Ман Худро шуҳрату ҷалол медодам, шуҳрату ҷалоли Ман арзише намедошт. Аммо Маро Падарам шуҳрату ҷалол медиҳад, ки шумо Ӯро Худои худ мехонед!

[55] Шумо ҳеҷ вақт Ӯро намешинохтед, вале Ман Ӯро мешиносам. Агар Ман мегуфтам, ки Ӯро намешиносам, монанди шумо дурӯғгӯй мешудам. Вале Ман Ӯро мешиносам ва гуфтаҳои Ӯро ба ҷо меорам.

[56] Падари шумо Иброҳим шод буд, ки рӯзи омадани Маро мебинад. Вай ин рӯзро дид ва хурсанд шуд!»

[57] «Ту ҳанӯз панҷоҳсола нашудаӣ ва наход Иброҳимро дида бошӣ?!» – гуфтанд одамон.

[58] Исо ҷавоб дод: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки ҳанӯз пеш аз таваллуд шудани Иброҳим Ман ҳастам».

[59] Он гоҳ онҳо барои сангсор кардани Ӯ санг гирифтанд, вале Исо Худро пинҳон карда, аз маъбади Худо баромада рафт.

Юҳанно — Chapters