[1] Исо роҳ рафта шахсеро дид, ки кӯри модарзод буд.
[2] Шогирдон аз Исо пурсиданд: «Устод, чаро ин кас кӯр таваллуд шудааст? Кӣ гуноҳ кард: худаш ё падару модараш?»
[3] Исо дар ҷавоб гуфт: «Ӯ на ба сабаби гуноҳи худаш ва на ба сабаби гуноҳи падару модараш кӯр таваллуд шудааст. Кӯрии вай барои он аст, ки корҳои Худо дар ҳаёти вай нишон дода шаванд.
[4] Ҳоло ки рӯз аст, мо бояд корҳои Фиристандаи Маро иҷро кунем. Вақте ки шаб мешавад, касе кор карда наметавонад.
[5] То вақте ки Ман дар ҷаҳонам, Ман нури ҷаҳон ҳастам».
[6] Инро гуфта, ба замин туф карду онро бо хок омехта, гилро ба чашмони кӯр молид ва
[7] ба ӯ гуфт: «Рафта, дар ҳавзи Шилуаҳ рӯятро бишӯй». (Маънои калимаи «Шилуаҳ» фиристода аст). Ӯ рафта, рӯяшро шусту бо чашмони бино баргашт.
[8] Ҳамсояҳои ӯ ва касони дигаре, ки ӯро дар вақти садақа пурсиданаш дида буданд, ба ҳамдигар мегуфтанд: «Оё ин ҳамон шахс нест, ки нишаста гадоӣ мекард?»
[9] «Бале, ин ҳамон шахс аст», – мегуфтанд баъзеҳо. Дигарон мегуфтанд: «Не, ӯ фақат монанд аст». Он мард бошад, мегуфт, ки ман ҳамон одам ҳастам.
[10] «Ту чӣ тавр бино шудӣ?» – пурсиданд аз ӯ.
[11] Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Марде бо номи Исо гиле сохта, ба чашмони ман молиду гуфт, ки ба Шилуаҳ рафта, рӯямро шӯям. Ман рафта, рӯямро шустаму бино шудам».
[12] «Ӯ дар куҷост?» – пурсиданд онҳо. «Намедонам», – ҷавоб дод ӯ.
[13] Ҳамон мардеро, ки пештар кӯр буд, назди фарисиён бурданд.
[14] Рӯзе ки Исо гил сохта, чашмони ӯро шифо дод, рӯзи шанбе буд.
[15] Фарисиён ҳам аз вай пурсиданд, ки чӣ тавр ӯ бино шуд. Ӯ ҷавоб дод: «Ӯ ба чашмонам гил молиду ман рӯямро шустам ва акнун мебинам».
[16] Баъзе фарисиён гуфтанд: «Одаме, ки ин корро кардааст, аз ҷониби Худо нест, чунки қоидаҳои рӯзи шанберо риоя намекунад». Лекин дигарон мегуфтанд: «Магар шахси гунаҳкор метавонад чунин муъҷизаҳоро нишон диҳад?» Ҳамин тавр дар миёни онҳо баҳсу мунозира ба вуҷуд омад.
[17] Онҳо боз аз кӯр пурсиданд: «Ту дар бораи Вай чӣ гуфта метавонӣ? Охир Вай чашмони туро бино кард-ку». «Ӯ пайғамбар аст», – ҷавоб дод он мард.
[18] Онҳо то даме ки падару модари он кӯрро даъват накарданд, боварӣ надоштанд, ки ин одам пештар кӯр буду баъд бино шуд. Баъд аз даъват кардан
[19] аз онҳо пурсиданд: «Ин писари шумост? Шумо мегӯед, ки ӯ кӯр таваллуд шуда буд. Пас чӣ тавр ӯ ҳоло дида метавонад?»
[20] Падару модари вай ҷавоб доданд: «Мо медонем, ки ин писари мост ва кӯр таваллуд шуда буд.
