Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 8:47

[1] Дар рӯзи иди Ҳосилот пайравони Исои Масеҳ дар хонае ҷамъ омада буданд.

[2] Баногоҳ аз осмон мисли шувваси шамоли сахт садое омада, тамоми хонаро, ки дар он нишаста буданд, пур кард.

[3] Сипас, онҳо диданд, ки чизе ба монанди шӯълачаҳои оташ ҷудо-ҷудо бар ҳар яки онҳо фуруд омад.

[4] Рӯҳулқудс онҳоро фаро гирифт ва онҳо бо забонҳои гуногун гап заданро сар карданд. Ин қобилиятро Рӯҳулқудс ба онҳо мебахшид.

[5] Он вақтҳо дар Уршалим яҳудиёни худотарс истиқомат доштанд, ки аз кишварҳои гуногун омада буданд.

[6] Онҳо тӯда шуда сӯйи садои баланд наздик омаданд ва ҳар яке суханони шогирдонро бо забони модарии худ шунида, хеле ба ҳаяҷон омаданд

[7] ва ҳайрон шуда гуфтанд: «Оё ин одамон аз вилояти Ҷалил нестанд?

[8] Пас, чӣ тавр ҳар яки мо мешунавем, ки онҳо бо забони модариамон сухан меронанд?

[9] Бинед, мо портиён, модиён, эломиён, мардуми Байнаннаҳрайн, Яҳудия, Каппадукия, Понтус, вилояти Осиё,

[10] Фриҷия, Памфилия ва Миср ҳастем, вале сухани онҳоро ҳамчун забони худ мефаҳмем. Ҳамчунин аз Либия (ин дар наздикии Қайравон аст), Криту Арабистон ва меҳмонони румӣ,

[11] яҳудиёну онҳое, ки дини яҳудиро қабул кардаанд, мебошем. Пас, чӣ тавр мо мешунавем, ки ҳар яки онҳо бо забони модарии мо дар бораи корҳои бузурги Худо шаҳодат медиҳанд?»

[12] Онҳо ҳама ҳайрону гаранг шуда, аз ҳамдигар мепурсиданд: «Ин чӣ маъно дошта бошад?»

[13] Вале баъзеи дигар масхаракунон мегуфтанд: «Инҳо майи тоза нӯшида, маст шудаанд».

[14] Он гоҳ Петрус ва ёздаҳ фиристодаи дигар аз ҷой бархостанд ва Петрус бо овози баланд ба мардум гуфт: «Мардуми Яҳудия ва сокинони Уршалим! Ба сухани ман диққат диҳед.

[15] Гумон накунед, ки инҳо маст ҳастанд. Охир, соат нуҳи саҳар аст-ку?!

[16] Баръакс, он чи мебинед, иҷро шудани пешгӯйии пайғамбар Юил аст, ки гуфтааст:

[17] „Дар рӯзҳои охир, – мегӯяд Худо, – Рӯҳи Худро бар ҳама одамон хоҳам рехт ва писарону духтарони шумо пайғамбарӣ хоҳанд кард. Ба ҷавонмардони шумо чизҳои рӯҳонӣ аён хоҳад шуд ва пиронатон хобҳо хоҳанд дид.

[18] Бар ҳамаи ғуломону канизонам Рӯҳамро хоҳам рехт ва онҳо пайғамбарӣ хоҳанд кард.

[19] Аз боло дар осмон муъҷизаҳо ва аз пойин дар замин аломатҳо, яъне хун, оташ ва дуд нишон хоҳам дод.

[20] Пеш аз он ки рӯзи бузургу пурҷалоли Худованд бирасад, Офтоб ба торикӣ ва моҳ ба ранги хун табдил меёбад.

[21] Он гоҳ, ҳар касе ки номи Худовандро ба забон гирифта фарёд кунад, наҷот хоҳад ёфт“.

[22] Мардони Исроил, гӯш кунед! Исои Носирӣ Мардест, ки ба воситаи Ӯ Худо дар байни шумо корҳои бузург кард ва муъҷизаву аломатҳо нишон дод. Ин ҳама исбот мекунад, ки Исои Носирӣ аз ҷониби Худо омадааст, чунон ки худатон низ медонед.

[23] Ӯ мувофиқи нақшаву пешбинии Худо ба дастатон таслим карда шуд. Шумо Ӯро бо дастони ҷинояткорон мехкӯб намуда куштед.

[24] Аммо марг Ӯро боздошта натавонист, чунки Худо Ӯро аз ранҷу азоби марг халос намуда, зинда кард.

