[1] Ваҳй дар бораи Нинве; китоби рӯъёи Наҳуми алкӯшӣ.
[2] Худованд Худои ғаюр ва интиқомгир аст; Худованд интиқомгир ва пурхашм аст; Худованд аз адуёнаш интиқом мегирад, ва хашми Худро барои душманонаш нигоҳ медорад.
[3] Худованд пурсабр ва бузургқувват аст, ва беҷазо намегузорад; роҳи Худованд дар тундбод ва тӯфон аст, ва абрҳо ғубори пои Ӯст.
[4] Бар баҳр итоб менамояд, ва онро хушк мекунад, ва ҳамаи наҳрҳоро хушконидааст; Бошон ва Кармил пажмурда гаштааст, ва гули Лубнон пажмурда гаштааст.
[5] Кӯҳҳо аз Ӯ ба ларза омадааст, ва пуштаҳо гудохта шудааст; ва замин аз ҳузури Ӯ ҷунбиш кардааст, ва ҷаҳон ва ҳамаи сокинони он низ.
[6] Пеши ғазаби Ӯ кист, ки тавонад истодагӣ кунад? Ва кист, ки ба хашми Ӯ тавонад тоб оварад? Қаҳри Ӯ мисли оташ забона мезанад, ва сахраҳо аз шиддати он пора‐пора мешавад.
[7] Худованд некӯст — дар рӯзи мусибат паноҳгоҳи мустаҳкам аст, ва паноҳбарони Худро мешиносад.
[8] Ва бо селоби шадиде Ӯ макони онро тамоман ба ҳалокат хоҳад расонид, ва торикӣ душманони Ӯро таъқиб хоҳад кард.
[9] Дар бораи Худованд шумо чӣ андеша доред? Ӯ тамоман ба ҳалокат хоҳад расонид, ва мусибат бори дигар ба миён нахоҳад омад.
[10] Зеро, азбаски мисли хорҳо ба ҳам печидаанд ва мисли майзадагон масту мадҳуш шудаанд, онҳо мисли коҳи хушк комилан хоҳанд сӯхт.
[11] Машваратчии шарире ки дар бораи Худованд андешаи бад дорад, аз ту берун омадааст.
[12] Худованд чунин мегӯяд: «Ҳарчанд онҳо пурзӯр ва сершумор бошанд ҳам, вале шикаст хӯрда, аз назар ғоиб хоҳанд шуд; ва туро, эй Яҳудо, ки ба азият дучор намудаам, дигар азият нахоҳам дод.
[13] Ва алҳол юғи варо аз гардани ту хоҳам шикаст, ва бандҳои туро хоҳам барканд».
[14] Ва дар бораи ту Худованд амр фармудааст: «Насле бо номи ту дигар нахоҳад буд; аз хонаи худоёнат санам ва бутро маҳв хоҳам кард, қабри туро дар он ҷо хоҳам сохт, зеро ки ту разил будӣ».
[15] Инак, бар кӯҳҳо пойҳои башоратдиҳандае ки аз сулҳу осоиштагӣ хабар медиҳад: идҳои худро, эй Яҳудо, ид намо, назрҳои худро ба ҷо биёр, зеро ки шарир дигар аз ту қадамгузор нахоҳад шуд: вай саросар маҳв гардидааст.