[21] Аммо намедонем, ки чӣ тавр ӯ ҳоло бино шудааст ва намедонем, ки чашмони ӯро кӣ шифо додааст. Аз худаш пурсед. Ӯ калонсол аст ва худаш дар бораи худ гуфта метавонад».
[22] Падару модари ӯ аз тарси роҳбарони яҳудӣ чунин ҷавоб доданд, зеро роҳбарони яҳудӣ чунин қарор карданд: ҳар кӣ Исоро Таъйиншудаи Худо гӯяд, аз ҷамоатхона пеш карда мешавад.
[23] Барои ҳамин падару модари вай ҳам гуфтанд, ки «Ӯ ба воя расидааст, аз худаш пурсед».
[24] Инак, шахсеро, ки кӯр буд, бори дигар ҷеғ зада, ба ӯ гуфтанд: «Ба Худо қасам хӯр, ки ҳақиқатро мегӯйӣ! Мо медонем, ки он Шахс гунаҳкор аст».
[25] «Гунаҳкор аст ё не, ман намедонам, – ҷавоб дод ӯ. – Ҳаминашро медонам, ки ман кӯр будам ва акнун мебинам».
[26] Онҳо боз пурсиданд: «Ӯ бо ту чӣ кор кард? Чӣ тавр чашмони туро бино кард?»
[27] «Ман ба шумо гуфта будам, вале шумо гӯш накардед, – ҷавоб дод ӯ. – Чаро боз шунидан мехоҳед? Шояд шумо ҳам шогирди Ӯ шуданӣ ҳастед?»
[28] Онҳо ӯро дашном дода, гуфтанд: «Ту худат шогирди Ӯ ҳастӣ, вале мо шогирдони Мусо ҳастем.
[29] Мо медонем, ки Худо бо Мусо гап задааст, вале дар бораи ин одам ҳатто аз куҷо буданашро намедонем».
[30] Он мард дар ҷавоб гуфт: «Аҷиб аст, ки шумо аз куҷо будани Ӯро намедонед, ҳол он ки Ӯ чашмони маро бино кард.
[31] Мо медонем, ки Худо дуои гунаҳкоронро намешунавад, фақат онҳоеро мешунавад, ки худотарс ҳастанд ва хости Ӯро иҷро мекунанд.
[32] Аз қадим ҳеҷ кас нашунидааст, ки касе кӯри модарзодро бино карда бошад!
[33] Агар Ӯ аз ҷониби Худо намеомад, Ӯ ҳеҷ чиз карда наметавонист!»
[34] Онҳо ба ӯ ҷавоб доданд: «Ту пурра дар гуноҳ таваллуд шудаӣ ва боз моро таълим медиҳӣ?!» Инро гуфта, ӯро аз ҷамоатхона берун ронданд.
[35] Вақте Исо фаҳмид, ки он мардро берун ронданд, вайро ёфта пурсид: «Ту ба Писари Одамизод имон дорӣ?»
[36] Ӯ ҷавоб дод: «Хоҷа, ба ман бигӯ, ки Ӯ Кист, то ба Ӯ имон оварам».
[37] «Ту Ӯро дидаӣ, – гуфт Исо. – Ӯ ҳамон Касест, ки ҳоло бо ту гап мезанад».
[38] «Эй Хоҷа, имон дорам!» – ҷавоб дод ӯ ва ба Исо саҷда кард.
[39] Исо гуфт: «Ман ба ин ҷаҳон барои ҳукм кардан омадаам, то онҳое, ки кӯр ҳастанд, бино шаванд ва онҳое, ки бино ҳастанд, кӯр шаванд».
[40] Баъзе фарисиёне, ки назди Ӯ истода буданд, ин суханонро шунида ба Ӯ гуфтанд: «Чӣ, ба гумонат мо ҳам кӯр ҳастем?»
[41] Исо ҷавоб дод: «Агар шумо кӯр мебудед, дар гуноҳ айбдор намешудед. Вале ҳоло худатон мегӯед, ки бино ҳастед, пас гуноҳатон дар гардани худатон мемонад».