Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 5:32

[1] Теофилуси мӯҳтарам, дар китоби якумам ба шумо дар бораи ҳама кору таълимоте, ки Исо сар кард, навишта будам,

[2] яъне то вақте ки Ӯ ба воситаи Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо ба фиристодагони интихобкардаи Худ фармон дода, ба осмон бурда шуд.

[3] Исо баъди азобу маргаш ва пеш аз он ки ба осмон бурда шавад, ба фиристодагонаш бо далелҳои зиёд исбот намуд, ки зинда шуд. Ӯ дар давоми чил рӯз назди онҳо пайдо шуда, дар бораи Подшоҳии Худо ба онҳо нақл мекард.

[4] Рӯзе, ҳангоме ки ҷамъ омада буданд, ба онҳо чунин фармуд: «Аз шаҳри Уршалим набароед, балки интизори Ҳамоне бошед, ки Худо Падар ваъда кард ва дар борааш аз Ман шунида будед.

[5] Зеро Яҳё одамонро ҳамчун рамзи шустани гуноҳҳо дар оби дарё таъмид медод, лекин шумо пас аз чанд рӯз бо Рӯҳулқудс таъмид мегиред».

[6] Вақте ки ҷамъ омаданд, аз Ӯ пурсиданд: «Худовандо, оё вақти он расидааст, ки подшоҳии халқи Исроилро барқарор намойӣ?»

[7] Исо дар ҷавоб гуфт: «Танҳо Худо Падар қудрати таъйин кардани вақту соат дорад ва донистани он ба шумо даркор нест.

[8] Аммо, вақте ки Рӯҳулқудс шуморо фаро мегирад, қувват меёбед ва аз Уршалим сар карда, дар тамоми сарзамини Яҳудия, Сомара ва ҳатто то канори дунё дар бораи Ман шаҳодат хоҳед дод».

[9] Исо ин суханро гуфта, дар пеши чашми онҳо ба осмон бурда шуд ва абре Ӯро аз назарашон пинҳон кард.

[10] Баъди нопадид шуданаш ҳам, онҳо аз осмон чашм намеканданд. Баногоҳ дар наздашон ду марди сафедпӯш пайдо шуда

[11] гуфтанд: «Эй мардони ҷалилӣ, чаро ба осмон нигоҳ мекунед? Ҳамин Исо, чунон ки дар пеши чашматон ба осмон бурда шуд, айнан ҳамон тавр бармегардад».

[12] Сипас, онҳо аз кӯҳи Зайтун ба шаҳри Уршалим баргаштанд. Масофаи байни кӯҳ ва шаҳр тақрибан як километер буд.

[13] Чун ба шаҳр расиданд, Петрус, Юҳанно, Яъқуб, Андриёс, Филиппус, Тумо, Барталмо, Матто, Яъқуби писари Ҳалфой, Шимъуни Ватандӯст ва Яҳудои писари Яъқуб ба ҷойи зисташон – ба болохона баромаданд.

[14] Онҳо ҷамъ шуда, якдилона пайваста дуо мегуфтанд. Баъзе занон, аз он ҷумла Марями модари Исо ва бародарони Ӯ низ, ҳамроҳи онҳо буданд.

[15] Он рӯзҳо Петрус ба имондорон, ки ҳамагӣ тақрибан саду бист кас буданд, гуфт:

[16] «Азизон! Дар навиштаҷот Рӯҳулқудс ба воситаи пайғамбар Довуд дар бораи Яҳудо, ки роҳнамои дастгиркунандагони Исо буд, пешгӯйӣ кардааст. Он Навишта бояд иҷро мешуд.

[17] Яҳудо ба мо ҳамроҳ буд ва дар хизмат иштирок мекард.

[18] Аммо вай ба музди бадкории худ замине харид, ки бар он афтода, шикамаш кафид ва рӯдаҳояш баромад.

[19] Ҳама мардуми Уршалим аз ин воқеа хабардор шуда, он заминро бо лафзи худ Ҳақал-Дамо номиданд, ки маънояш „замини хунин“ аст.

[20] Дар китоби Забур бошад, чунин навишта шудааст: „Бигзор манзили вай холӣ бошад ва касе дар он зиндагӣ накунад.“ Ва „мақоми роҳбарии ӯро низ дигаре ба ӯҳда гирад“.

[21] Бино бар ин, аз байни мардоне, ки бо мо буданд, шахсеро интихоб мекунем, ки Худованд Исоро дар ҳама ҷо ҳамроҳӣ кардааст,

[22] яъне аз рӯзе, ки Яҳё Исоро дар об таъмид дод, то рӯзе ки Ӯ аз назди мо боло бурда шуд. Вай бояд ҳамроҳи мо дар бораи зинда шудани Исо шаҳодат диҳад».

[23] Сипас, ду нафарро пешниҳод намуданд: Матёс ва Юсуфро, ки лақабаш Бар-Саббо буд (ӯро Юстус низ меномиданд).

[24] Ва чунин дуо карданд: «Худовандо, Яҳудо хизматашро партофта, ба ҷойи муносибаш рафт. Ҳоло ба мо нишон деҳ, ки аз ин ду нафар киро барои хизмати фиристодагӣ интихоб кардаӣ, чунки Ту дили одамизодро медонӣ».

[26] Сипас, барои он ду кас танга ҳаво дода, қуръа партофтанд. Қуръа ба номи Матёс баромад ва ӯ ба ёздаҳ фиристода ҳамроҳ шуд.

Корномаи Фиристодагон — Chapters