Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 8:10

[1] Шоул шогирдони Худовандро бо куштан метарсонд. Ӯ назди саркоҳин омада,

[2] хоҳиш намуд, ки ба вай барои ҷамоатхонаҳои шаҳри Димишқ номаҳо нависта диҳад, то ҳар касеро, ки пайрави ин Роҳ ёбад, хоҳ мард бошад, хоҳ зан, баста ба Уршалим орад.

[3] Ҳангоми роҳ рафтан, дар наздикии шаҳри Димишқ, ногаҳон аз осмон нуре пайдо шуда, Шоулро фаро гирифт.

[4] Ӯ ба замин афтода, овозе шунид, ки мегуфт: «Шоул, Шоул! Чаро Маро озор медиҳӣ?»

[5] Шоул пурсид: «Эй Аълоҳазрат, Ту кистӣ?» Овоз дар ҷавоб гуфт: «Ман ҳамон Исоям, ки озораш медиҳӣ.

[6] Акнун аз ҷоят хеста, ба шаҳр даро. Дар он ҷо ба ту як кас мегӯяд, ки чӣ бояд кунӣ».

[7] Ҳамсафарони Шоул мисли гунг меистоданд, чунки овозро мешуниданд, аммо касеро намедиданд.

[8] Шоул аз замин бархоста, чашмонашро кушод, лекин чизеро дида наметавонист. Сипас, вайро аз дасташ гирифта ба Димишқ оварданд.

[9] Дар он ҷо се рӯз нобино монд ва чизе намехӯрду наменӯшид.

[10] Инак, дар шаҳри Димишқ Ҳанониё ном шогирде буд. Худованд ба вай аён шуда гуфт: «Ҳанониё!» Ҳанониё дар ҷавоб гуфт: «Лаббай, Худованд».

[11] Худованд гуфт: «Бархез ва ба кӯчае, ки Рост ном дорад, бирав! Дар он ҷо хонаи Яҳудоро ёфта, мардеро аз шаҳри Тарсус бипурс, ки Шоул ном дорад. Вай ҳозир дуо мекунад,

[12] ва ба ӯ аён шуд, ки Ҳанониё ном марде омада, бар ӯ даст гузошта, чашмонашро бино мекунад».

[13] Ҳанониё гуфт: «Худовандо! Дар бораи ин одам аз бисёр касон шунидам, ки дар Уршалим ба пайравони Ту хеле бадӣ кардааст.

[14] Дар ин шаҳр низ ӯ аз коҳинони калон иҷозат дорад, ки ҳамаи онҳоеро, ки номи Туро ба забон мегиранд, дастгир намояд».

[15] Аммо Худованд гуфт: «Бирав! Зеро Ман вайро ҳамчун асбоби Худ интихоб кардаам, то ки номи Маро назди ғайрияҳудиён, подшоҳон ва исроилиён эълон намояд.

[16] Ман ба ӯ нишон медиҳам, ки ба хотири номи Ман бояд чӣ қадар азоб кашад».

[17] Ҳанониё рафта, он хонаро ёфту даромад ва бар Шоул даст гузошта гуфт: «Бародар Шоул, Худованд Исо, ки дар роҳ ба ту зоҳир шуд, маро ба наздат фиристод, то ки чашмонат бино шаванд ва аз Рӯҳулқудс пур шавӣ».

[18] Ҳамон лаҳза аз чашмони Шоул гӯё пардае гирифта шуд ва ӯ бино гардид. Сипас, Шоул бархеста, таъмид гирифт ва

[19] хӯрок хӯрда, қувват ёфт. Шоул якчанд рӯз бо шогирдони Исо дар Димишқ монд.

[20] Вай дарҳол ба ҷамоатхонаҳои яҳудиён рафта, дар бораи Исо гап зад, ки Ӯ Писари Худост.

[21] Шунавандагон ҳайрон шуда мегуфтанд: «Ин ҳамон одам нест, ки дар Уршалим пайравони ин Шахсро нобуд мекард? Оё ба ин ҷо низ барои ҳамин наомадааст, ки онҳоро дастгир намуда, назди коҳинони калон барад?»

[22] Шоул рӯз ба рӯз дар эълон кардани хушхабар пурзӯртар мешуд. Вай ба яҳудиёни Димишқ Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо будани Исоро чунон исбот менамуд, ки онҳо дар ҷавоб чизе гуфта наметавонистанд.

