Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 7:04

[1] Павлус ва Сило аз шаҳрҳои Амфипулис ва Апуллуния гузашта, ба шаҳри Тасолуникӣ омаданд, ки дар он ҷо ҷамоатхонаи яҳудиён буд.

[2] Аз рӯйи одати худ, Павлус ба ҷамоатхона рафт ва се рӯзи шанбе ба яҳудиён сухан гуфт. Ӯ аз навиштаҷот

[3] далелҳо оварда, мефаҳмонд ва нишон медод, ки азоб кашидан ва сипас зинда шудани Таъйиншудаи Худо зарур буд. Павлус мегуфт: «Исое, ки ба шумо эълон мекунам, ҳамон Таъйиншудаи Худост».

[4] Оқибат баъзеи онҳо имон оварда, ба Павлусу Сило ҳамроҳ шуданд. Ҳамчунин гурӯҳи калони юнониҳои худотарс ва шумораи зиёди занони обрӯманд низ имон оварданд.

[5] Аммо баъзе яҳудиён ҳасад хӯрда, аз бозор якчанд бадкорро ҷамъ намуданд ва шаҳрро ба шӯр оварданд. Онҳо ба хонаи Ёсун зада даромада, Павлусу Силоро ҷустанд, то ки байни мардум бароранд.

[6] Аммо чун онҳоро наёфтанд, Ёсун ва чанд бародари дигарро назди сардорони шаҳр оварда, додзанон гуфтанд: «Инҳо, ки тамоми дунёро ба шӯр овардаанд, ҳоло ба ин ҷо ҳам расиданд.

[7] Ёсун бошад онҳоро қабул кардааст! Онҳо „Исо ном подшоҳи дигаре ҳаст“ гуфта, ҳама қонуни шоҳаншоҳи Румро вайрон мекунанд».

[8] Мардум ва сардорони шаҳр ин суханонро шунида ба ташвиш афтоданд.

[9] Сардорони шаҳр аз Ёсун ва дигарон гарав гирифта, онҳоро озод карданд.

[10] Худи ҳамон шаб имондорон Павлусу Силоро ба шаҳри Бирия фиристоданд. Онҳо чун расиданд, ба ҷамоатхонаи яҳудиён рафтанд.

[11] Яҳудиёни Бирия назар ба яҳудиёни Тасолуникӣ равшанфикртар буданд. Онҳо бо шавқи зиёд ба хушхабари Худованд гӯш мекарданд ва ҳар рӯз навиштаҷот хонда, месанҷиданд, ки оё аслан ҳамин тавр аст ё не.

[12] Аз ин рӯ, аксари онҳо имон оварданд ва ҳамчунин шумораи зиёди занони обрӯманди юнонӣ ва баъзе мардон низ имон оварданд.

[13] Аммо чун яҳудиёни Тасолуникӣ шуниданд, ки Павлус каломи Худоро дар шаҳри Бирия низ эълон мекунад, ба он ҷо расида омаданд ва мардумро барангехта ошӯб бардоштанд.

[14] Имондорон дарҳол Павлусро ба лаби баҳр фиристоданд, лекин Сило ва Тимотиюс дар Бирия монданд.

[15] Ҳамроҳони Павлус бо ӯ то шаҳри Атино рафтанд. Сипас, баргашта фармони Павлусро расонданд, ки Силову Тимотиюс ҳарчи зудтар ба назди ӯ раванд.

[16] Павлус дар интизори Силову Тимотиюс шаҳри Атиноро тамошо кард ва онро пур аз бутҳо дида, рӯҳан хеле нороҳат шуд.

[17] Аз ин рӯ, ӯ дар ҷамоатхона бо яҳудиёну юнониҳои худотарс ва ҳар рӯз дар бозор бо одамони гуногун вохӯрда суҳбат мекард.

[18] Баъзе аз файласуфони мактаби эпикурӣ ва равоқӣ бо Павлус баҳс намуда гуфтанд: «Ин лаққӣ чӣ гуфтан мехоҳад?» Дигарон ҷавоб доданд: «Чунин метобад, ки вай дар бораи худоёни бегона сухан меронад». Зеро ӯ дар бораи Исо ва зиндашавии мурдагон хушхабар мерасонд.

[19] Оқибат онҳо Павлусро ба Арюпог ном маҷлисгоҳе оварда гуфтанд: «Ба мо гӯй, ки ин таълимоти нав дар бораи чист?

[20] Чизҳои аҷоиб мегӯйӣ, мехоҳем донем, ки онҳо чӣ маъно доранд».

[21] (Барои ҳамаи атиноиҳо ва хориҷиҳое, ки дар шаҳр зиндагӣ мекарданд, коре беҳтар аз шунидан ва гуфтани хабари нав набуд).

[22] Павлус дар мобайни маҷлисгоҳи Арюпог истода, гуфт: «Мардони Атино! Мебинам, ки шумо аз ҳар ҷиҳат хеле диндор будаед.

[23] Ман гаштугузор намуда, муқаддасоти шуморо аз наздик дидам. Дар як қурбонгоҳатон чунин хондам: „Ба Худои ношинос“. Ман дар бораи ана ҳамон Худо, ки шумо нашинохта мепарастед, хабар медиҳам.

[24] Худое, ки дунё ва тамоми чизҳои дар он бударо офаридааст, Худованди замину осмон аст. Ӯ дар маъбадҳое, ки бо дастони одамизод сохта шудаанд, зиндагӣ намекунад.

[25] Худо ба ягон чизе, ки дастони одамизод фароҳам оварда тавонад, муҳтоҷ нест, чунки Худаш ба ҳама зиндагӣ, нафас ва ҳар чизи дигарро мебахшад.

[26] Ӯ аз як одам ҳамаи халқҳоро ба вуҷуд овард, то ки дар тамоми замин сокин шаванд. Ба онҳо вақт ва ҷойи зиндагӣ муайян намуд,

[27] то ки даст-дасткунон Худоро ҷӯянд ва эҳтимол пайдо кунанд. Лекин ба ҳар ҳол Худо аз ҳар яки мо дур нест.

[28] Охир Ӯ сарчашмаи зиндагиву ҳаракат ва ҳастии мост. Чунон ки баъзе аз шоирони шумо низ гуфтаанд: „Мо фарзандони Ӯ ҳастем“.

[29] Пас, агар фарзандони Худо бошем, набояд фикр кунем, ки Ӯ монанди чизе аз тилло, нуқра ва ё санг аст, ки бо ақлу ҳунари одамӣ сохта мешавад.

[30] Инак, Худо замони нодониро сарфи назар намуда, ҳоло дар ҳама ҷо ба ҳама одамон мефармояд, ки тавба кунанд.

[31] Зеро Худо аллакай рӯзеро муайян намудааст, ки ба воситаи Марди таъйинкардааш дунёро аз рӯйи инсоф доварӣ мекунад ва барои исботи ин Ӯро зинда кард».

[32] Баъзе аз ҳозирон дар бораи зиндашавии мурдагон шунида, масхаракунон хандиданд. Вале дигарон гуфтанд: «Дар ин бора рӯзи дигар туро гӯш мекунем».

[33] Ҳамин тавр, Павлус аз маҷлисгоҳ баромад.

[34] Якчанд кас ба ӯ ҳамроҳ шуда, имон оварданд. Дар байни онҳо Диёнисиюси узви Маҷлиси арюпогӣ, Домарис ном зан ва якчанд каси дигар буданд.

Корномаи Фиристодагон — Chapters