[25] Шоҳ Довуд низ дар бораи Исои Масеҳ чунин гуфтааст: „Худовандро ҳамеша дар наздам мебинам. Ӯ аз тарафи дасти ростам меистад, то ки устувор бошам.

[26] Аз ин сабаб дилам шод ва забонам хуш аст. Ҷисмам низ бо умед хоҳад зист.

[27] Зеро Ту намегузорӣ, ки ҷонам дар олами мурдагон бимонад ва Марди Поки Ту дар гӯр бипӯсад.

[28] Ту ба ман роҳҳои ҳаётро нишон додаӣ ва дар ҳузурат маро аз хурсандӣ пур хоҳӣ кард“.

[29] Бародарон! Рӯйирост ба шумо мегӯям: падаркалони мо Довуд аз олам чашм пӯшид ва ба хок гузошта шуд. Қабрашро ҳам то имрӯз мебинем.

[30] Азбаски Довуд пайғамбар буд, ӯ медонист, ки Худо қасам хӯрда ваъда додааст, ки тахташро ба насли ӯ медиҳад.

[31] Шоҳ Довуд ояндаро дида, фаҳмид, ки Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо зинда мешавад. Бинобар ин, Довуд мегӯяд, ки Худо Ӯро дар олами мурдагон нагузошт ва намонд, ки ҷисми Ӯ дар гӯр бипӯсад.

[32] Ҳамин Исоро Худо зинда кард, ки ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем.

[33] Сипас, Ӯ ба осмон бурда шуда, ба ҷойи беҳтарин, яъне аз тарафи дасти рости Худо Падар шинонда шуд ва аз Ӯ Рӯҳулқудси ваъдашударо гирифта, бар мо рехт, чунон ки ҳоло худатон ҳам мебинеду ҳам мешунавед.

[34] Шоҳ Довуд худаш ба осмон набаромадааст, аммо чунин мегӯяд: „Худованд ба Худованди ман гуфт: «То даме ки душманонатро зери пойҳоят нагузорам, аз дасти ростам бишин»“.

[36] Петрус суханашро давом дода гуфт: «Пас, бигзор тамоми халқи Исроил аниқ бидонад, ки Худо ҳамин Исоро, ки шумо мехкӯб кардед, Худованд ва Масеҳ кардааст».

[37] Инро шунида дили одамон хеле ғамгин шуд ва онҳо аз Петрус ва фиристодагони дигар пурсиданд: «Бародарон, акнун мо чӣ кор кунем?»

[38] Дар ҷавоб Петрус гуфт: «Барои бахшида шудани гуноҳҳоятон ҳар яки шумо тавба карда, ҳамчун пайрави Исои Масеҳ таъмид гиред ва атои Рӯҳулқудсро хоҳед гирифт.

[39] Зеро Рӯҳулқудс ба шумову наслҳоятон ва ба онҳое, ки дур ҳастанд, яъне ба ҳамаи онон, ки аз ҷониби Худованд Худои мо даъват мешаванд, ваъда шудааст».

[40] Ҳамин тавр Петрус бо суханони зиёд насиҳаткунон гуфт: «Худро аз ҷазое, ки ба сари ин насли пургуноҳ меояд, наҷот диҳед!»

[41] Онҳое, ки сухани Петрусро қабул карданд, таъмид гирифтанд. Он рӯз шумораи ҳамроҳшудагон тақрибан се ҳазор кас буд.

[42] Онҳо аз фиристодагон пайваста таълим мегирифтанд ва дар ягонагии бародарона зиндагӣ карда, барои дуову шикастани нон ҷамъ мешуданд.

[43] Азбаски ба воситаи фиристодагон аломату муъҷизаҳои бисёр нишон дода мешуд, ҳама ба тарсу ваҳм афтода буданд.

[44] Ҳама имондорон якҷоя ҷамъ мешуданд ва ҳар чизро бо ҳам тақсим мекарданд,

[45] яъне дороӣ ва чизҳои худро фурӯхта, ба онҳое, ки муҳтоҷ буданд, кӯмак мекарданд.

[46] Ҳар рӯз онҳо якдилона дар маъбади Худо ҷамъ мешуданд. Хона ба хонаи ҳамдигар гашта, нон шикаста, аз таҳти дил шодикунон бо ҳам хӯрок мехӯрданд.

[47] Ҳамин тавр онҳо Худоро ситоиш мекарданд ва писанди ҳама мардум буданд. Худованд бошад, ҳар рӯз онҳоеро, ки наҷот меёфтанд, ба гурӯҳи онҳо илова мекард.

Корномаи Фиристодагон — Chapters