[1] Вой ба ҳоли ман! Зеро ки мисли анҷоми ғунучини меваҳои тобистон, мисли чидани шингилҳои охирини ангур гардидаам: на шингиле барои хӯрдан ҳаст, на навбари анҷир, ки ҷонам иштиёқманди он аст.
[2] Порсо аз замин талаф шудааст, ва росткоре дар миёни одамон нест; ҳама барои хунрезӣ камин мегиранд, якдигарро ба дом медароранд.
[3] Ҳар ду дасташонро ба бадӣ кардан нағз одат кунонидаанд: сарвар ришва металабад, ва довар ба бадали музд амал мекунад, ва шахси олиҷоҳ иштиёқи нафси худро баён менамояд, ва ҳама каҷкорӣ мекунанд.
[4] Беҳтарини онҳо мисли хор нешдор аст, росткори онҳо аз хорбаст бадтар; рӯзи дидбонони ту, яъне ҷазои ту фаро мерасад; акнун изтироби онҳо пурзӯр хоҳад шуд.
[5] Ба ёр имон наоваред, ба дӯст таваккал накунед; дари даҳонатро аз ҳамхобаи худ нигоҳдорӣ намо.
[6] Зеро ки писар падарро таҳқир мекунад, духтар ба зидди модари худ, келин ба зидди модаршӯи худ қиём менамояд: душманони шахс аҳли байти ӯ мебошанд.
[7] Вале ман ба Худованд интизорӣ мекашам, ба Худои наҷоти худ таваккал мекунам: Худои ман маро иҷобат хоҳад намуд.
[8] Ба аҳволи ман шодӣ накун, эй душмани ман! Зеро, агарчи фурӯ ғалтидаам, хоҳам бархост; зеро, агарчи дар торикӣ нишастаам, Худованд нур аст барои ман.
[9] Ғазаби Худовандро хоҳам бардошт, зеро ки пеши Ӯ гуноҳ кардаам; то даме ки Ӯ доди маро бигирад ва доварии маро ба амал оварад, маро ба рӯшноӣ хоҳад баровард, ва ман адолати Ӯро хоҳам дид.
[10] Ва душманам инро хоҳад дид, ва ӯро хиҷолат фаро хоҳад гирифт, ки ӯ ба ман мегӯяд: «Худованд Худои ту куҷост?» Чашмони ман ӯро хоҳад дид, вақте ки ӯ мисли лои кӯчаҳо поймол гардад.
[11] Рӯзи бино кардани деворҳоят, — он рӯз ҳанӯз бағоят дур аст.
[12] Дар он рӯз аз Ашшур ва аз шаҳрҳои Миср, ва аз Миср то наҳри Фурот, ва аз баҳр то баҳр, ва аз кӯҳ то кӯҳ назди ту хоҳанд омад.
[13] Ва он замин бо сокинонаш, дар натиҷаи аъмолашон, ба харобазор табдил хоҳад ёфт.
[14] Қавми Худро бо асои Худ чӯпонӣ намо, яъне гӯсфандони мероси Худро, ки дар ҷангале андаруни Кармил ба танҳоӣ сокин мебошанд; бигзор онҳо мисли айёми қадим дар Бошон ва Ҷилъод бичаранд.
[15] «Мисли айёме ки аз Миср берун омадӣ, корҳои аҷоибе ба вай нишон хоҳам дод».
[16] Халқҳо инро дида, аз тамоми тавоноии худ хиҷил хоҳанд шуд; даст бар даҳон хоҳанд гузошт, ва гӯшҳошон кар хоҳад шуд;
[17] Мисли мор хокро хоҳанд лесид, мисли хазандагони замин аз истеҳкомоти худ бо ларза берун хоҳанд омад; сӯи Худованд Худои мо бо ҳарос хоҳанд омад, ва аз Ту хоҳанд тарсид.
[18] Кист Худое мисли Ту, ки гуноҳро омурзад ва аз ҷинояти бақияи мероси Худ гузароӣ кунад? Ӯ ғазаби Худро то абад нигоҳ намедорад, зеро ки марҳаматро дӯст медорад.
[19] Ӯ боз ба мо раҳм хоҳад кард, маъсиятҳои моро поймол хоҳад намуд. Ва Ту ҳамаи гуноҳҳои моро дар қаъри баҳр хоҳӣ андохт;
[20] Садоқатро ба Яъқуб, ва марҳаматро ба Иброҳим зоҳир хоҳӣ намуд, чунон ки аз айёми қадим ба падарони мо қасам хӯрдаӣ.