[23] Баъди гузаштани якчанд рӯз яҳудиён қасд карданд, ки Шоулро бикушанд.

[24] Аммо Шоул аз нияти онҳо хабардор шуд. Азбаски онҳо бо ин мақсад шабу рӯз назди дарвозаи шаҳр истода, ӯро мепоиданд,

[25] ҳамроҳонаш шабона ӯро ба сабаде гузошта, аз сӯрохии девори шаҳр пойин фуроварданд.

[26] Шоул ба шаҳри Уршалим омада, хост, ки ба шогирдони Исои Масеҳ ҳамроҳ шавад, аммо онҳо аз ӯ тарсиданд. Онҳо бовар намекарданд, ки Шоул шогирди Масеҳ шудааст.

[27] Лекин Барнаббо ӯро ба назди фиристодагон оварда, ба онҳо нақл намуд, ки чӣ тавр Шоул дар роҳ Худовандро дидаасту Худованд бо ӯ гап задааст ва чӣ гуна вай дар шаҳри Димишқ дар бораи Исо далерона гап мезад.

[28] Ҳамин тавр Шоул бо шогирдон дар Уршалим рафтуомад карда, дар бораи Худованд далерона гап мезад.

[29] Вай бо баъзе яҳудиёни юнонизабон гуфтугӯ ва баҳс менамуд, аммо онҳо аз пайи куштани ӯ буданд.

[30] Имондорон аз ин бохабар шуда, ӯро ба бандари шаҳри Қайсария бурданд ва аз он ҷо ба шаҳри Тарсус гусел карданд.

[31] Он рӯзҳо аҳли ҷамоати имондорон дар тамоми сарзамини Яҳудияву Ҷалилу Сомара оромӣ ёфта, худотарсона зиндагӣ мекарданду бо ёрии Рӯҳулқудс пурзӯр ва зиёд мешуданд.

[32] Петрус тамоми ноҳияро гашта, ба назди имондорони шаҳри Лудда омад.

[33] Дар он ҷо Аниёс ном мардеро дид, ки ҳашт сол боз шал дар ҷогаҳаш мехобид.

[34] Петрус ба вай гуфт: «Аниёс, Исои Масеҳ туро шифо медиҳад. Бархезу ҷогаҳатро ҷамъ кун». Марди шал дарҳол аз ҷояш хест.

[35] Мардуми шаҳри Лудда ва дашти Шорӯн ӯро сиҳат дида, ба Худованд рӯй оварданд.

[36] Ҳамчунин дар шаҳри Ёфо Тобито ном шогирди Исо зиндагӣ мекард, ки маънои номаш «ғизол» аст. Ӯ зани некукор буда, хайроти зиёд мекард.

[37] Рӯзе вай бемор шуда мурд. Ҷасади ӯро шуста, дар болохона гузоштанд.

[38] Шогирдон чун шуниданд, ки Петрус дар шаҳри Лудда аст, ки ба шаҳри Ёфо наздик буд, ду касро ба наздаш фиристода, хоҳиш намуданд, ки зуд ба пеши онҳо биёяд.

[39] Петрус дарҳол бо онҳо рафт. Чун расид, ӯро ба болохона бароварданд. Дар болохона бевазанон Петрусро иҳота намуда, гирякунон, ҷомаву куртаҳои дар зиндагияш дӯхтаи Ғизолро ба ӯ нишон медоданд.

[40] Лекин Петрус хоҳиш намуд, ки онҳо берун бароянд. Сипас, зону зада, дуо кард ва ба ҷасад нигариста гуфт: «Тобито, бархез!» Тобито чашмонашро кушода, Петрусро дид ва аз ҷояш хеста, нишаст.

[41] Петрус ӯро аз дасташ гирифта ба по хезонд ва имондоронро ҳамроҳи бевазанон даъват карда, ӯро зинда нишон дод.

[42] Ин воқеа дар тамоми Ёфо овоза шуд ва одамони бисёре ба Худованд Исо имон оварданд.

[43] Петрус муддате дар шаҳри Ёфо монд ва дар хонаи Шимъуни чармгар зиндагӣ кард.

Корномаи Фиристодагон — Chapters