[1] Каломи Худованд, ки бар Микои мӯраштӣ дар айёми Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, нозил шуд, ва ӯ онро дар бораи Сомария ва Ерусалим дар рӯъё дид.
[2] Бишнавед, эй ҳамаи қавмҳо, гӯш андоз, эй замин ва ҳар чи дар он аст! Ва Худованд Худо ба муқобили шумо шоҳид бошад, яъне Худованд аз қасри қудси Худ!
[3] Зеро инак, Худованд аз макони Худ берун меояд, ва фурӯд омада, бар баландиҳои замин қадамгузор мешавад.
[4] Ва кӯҳҳо дар таҳти Ӯ гудохта мешавад, ва водиҳо мекафад, мисли мум пеши оташ, мисли обе ки ба нишебӣ мерезад.
[5] Ҳамаи ин аз боиси ҷинояти Яъқуб аст, ва аз боиси гуноҳҳои хонадони Исроил. Кист сабабгори ҷинояти Яъқуб? Оё Сомария нест? Ва кист маркази бутпарастӣ дар Яҳудо? Оё Ерусалим нест?
[6] Ва Сомарияро ба харобазори саҳро, ба макони токшинонӣ табдил хоҳам дод; ва сангҳои онро ба дара андохта, таҳкурсиҳои онро намоён хоҳам кард.
[7] Ва ҳамаи санамҳои он пора‐пора хоҳад шуд, ва ҳамаи муздҳои зинои он ба оташ хоҳад сӯхт; ва ҳамаи бутҳои онро валангор хоҳам кард, зеро ки онҳоро аз музди зино ҷамъ овардааст, ва онҳо ба музди зино хоҳад баргашт.
[8] Дар ин бора навҳаю вовайло хоҳам кард, маҷнунвор ва урьён роҳ хоҳам рафт, мисли шағолҳо нула хоҳам кашид, ва мисли шутурмурғҳо оҳу воҳ хоҳам кард.
[9] Зеро ки шикасти он илоҷнопазир аст, чунки то Яҳудо омада, ба дарвозаи қавми ман, ба Ерусалим расидааст.
[10] Дар Ҷат хабар надиҳед, сахт гирья накунед; дар хонаи Афра худро ба хок биғелон.
[11] Бо аврати бараҳна гузар кун, эй сокинаи Шофир; сокинаи Саанон берун намеояд; дар Байт‐Эсел навҳагарист; барои ӯрду заданаш аз шумо макон мегирад.
[12] Зеро ки сокинаи Морут аз барои дороии худ дар андӯҳ меафтад, чунки мусибате аз ҷониби Худованд ба дарвозаи Ерусалим фурӯд омадааст.
[13] Аспи давандро ба ароба бибанд, эй сокинаи Локиш; вай ибтидои гуноҳи духтари Сион буд, зеро ки ҷиноятҳои Исроил дар ту ёфт шудааст.
[14] Бинобар ин ту ҷиҳозе ба Мӯрашти Ҷат хоҳӣ дод; хонаҳои Акзиб чашмаи яъсовар барои подшоҳони Исроил хоҳад буд.
[15] Боз ворисе назди ту хоҳам овард, эй сокинаи Морешо; ҷалоли Исроил то Адулом хоҳад омад.
[16] Барои писарони нозпарварди худ мӯи саратро битарош ва бикан; бемӯии саратро мисли уқоб васеътар бикун, чунки онҳо аз пеши ту ба асирӣ хоҳанд рафт.